• Главная »
  • Вохуриҳо »
  • Дар бинои Кумитаи идораи замини ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон маҷлиси сайёри судӣ ва дар мавзӯи “Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаккули ҳуқуқи инсон” суҳбат ва вохӯрӣ гузаронида шуд

Дар бинои Кумитаи идораи замини ноҳияи Дӯстии вилояти Хатлон маҷлиси сайёри судӣ ва дар мавзӯи “Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаккули ҳуқуқи инсон” суҳбат ва вохӯрӣ гузаронида шуд

Санаи 6 – уми августи  соли 2019 аз рӯи парвандаи №1-222/19 бо даъвои саҳмдорони Хоҷагии деҳқонии “Истамбул” ноҳияи Дӯстӣ Раҳмонова Гулбаҳор ва Раҳмонов Ҳурматулло Нурович дар шахсияти намояндаи ваколатдор Ашуров Нурулло ба ҷавобгарии Хоҷагии деҳқонии “Истамбул”-и ноҳияи Дӯстӣ дар бораи беэътибор донистани протоколи Хоҷагии деҳқонии “Истамбул”-и ноҳияи Дӯстӣ аз 11 ноябри соли 2012, таҳти №8 маҷлиси сайёри судӣ таъин карда, гузаронида шуд. Ҳамчунин дар мавзӯи “Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаккули ҳуқуқи инсон” бо  кормандони Кумитаи идораи замини ноҳияи Дӯстӣ ва сокинони Ҷамоати деҳоти Ҷиликул, деҳаи Лоҳутӣ суҳбат ва вохӯрӣ гузаронида, ба саволҳои иштирокчиёни ҷамъомад посухҳои мушаххас доданд.