Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷавононро неруи созанда ва пешбаранда номиданд, ки бесабаб нест. Зеро ҷавонон давомдиҳандагони кору пайкори гузаштагони хеш мебошанд. Яке аз мушкилиҳое, ки боиси нигаронии давлату ҷомеа гаштааст, ин даст ва кирдорҳои ношоям задани ҷавонону ноболиғон мебошад.
Бо мақсади аз байн бурдани чунин кирдорҳои номатлуб Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ истифода намуда, бо ташаббуси бевоситаашон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»-ро қабул намуданд, ки ин модели тоҷикии қонунгузорӣ маҳсуб меёбад.
Мардуми соҳибтамаддуни мо ба таълиму тарбияи фарзанд аҳамияти махсус зоҳир карда, барои дар рӯҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ, донишандӯзиву маърифатпарварӣ, ҷавонмардиву ахлоқи ҳамида ва нангу номус ба воя расонидани фарзандони худ пайваста талош меварзанд. Маҳз таҳкими оила, таълиму тарбияи наслҳои солиму соҳибмаърифат яке аз воситаҳои рушду нумӯи ҷомеа, мустаҳками қудрати мамлакат ва побарҷойии арзишҳои миллиамон ба шумор меравад. Вобаста ба ин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” қабул гардидааст. Ин қонун барои беҳдошти ҳаёти кӯдакон, коҳиши сатҳи ҷинояткорӣ дар миёни онҳо замина гузошта, масъулияти падару модарро дар таълиму тарбияи фарзанд боз ҳам зиёдтар мегардонад.Донишмандон бар он назаранд, ки бояд волидону омӯзгорон, ки дар таълиму тарбияи фарзандон масъул мебошанд, пеш аз ҳама бояд ба тарбияи ақлонӣ ва инкишофи зеҳнии онҳо аҳамияти махсус зоҳир намоянд. Мазмуни асосии лоиҳаи қонунро уҳдадориҳои падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ташкил медиҳад ва ин уҳдадориҳо аз он иборат мебошанд, ки падару модар ва омӯзгорон бояд тамоми донишу малакаи худро барои тарбияи дурусти фарзандон равона намоянд, тамоми восита ва шароитро муҳайё созанд, то ки фарзандон бештар ба донишандӯзӣ ва азхудкунии касбу ҳунар машғул шаванд. Падару модар вазифадоранд, ки тибқи арзишҳои миллӣ ба фарзандони худ номи нек гузоранд, барои саломатӣ, инкишофи ҷисмонӣ, маънавӣ ва ахлоқии онҳо ғамхорӣ намоянд ва фарзандро дар рӯҳияи эҳтиром ба Ватан, эҳтироми падару модар ва риояи арзишҳои милливу умумибашарӣ тарбия намуда, барои онҳо шароити хуби таълиму тадрисро фароҳам оваранд, чунки дар ҳама давру замонҳо илмомӯзию маърифатпарварӣ, аз омилҳои тақдирсози миллату давлатҳо ба шумор меравад.
Судяи Суди иқтисодии
вилояти Хатлон Саидзода З.С.