Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ ба судяҳои судҳои иқтисодӣ

03 сентябри соли 2025 дар бинои Суди Олии иқтисодӣ бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ализода Зариф, роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ ба муносибати 34 – солагии Рӯзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи “Судҳои иқтисодӣ самараи истиқлоли давлатӣ” мизи мудаввар баргузор гардид.
Сухани ифтитоҳиро Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Абдуллозода Зебонисо Файзулло оғоз карда, ҳозиринро ба ифтихори ҷашни бузурги миллӣ – 34 – солагии истиқлоли давлатии Тоҷикистони маҳбубамон самимона табрик гуфта, ба мардуми сарбаланди Ҷумҳурии Тоҷикистон осоишу иқболи нек, файзу баракат ва сулҳи ҷовидонро орзу намуданд.

Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Ализода Зариф иштирокчиёнро ба муносибати фарорасии ҷашни   Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик карда қайд намуданд, ки 4 нафар судяҳои судҳои иқтисодӣ Нуриддинӣ Нурулло, Аминзода Сайдабону ва Азизӣ Ҷалолиддин бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофотҳои давлатӣ медали “Хизмати шоиста” ва як нафар судя Қаландарзода Мансур бо “Ифтихорнома”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Дар идомаи чорабинӣ судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Аминзода Саидабону, Муминзода Қутбиддин ва мудири бахши кадрҳо ва корҳои махсуси Суди Олии иқтисодӣ Нусратуллоев Сабруллоҳ дар мавзуҳои гуногун вобаста ба Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон маъруза карданд.

Дар охири ҳамоиш як қатор кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодӣ барои гузоштани саҳми арзанда ва иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъмиятӣ бо фармоишҳои Раиси Суди Олии иқтисодӣ бо рутбаҳои тахассусӣ ва ифтихорномаҳо сазовор гардонида шуданд.

Бардошт аз сомонаи “soi.tj”

Scroll to Top