Суратгузориш аз мулоқоти намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад бо сокинони ноҳияи Спитамен ва боздид аз муассисаву корхонаҳои ноҳия

Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад ҷиҳати таъмини пешвози арзандаи 25 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари корӣ ба ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ташриф оварданд.

Зимни сафар муҳтарам Мирзозода Рустам Пираҳмад бо фаъолони ноҳияи Спитамен мулоқот доир намуда, қисмҳои ҳарбӣ, муассисаҳои таълимӣ, корхонаи коркарди пахта ва дигар иншооти ҷашниро азназар гузаронида, баҳри сазовор таҷлил намудани ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ва вусъат бахшидани корҳои ободонӣ маслиҳатҳои муфид доданд.

Прокрутить вверх