• Главная »
  • Вохуриҳо »
  • Дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак маҷлиси сайёри судӣ ва дар мавзӯи “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” суҳбат ва вохӯрӣ гузаронида шуд

Дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак маҷлиси сайёри судӣ ва дар мавзӯи “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” суҳбат ва вохӯрӣ гузаронида шуд

Дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак санаи 9-уми августи соли 2019 аз рӯи парвандаи №1-226/19 бо даъвои Прокурори Генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати давлат дар симои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак ба ҷавобгарии Маҳмадқулов Фахриддин Муслиҳиддинович, Маҳмадқулов Олимҷон Муслиҳиддинович ва Бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии шаҳри Норак, шахсони сеюм Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак, Идораи нотариалии  давлатии шаҳри Норак, Кумитаи идораи замини шаҳри Норак ва КДФ “Бақайдгирии молу 

мулки ғайриманқул” дар шаҳри Норак дар бораи беэътибор эътироф намудани шартномаи хариду фурӯши амвол №5 аз 10 октябри соли 2005, шаҳодатномаҳои ҳуқуқи моликият аз 1 ноябри соли 2010 таҳти №1Ш 252, аз 22 июли соли 2012 таҳти №1Ш 453, шартномаи ҳадя аз 24 январи соли 2013 №1Ш64, Қарорҳои раиси шаҳри Норак №287 аз 6 октябри соли 2005 “Дар бораи тасдиқи протоколи коммисияи музоядавӣ”, №364 аз 4 июли соли 2006 “Дар бораи вобаста намудани масоҳати 2,27 гектар қитъаи замин”, аз 30 майи соли 2012 таҳти №207 “Дар бораи тасдиқи санади коммисиявӣ” ва Сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин дараҷаи А№0135291 аз 3 августи соли 2006 маљлиси сайёри судӣ таъин карда, гузаронида шуд.

Ҳамчунин  дар мавзӯи “Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” солҳои 2018-2028” бо  кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак суҳбат ва вохӯрӣ гузаронида, ба саволҳои иштирокчиёни ҷамъомад посухҳои мушаххас доданд.