Мусобиқаи бузкашӣ

Дар Ҷамоати деҳоти Турсун Улҷабоеви ноҳияи Спитамен мусобиқаи бузкашӣ доир гардид. Дар маросими ифтитоҳ ва ҷамъбасти ин озмун намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Р.П. иштирок намуданд. Ҳадаф аз ин иқдом ҳифзи анъанаҳои миллӣ ва тағиби варзиш унвон мешавад. Ғолибон бо тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз шуданд.

Scroll to Top