Имрӯз яке аз масъалаҳои ҷиддие, ки ҷомеаи ҷаҳонро сахт нигарон кардааст – ин мушкилоти пайвастшавии ҷавонон ба ташкилоту ҳаракатҳои хатарзои террористиву экстремистӣ мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки тамоюли шомилшавии ҷавонон ба чунин ташкилоту ҳаракатҳои хатарзо бештар дар кишварҳои дида мешавад, ки сатҳи мазҳабгароӣ ва хурофоту таассуби баланди динӣ доранд. Кадегорияи асосие, ки тамоюл ба ақида ва мавқеи он гурӯҳҳоро ҷонибдорӣ менамоянд, ҷавонони камсаводу аз сиёсат дурмонда, муҳоҷирони меҳантӣ, ҷавонони дорои мушкилотҳои иҷтимоӣ, ҷавонони бекор, шахсони аз оилаҳои маҳкумшудагон бо гуноҳи тероризму экстремизм мебошанд. Механизми асосии ҷалби ҷавонон ба ташкилоту ҳаракатҳои хатарзо пеш аз ҳама шабакаҳои иҷтимоӣ аст.
Бе шубҳа дар шароити торафт мураккабшудаистодаи ҷаҳони имрӯз таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ дар шаклгирии афкори ҷомеа, хусусан ҷавонон рӯз ба рӯз тақвият ёфта истодааст. Ин воқеъият кори ташкилотҳои террористию экстремистиро ҷиҳати тарғибу ташвиқи идеологияи ифротии худ ва таъсири манфӣ расонидан ба мафкураи ҷавонон осон кардааст. Онҳо роҳу воситаҳои гунонуни муборизавиро рўи кор гирифтаанд ва зуд зуд вобаста ба тақозои ҷомеа шакли муборизаро тағйир медиҳанд.
Терроризму экстремизм албатта падидаи нав нест, аммо солҳои охир ба омили асосии хушунату ваҳшат ва таҳдид ба амнияти ҳар як кишвар ва сокинони сайёра табдил ёфтааст. Ин воқеъият аз кишварҳои ҷаҳон тақозо мекунад, ки аз механизмҳои муосир истифода намуда, муборизаи дастаҷамъонаро бо ин зуҳуроти номатлуб тақвият бахшанд.
Мутаассифона, терроризму экстремизм дар замони мо хусусияти мазҳабӣ касб карда, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳои динӣ кӯшиш карда истодаанд, ки мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто бо усулҳои ғайриинсонӣ ба амал оварда, кишварҳои ободу пешрафтаро ба харобазор табдил диҳанд.
Аслан имрӯз дар ҷомеаи ҷаҳон қурбони терроризм ҷавонон мешаванд. Чун василаи расидан ба ҳадафҳои ташкилотҳои террористӣ ин ҷавонони ноогаҳанд. Онҳоро бо роҳҳои идеологӣ мағзшӯи намуда, ба гурӯҳҳои террористии худ шомил мекунанд, сипас, онҳоро барои инфиҷору таркишҳо ва баромад кардан зидди сиёсати давлатҳо равона мекунанд.
Ташкилотҳои террористӣ-экстримистӣ барои ба ҳадафҳои худ расидан аксаран аз эътиқоди динии мардуми мусалмон суистифода бурда, онҳоро зери таъсири ақидаҳои ифротии худ қарор дода, бовар мекунонанд, ки сиёсати давлатҳо бар зидди ақидаҳои динии онҳост. Гурӯҳҳои ифротӣ тавре кор мегиранд, ки ҷавонон гузаштаи худро фаромӯш мекунанд ва барояшон арзишҳои инсонӣ – ҳамзистӣ, эҳтироми падару модар, муҳаббат доштан ба Ватан, дӯстию меҳрубонӣ, сулҳу ваҳдат аз байн меравад.
Ҳизбу ҳаракатҳо ва ташкилотҳои террористиву экстремистӣ мехоҳанд ҷаҳон мувофиқи хости онҳо шакл бигирад. Чунин ҷараёнҳои хатарзо ба худ хусусияти марзнописандӣ касб карда, кулли давлатҳои сайёраро, хусусан кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шахнхай ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро водор месозад, ки ҷиҳати пешгирии ҷалби ҷавонон ва кам кардани зарари он андеша намоянд.
Тибқи баъзе маълумотҳои оморӣ айни замон дар ҷаҳон беш аз 500 ташкилоти террористию экстремистӣ арзи ҳастӣ доранд. Мутаассифона, ин мушкилро ҷомеаи ҷаҳонӣ худаш эҷод кардааст. Маҳз стандартҳои дугонаву духурагиҳо дар сиёсати ҷаҳонӣ ба ин боис гардидаанд. Аз ҷумла, баъзе кишварҳо террористоне, ки дасташон ба хуни садҳо одамон олудааст бо баҳонаи демократия ва ё ҳуқуқи инсон ба онҳо паноҳгоҳ медиҳанд, ё онҳоро бо яроқу аслиҳа таъмин мекунанд. Ё ин ки бо баҳонаи ҷорӣ кардани демократия ва ё ҳифзи ҳуқуқи ақалиятҳо кишварҳои ободу зеборо ба харобазор ва лонаи террористон табдил медиҳанд.
Аслан сарчашмаи асосии ба майдонҳои ҷангу ҷидол кашонидани ҷавонон аз суи ташкилотҳои терррористиву экстремистӣ – ин корпоратсиҳои бузурги истеҳсолкунандаи яроқу аслиҳа мебошанд. Чунин корпоратсияҳо ҳар сол ба маблағи миллиардҳо доллар яроқу аслиҳа истеҳсол мекунанд. Барои истифодаи онҳо майдонҳои ҷанг лозим аст. Маҳз чунин корпаратсия бо истифода аз ҳасосияти динию мазҳабӣ, мушкилотҳои иҷтимоиву сиёсии кишварҳо ва муқобили ҳам гузоштани ақидаҳо дар байни ҷомеа инқилобҳои ранга, ҷангҳои мазҳабӣ ва ё ташкилотҳои террористиро ташкил ва маблағгузорӣ мекунанд. Ҳар чи қадар ҷанг тулонитар давом кард ҳамон қадар яроқу аслиаҳи онҳо зиёд ба фурӯш мераванд.
Ҳатто баъзе аз доираҳои манфиатдор кӯшиш мекунанд ба ифлостарин корҳо, то андозае, ки афкори умум бардошт дорад, ин ҳаддафашонро либоси мусбӣ пӯшонанд ва ё андешаи мардумро ба мавҷудияти ногузири онҳо мутобиқ созанд. Масалан, дар сиёсати байналмиллалӣ ибораҳое пайдо шудаанд ба монанди “гурӯҳҳои мусаллаҳи муътадил”, “мухолифони муътадил” ва ғайра.
Чизи дигаре, ки дар технологияи ташкили инқилобҳои ранга маъмул шудааст, ин ба симои террористону ифротгароён ва паҳнкунандагони ақидаҳои ифротӣ бо назардошти манфиатҳои геополитикӣ пӯшонидани ниқобҳое аз қабилӣ “Гурӯҳи озодихоҳ”, “Пешвои дин”, “Сиёсатмадори маъруф”, “Коршиносӣ мустақил” ва ғайра мебошад, ки мақсад аз он нишон додани пуштибонии доираҳои муайяни сиёсӣ аз амалу рафтори онҳо бо мақсади дилгарм карданашон аст.
Омилҳои мусоидаткунанда ба терроризму экстремизм агар аз як тараф дар бархурди манфиатҳои абарқудратҳо бошад, аз ҷониби дигар дар осебпазир будани афкори ҷомеа ва масъалаҳои иҷтимоӣ нуҳуфтааст. Дар ин росто метавон аз чунин омилҳо ном бурд:
- Надоштани донишу фаҳмишҳои кофии илмӣ ва ҷаҳонбинии фарогир;
- Бетарафии аҳли ҷомеа нисбати зуҳури аввалин нишонаҳои ифротӣ шудани ҷавонон.
- Надоштани ҷавонон ҷойи кори доимӣ;
- Таассуби динӣ (фанатизм). Аз суи уламои дин аз ҳад зиёд тарғибу ташвиқ шудани фаъолиятҳои пешвоёни дин, ки ҷавононро ба расонидааст.
- ҳисси маъюсӣ, нобоварӣ, парешонӣ аз зиндагӣ ва ғайраҳо
- Ҳавову ҳавас. Маълум аст, ки яке аз ҷанбаҳои ҳавасмандсозӣ ба ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои террористӣ ин ваъдаи пулу сарват ва тафреҳу саргармист. Ин ва дигар омилҳои шабеҳ аз усулҳое ҳастанд, ки ҷавононро ба гурӯҳҳои ифротӣ ҷалб намуда, ба механизми қатлу куштор ва даҳшатафканӣ табдил медиҳанд;
Чунон, ки дар боло қайд кардам қурбонии терроризим дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон мебошанд. Аз ин рӯ, кишварҳоро мебояд дар татдбиқи сиёсати давлатии ҷавонон аз роҳу усулҳои муосир корбарӣ бикунанд, сатҳи маънавиёти ҷомеаро боло бибаранд, сабабу авомили пайдоиши терроризмро биёмӯзанд ва дар якҷоягӣ муборизаи тастаҷамъонаро амалӣ намоянд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз гардад.
Судяи Суди иқтисодии вилояти Хатлон
Саъдуллозода С.Т.