Нишасти матбуотии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 07 августи соли 2023 дар толори маҷлисгоҳи Суди Олии иқтисодӣ бобати таъмини иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон №АП-1677 аз 04 марти соли 2005 ва Нақшаи тасдиқ намудаи Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 июли соли 2023 оид ба ҷамъбасти фаъолияти судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи якуми соли 2023 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.

Дар кори он роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ, намояндагони матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.

Нахуст доир ба фаъолияти судҳои иқтисодӣ дар нимсолаи якуми соли 2023 маълумоти мухтасар манзур гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки  нимсолаи аввали соли равон дар судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ 1592 (1803) адад парвандаҳои иқтисодӣ баррасӣ гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 211 адад кам мебошад. Аз ҷумла, бо баровардани ҳалнома 810 (857) парванда, истеҳсолот доир ба 69 (73) парванда қать карда шуда, 144 (72) аризаҳо бебаррасӣ мононда шудааст. Қабули 7 (7) ариза рад карда шуда, 1 (1) парванда аз рӯи тобеият ва 255 (474) арзу дархостҳо бинобар ба талаботи қонунгузории мурофиавӣ ҷавобгӯй набуданашон баргардонида шудаанд. Дар суди марҳилаи кассатсионӣ 150 (166), дар суди марҳилаи назоратӣ 149 (153) ва дар Раёсати Суди Олии  иқтисодӣ 7 парванда баррасӣ шудааст.

Ҳамчунин дар ин давра, зимни муроҷиат бо аризаҳои даъвогӣ (аризаҳо) ба судҳои иқтисодӣ 1 153 617,09 (1 810 070) сомонӣ боҷи давлатӣ пардохт шудааст.

Доир ба рӯёнидани маблағҳои зарар ва қарзҳои бонкӣ ба маблағи умумии 96 557 834,84 (394 854 668) сомонӣ талабот арз гардида, ба маблағи 70 765 879,58 (380 218 730) сомонӣ қонеъ ва ҳамзамон ба маблағи 1 423 411,18 (7 567 727) сомонӣ боҷи давлатӣ рӯёнида шудааст. Барои таъмини иҷрои маблағҳои мазкур бо тартиби муқарраргардида варақаи иҷро дода шудааст.

Scroll to Top