Иштироки Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабиниҳои тантанавии ноҳияи Спитамен бахшида ба таҷлили 33 солагии Истиқлолияти Тоҷикистон

Санаи 7-уми сентябри соли 2024 дар ноҳияи Спитамен фарорасии 33-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бо як шаҳомати хоса таҷлил карда шуд. Дар маросими мазкур раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Р.П. иштирок намуда, сокинони ноҳияи Спитамени вилояти Суғдро бо фарорасии ин ҷашни бузург табрик намуда, оид ба аҳамият ва дастовардҳои истиқлолият суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Р.П. фаъолияти беморхонаи дандонпизишкиро дар ноҳия ифтитоҳ бахшида, дар маросимҳои тантанавӣ бахшида истиқболи Истиқлолияти давлатӣ дар муассисаҳои таълимӣ ва қисми низомӣ иштирок варзиданд.

Scroll to Top