ВАҲДАТ АСОСИ ДАСТОВАРДҲО – муовини Раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон Ҷалилзода Х.Р.

Имрӯз ҳама сокинони кишвар аз иттиҳоду ваҳдат, истиқлолият, ватандӯстӣ ва худшиносию худогоҳии миллӣ бо ифтихору сари баланд ва дили пур сухан мегӯянд. Ҳамагон аз ҳаводиси гузашта ва вазъи имрӯзаи ҷаҳон огаҳӣ доранду панд гирифтаанд ва хуб медонанд, ки сулҳу амният, рӯзгори обод, хушбахтиву саодат ва пирӯзӣ аз ваҳдат аст.

Баъди музокироти тӯлонӣ 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо шуд, ки 22–умин солгарди онро сазовор пешвоз мегирем.

Баъди истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ бо мақсади расидан ба сатҳи баланди рушди иқтисодиёт ва таҳкими Ваҳдати миллӣ дар солҳои истиқлолият чандин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расиданд. Аз ҷумла, Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда буд, барои ба эътидол овардани вазъи иқтисодию иҷтимоӣ заминаи боэътимод гузошт. Дар солҳои баъдӣ дар тамоми соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, ҳуқуқию сиёсӣ дастовардҳои назаррасро ноил шудем, ки ҳамаи ба шарофати ваҳдати миллӣ аст.

Хидмати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки роҳи ҳалли сулҳи тоҷикон ба вуқӯъ пайваст. Имрӯз ин намунаи беназири сулҳу ваҳдат ибрати ҷаҳониён аст. Ин ваҳдати миллист, ки мо аз самараҳои он бархӯрдорем, имрӯз низоми иқтисодию ҳуқуқии рушдёфта дорем ва ин роҳе, ки интихоб кардаем, онро бояд ҳамеша ва доимӣ давом диҳем.
Иқдоми вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакатро вобаста ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат», ки аз иродаи мардуми шарафманди тоҷик ва дар заминаи арҷгузорӣ ба хидматҳои Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба миён омадааст, саҳифаи тозае дар таърихи давлатдории навини мо дар роҳи боз ҳам абадӣ гардонидани щояи миллӣ-истиқлолхоҳӣ ва ваҳдати миллӣ маҳсуб меёбад. Зеро ки қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат»-ро моҳиятан маънои эътироф ва арҷгузорӣ ба хизматҳои таърихии фарзанди фарзонаи миллат Эмомали Раҳмон дар баланд бардоштани тамаддуни моддӣ ва маънавии миллати тоҷик, дар эъмори давлати миллии муосири ҳуқуқбунёди тоҷикон маънидод кардан мумкин аст.

Бояд зикр намуд, ки бо тақвият бахшида шудани ислоҳоти судию ҳуқуқӣ дар чанд соли охир дар низоми судҳои иқтисодии кишвар дигаргуниҳои зиёд ба вуқӯъ пайваста судҳои иқтисодӣ дар пешбурди иқтисодиёт ва соҳибкорӣ саҳми арзанда доранд. Ҳамасола шумораи миқдори корхонаҳои истеҳсолӣ, корхонаҳои муштарак то рафт рӯ ба афзоиш доранд, ки ҳамаи ин пешравиҳои иқтисодӣ ба шарофати сулҳу салоҳ ва осмони соф дар кишвар аст. Мо судяҳои суди иқтисодӣ низ дар кори ҳаррӯзаамон ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки баҳри рушду устувории ҷомеа ва таҳкими давлатдориамон ҳиссагузор бошем.

Муовини раиси суди

иқтисодии вилояти Хатлон

Ҷалилзода Х.Р.