Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки кишвари ҳуқуқбунёд ва дунявӣ мебошад, Паём ҳамчун пешбаранда ва инкишофдиҳандаи ҷомеа баромад менамояд. Мавриди зикр аст, ки тибқи моддаи 55-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон савганд ёд мекунад ва бо Паёми худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилаву хориҷии ҷумҳурӣ баромад менамояд. Паёми пешгирифтаи ҳарсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз моддаи мазкур сарчашма гирифта ҷанбаҳои мухталифи дохилаву берунаи кишварро муайян месозад. Инчунин, ирои Паёми ҳамасола дар кишвари мо яке аз аломатҳо ва атрибутҳои асосии истиқлоли сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Имсол низ ҷиҳати амалӣ ва татбиқ намудани нақшаву вазифаҳои гузошташуда барои имрӯзу фардо ва пеш аз ҳама барои ҷонноку тақвият бахшидани тамоми сохторҳои давлатӣ, инчунин мутобиқ ба талаботи замон ва дар ҳамбастагӣ бо роҳу усулҳои навтарин санаи 28 декабри соли 2023 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Паёми навбатӣ “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии ҷумҳурӣ” ироа гардид. Воқеан ҳам, паёми имсолаи Сарвари давлат боиси фараҳмандии мардуми сарбаланди кишвар буда, бисёр рамзӣ арзёбӣ гардид. Чунки пешниҳод намуданд, ки соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон карда шавад ва дар ин замина санаи 30 декабри соли 2023 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон намудани соли 2024” ба тавсиб расид, ки тибқи он соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” эълон гадид.
Боиси тазаккур аст, ки таърихи начандон зиёди даврони соҳибистиқлолӣ собит месозад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ва гузариш аз як сохт ба сохти дигари идоракунӣ масъалаи ташаккул ва баланд бардоштани фарҳангу маърифати ҳуқуқии шаҳрвандонро бо назардошти сохти нави идоракунии давлатӣ ҳадафи асосӣ ва вазифаи аввалиндараҷаи сиёсати ҳуқуқии худ қарор додааст. Мақсад аз ҳадафи асосии сиёсати ҳуқуқии кишвар қарор гирифтани масъалаи баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон низ дар робита бо расидан ба ҳадафу мақсадҳо ва вазифаҳои давлати ҳуқуқбунёд, аз ҷумла ташаккул ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дар маҷмӯъ баҳри дар амал татбиқ намудани ҳама арзишҳои давлати ҳуқуқбунёд аз қабили волоияти ҳуқуқ ва қонун ба ҳисоб меравад. Зеро, мутобиқ ба муқаррароти “Эъломияи Истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки санаи 24 августи соли 1990 аз тарафи сессияи дуюми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум қабул гардида буд, Ҷумҳурии Тоҷикистон Истиқлолияти худро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати мустақили демократию ҳуқуқбунёд эълон намудааст. Баъдан истилоҳи “давлати ҳуқуқбунёд” дар баробари соҳибихтиёрию, демократӣ ва дунявӣ дар Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 бо тариқи раъйпурсии умумихалқӣ аз тарафи мардуми кишвар қабул гардида, дар моддаи 1 пешбинӣ шуд, ки муқаррароти мазкур ҳамчун заминаи асосии ҳуқуқӣ, василаи нисбатан навро дар роҳи бунёди ҷомеаи воқеан ҳуқуқбунёду шаҳрвандӣ инъикос кардааст. Пешбинӣ гардидани муқаррарот вобаста ба давлати ҳуқуқбунёду ҷомеаи шаҳрвандӣ будани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ду санади муҳими давлатӣ шаҳодати он аст, ки мардуми Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ марҳилаи давлатдории ҳуқуқбунёду демократиро интихоб намудааст. Сипас, аз ҳамон давра шурӯъ намуда, ҷиҳати дар амал татбиқ намудани чунин як низоми муосир, дар асоси меъёрҳои заминавии Конститутсия аз тарафи давлату ҳукумати кишварамон бо мақсади рушду ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, таъмини волоияти қонун, таҳкими раванди демократикунонии ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкуниҳо як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардид. Аз ҷумла, дар ин самт Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997 №691 “Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба тавсиб расида, худи ҳамон сол ҷиҳати дар амал татбиқ намудани муқаррароти Фармони мазкур қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 августи соли 1997, №383 “Дар бораи баъзе чораҳои беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ва кори ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ” қабул гардид. Инчунин, дар заминаи қарори мазкур тасдиқ ва қабули Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо мақсади баланд бардоштани сатҳи фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ, ташаккули ҳисси масъулият ва эҳтиром нисбат ба қонунҳо, дарк кардани ягонагии ҳуқуқ ва вазифаҳо, тайёрии ҳуқуқуқии кормандони роҳбарикунанда пешбинӣ шуд, ки он вазорату идораҳо, раисони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, роҳбарони иттиҳодияҳо корхонаҳо ва ташкилотҳои ҷумҳуриро ҷиҳати таъмин намудани бахшҳои ҳуқуқии дастгоҳо бо кормадони ихтисосманд, таъсиси чунин бахшҳо дар сурати набудани онҳо, пай дар пай ташкил ва гузаронидани лексияҳо, суҳбатҳо ва дигар шаклҳои тарғибу ташвиқи қонунгузории ҷумҳурӣ бо ҷалби ҳуқуқшиносон, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба роҳ монда, ҷиҳати баррасии вазъи риояи қонуниятро дар фаъолияти дастгоҳи марказӣ ва умуман дар вазорату идораҳо, ҳукуматҳо, корхонаҳо ташкилотҳои ҳудуди минтақаи дахлдор вазифадор намуд.
Ҳамин тариқ, эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифаи ҳуқуқӣ“ ҳар як узви фаъоли ҷомеаи муосирро вазифадор месозад, ки дар боло бурдани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, сар карда аз фарзандони хурдсол то шаҳрвандони солор, саҳм гузошта, риояи ҳатмии қонун, пеш аз ҳама, меъёрҳои Конститутсияи давлатамонро таъмин намуда, дастуру ҳидоятҳо ва Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор диҳад.
Судяи Суди иқтисодии вилояти Хатлон
Азизӣ Ҷалолиддин Азизхоҷа