Мизи мудаввар таҳти унвони «Паёми давраи рушд»

Санаи 21 январи соли 2026 дар доираи нақшаи
чорабиниҳои Суди иқтисодии вилояти Хатлон дар бинои Суди иқтисодии вилояти
Хатлон мизи мудаввар таҳти унвони «Паёми давраи рушд» ташкил ва баргузор карда
шуд. Дар ҳамоиш и
љрокунандаи вазифаи раиси суд, судяҳо ва
кормандони дастгоҳи Суди иқтисодии вилояти Хатлон иштирок намуданд.

Маҷлисро иљрокунандаи вазифаи Раиси Суди иқтисодӣ вилояти Хатлон
муҳтарам
Ќурбониён Б.С, бо сухани ифтитоҳи оғоз намуда,
қайд намуданд, ки Президенти мамлакат Пешвои муаззами миллат Паёми навбатии
худро дар бораи вазъи кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод
намуда, дастовардҳои мардуми тоҷикро дар сиёсати дохиливу хориҷӣ таҳлил ва
самтҳои асосии мамлакатамонро барои давраҳои минбаъда муайян намуданд.

И.в Раиси суд муҳтарам Ќурбониён Б.С. қайд намуданд, ки Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ аз ҳама нуқтаи
муҳимро нисбати фаъолияти Ҳукумат кишвар вазорату кумита, сохторҳои низомию
қудратӣ ва ба мардуми шарифи кишвар чунин таъкид ва вазифагузорӣ карданд: «Ҳамаи
мо вазифадорем, ки дар шароити ниҳоят ҳасос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони
имрӯза ва афзоиши таҳдиду хатараҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва
амнияти ҷомеаи башарӣ беш аз ҳарвақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду
сарҷамъ бошем» Дар идома, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди иқтисодии вилояти
Хатлон низ андешаҳои судманд ироа дошта, дар заминаи Паёми навбатии Пешвои
миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар табодули афкор намуданд.

Scroll to Top