АЗ ПАЁМ ТО ПАЁМ САҲМИ СОҲИБКОРОН ДАР РУШДИ ИҚТИСОДИ КИШВАР НАЗАРРАС АСТ

28 декабри соли 2023  Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар маҷмааи давлатии Кохи Сомон баргузор гардид, Паёми навбатии худро ба парлумони кишвар ирсол намуданд.

Дар аввал Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид.

Дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа пешравиҳои назаррас ба даст омада, маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар нисбат ба соли гузашта 8,3 фоиз зиёд гардид ва ба беш аз 130 миллиард сомонӣ расонида шуд.

Сарвари давлат рушди иқтисодии ҷумҳуриро дар ҳафт  соли охир мавриди таҳлил қарор дода, қайд карданд, ки дар ин муҳлат рушди  иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна 7,5 фоизро ташкил дода, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,5 баробар зиёд гардид.

Дар ин давра даромади пулии аҳолӣ 3,3 баробар афзоиш ёфта, аз 37,2 миллиард сомонии соли 2017 ба 112,7 миллиард сомонӣ дар соли 2023 расид. Музди миёнаи меҳнат беш аз 2 баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,9 баробар зиёд гардид.

Дар натиҷаи амалисозии тадбирҳои зикргардида сатҳи камбизоатӣ аз 29,5 фоизи соли 2017 то 21,2 фоиз дар соли 2023 коҳиш дода шуд.

Роҳбари давлат  дар паёми имсола низ ба фаъолияти бонкӣ ва дастгирии соҳибкорӣ диққати ҷиддӣ доданд, ки ин бе сабаб нест. Зеро, дар ҷумҳурӣ шаклҳои гуногуни моликият амал карда, фаъолияти соҳибкорӣ рушд карда истодааст. Барои рушди соҳибкорӣ тамоми  заминаҳои ҳуқуқӣ ва имкониятҳои молиявӣ фароҳам оварда шуда, иқдомҳои соҳибкорон аз тарафи давлат ҳамаҷониба дастгирӣ меёбад, ки яке аз онҳо додани қарзҳои имтиёзнок барои соҳибкорон мебошад. Дар ин ҷода нақши бонкҳои давлатию хусусӣ ва ташкилотҳои кредитӣ хело назаррас мебошад.

Дар паём қайд гардид, ки соли 2023 дороии сохторҳои молиявию қарзии кишвар нисбат ба соли гузашта 22 фоиз зиёд гардида, 39,6 миллиард сомониро ташкил кард.

Соли 2023 пешниҳоди қарзҳо аз ҷониби низоми бонкӣ дар муқоиса бо соли 2022-юм 31,1 фоиз афзоиш ёфта, ба 18,5 миллиард сомонӣ баробар гардид.

Ҳаҷми қарзҳои хурди додашуда 32,1 фоиз  зиёд гардида, 13,3 миллиард сомониро ташкил дод.

Қарзҳои ба занону бонувони соҳибкор пешниҳодшуда 30 фоиз афзоиш ёфта, ба 4,8 миллиард сомонӣ расонида шуд.

Дар ин давра бақияи умумии пасандозҳои аҳолӣ ва шахсони ҳуқуқӣ дар ташкилотҳои қарзии ватанӣ 32 фоиз зиёд гардида, ба 18,6 миллиард сомонӣ расид.

Дар ин замина дастур дода шуд, ки Бонки миллӣ ва ташкилотҳои қарзӣ  дар самти дарёфти манбаъҳои иловагии маблағгузорӣ ва дар ин замина зиёд кардани пешниҳоди қарзҳои дарозмуддат, дастрас ва бо фоизи паст, инчунин, пурра ҷорӣ намудани низоми рақамии хизматрасониҳои бонкӣ дар ҳамаи минтақаҳои кишвар ва истифодаи васеи технологияҳои молиявӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Дар Паём қайд гардид, ки Ҳукумати мамлакат рушди бахши хусусӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузориро дар Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030 ҳамчун воситаи асосии ноил шудан ба ҳадафҳои миллӣ муайян кардааст ва ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои пешбурди фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ, барои сармоягузорӣ ҷолиб гардонидани истисодиёти кишвар ва ба содирот нигаронидани он пайваста чораҷӯи менамояд.

Ин аст, ки дар натиҷаи тадбирҳои амалигардида шумораи субъектҳои соҳибкорӣ дар 7 соли охир аз 62 ҳазор ба 350 ҳазор баробар гардид.

Сарвари давлат  аз  саҳми беандозаи соҳибкорон дар рушди иқтисодиёти кишварамон ба факту рақамҳои ҷолиб ёдовар шуда, ба ҳамаи соҳибкорону сармоягузорони банангу номуси кишвар барои ташаббусҳои созандаашон ба хотири ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон миннатдории самимӣ изҳор намуданд.

Тибқи дастурҳои Паёми сарвари давлат, Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки барои баланд бардоштани шаффофият, боз ҳам беҳтар гардонидани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ ва бартараф кардани монеаҳои маъмуриву сунъӣ дар ин самт тадбирҳои саривақтиро амалӣ созанд ва ташабусҳои соҳибкоронро ҳаматарафа дастгирӣ намоянд. 

Қобили зикр аст, ки дар паёми соли гузашта низ  роҳбари давлатамон  дар баробари  кишоварзони ҷумҳурӣ саҳми соҳибкоронро дар пешрафти иқтисоди кишвар махсусан қайд карда, Ҳукумати мамлакат вазифадор гардида буд, ки ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ, махсусан сармоягузории мустақим, таъмин намудани иҷрои кафолату имтиёзҳо ва чораҳои дастгирии давлатӣ, ҳавасмандгардонӣ ва қадрдонии соҳибкорон, инчунин рушди инфрасохтори сармоягузориву соҳибкорӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намояд.  Бо ин мақсад муассисаҳои молиявӣ ва ташкилотҳои  қарзии ҷумҳурӣ  вазифадор шуда буданд, ки ҷиҳати ҳавасмандгардонии пасандозгузорон ва паст намудани фоизи қарзҳои ба соҳаҳои гуногуни  иқтисодиёт, махсусан, ба соҳибкорони истеҳсолӣ пешниҳодшаванда, инчунин бо фоизи дастрас афзоиш додани пешниҳоди қарзҳои ипотекӣ чораҷӯӣ намоянд.

Имрӯзҳо Тоҷикистони мо ба  яке аз кишварҳои беҳтарини ислоҳотгар дар пешбурди соҳибкорӣ шинохта шудааст. Аз ин имкониятҳои васеъ соҳибкорон ва сармоягузорони ватанӣ оқилона  истифода бурда, бо роҳи ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва хизматрасонӣ, ворид намудани технологияҳои  муосири истеҳсолӣ ва таъмин намудани аҳолӣ бо ҷойҳои корӣ дар рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум саҳми худро гузошта истодаанд.

Судяи Суди иқтисодии вилояти Хатлон                           Сайдалӣ Сироҷиддин

Кормандаи дастгоҳи Суди иқтисодии вилояти Хатлон                            Файзализода Сафаралӣ

  

  

  

Scroll to Top