• Главная »
  • Баромадҳо »
  • ТАЪМИНИ АДОЛАТИ ИҶТИМОӢ ЯКЕ АЗ ВАЗИФАИ МУРОФИАИ СУДӢ – Котиби маҷлиси судӣ Суди иқтисодии вилояти Хатлон Сулаймонзода Д.Х.

ТАЪМИНИ АДОЛАТИ ИҶТИМОӢ ЯКЕ АЗ ВАЗИФАИ МУРОФИАИ СУДӢ – Котиби маҷлиси судӣ Суди иқтисодии вилояти Хатлон Сулаймонзода Д.Х.

Ҳангоми таҳлили ин ё он мавзӯъ пеш аз ҳама муайян намудани мафҳум,  ибораҳо ва истилоҳоти дар мавзӯъ овардашуда ба нафъи кор буда, барои дарки дурӯсти мавзӯъ мусоидат мекунад. Инчунин аз рўи усули мантиқӣ-ҳуқуқӣ беҳтар аст аввал адабиётҳои илмӣ роҷеъ ба адолати иҷтимоӣ омўхта шуда, баъдан вобаста ба ин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мавриди таҳлил қарор дода шаванд. Қайд намудан ба маврид аст, ки истилоҳи «адл», «адолат» ё инки «адлия» аз калимаи арабӣ ба забони тоҷикӣ ворид шуда, дар Фарҳанги забони тоҷикӣ ба маъноҳои додрасӣ, накўкорӣ фаҳмида мешавад. Иҷтимоиёт ё инки иҷтимоӣ бошад «ҷамоатӣ» ё «ҷамъиятӣ» дониста мешавад. Адабиёти пурғановати миллати тоҷик сар то по тарғибкунандаи адолату адолатпарварӣ будааст. Форобӣ, Абуали ибни Сино, Муҳаммад Ғазолӣ ва Насриддини Тусӣ адолатро бо се унсур   муайян мекунанд: 1) ҳикмат; 2)шуҷоат; 3) иффат.

Зикр намудан ба маврид аст, ки  вобаста ба даркии шаҳрвандон ва ҳатто дар баъзе адабиётҳои илмӣ мафҳуми «адолат»-ро бо «баробарӣ» як медонанд. Ва чунин меҳисобанд, ки агар дар ҷое, баробарӣ вуҷуд дошта бошад пас адолат ҳам пойдор аст. Вале чунин фаҳмиш ғалат буда, на дар ҳама ҳолат баробарӣ заминаи таъмини адолат мебошад. Масалан муассисаи фарҳангӣ кох ё театр шароити хизматрасонии баробарро ба ҳаммаи мизоҷон фароҳам меоард. Вале муайян накардани курсиҳои махсус ва мутобиқ накардани роҳравҳо барои шахсони маъюб аз мавҷуд набудани адолат шабоҳат медиҳад.

Адолати иҷтимоӣ инчунин дар он зоҳир мешавад, ки аъзоёни ҷомеа аз ҳисоби меҳнати худ воситаҳои барои зиндагӣ заруриашонро ба даст меоваранд ва он нафароне, ки ба фаъолияти меҳнатӣ омодагӣ  мегиранд ва ё қобили меҳнат нестанд аз ҳисоби давлат таъмин мегарданд.

Мувофиқ ба адолати иҷтимоӣ низоми гуногуни музди меҳнат  ва тақсимоти даромадҳо чунин ба роҳ монда мешавад, ки миқдори  неъматҳои  ба  дастовардаи  инсон  ба  миқдор  ва  сифати  меҳнаташ муофиқ  бошад.  Бо  назардошти  адолати  иҷтимоӣ  на  танҳо  музди меҳнат, балки дигар неъматҳо бояд вобаста ба хизматҳои меҳнатии одамон тақсим карда шаванд.

Мафҳуми адолати иҷтимоӣ бо мафҳумҳои объективӣ будан, ҳақиқат, поквиҷдонӣ, ростӣ,  баробарҳуқуқӣ, қонун, ҳимматбаландӣ, боахлоқӣ, суд, баробарӣ, ҳақгуфторӣ, инсондустӣ, руирост будан, фаҳмидани дигарон, принсипнокӣ ва ғайра тавъам мебошад.

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ибораи адолати иҷтимоиро кам ба кор бурдааст. Омузиши қонунгузорӣ нишон дод, ки танҳо дар якчан маврид (3 маротиба) ибораи мазкур истифода гардидааст. Чунончӣ мутобиқи  қ.2 моддаи 4 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»  «вазифаи суд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкими ҳамаҷонибаи қонуният ва таъмин намудани адолати иҷтимоӣ мебошад». Инчунин  Моддаи 7 қ.1 б.5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ» яке аз принсипҳои асосии хизмати давлатӣ ин «инсондўсти ва адолати иҷтимоӣ мебошад» ё инки тибқи қ.2 моддаи 46 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон «ҷазо бо мақсади барқарор намудани адолати иҷтимоӣ, ислоҳи маҳкумшуда, инчунин пешгирии содир гардидани ҷиноятҳои нав  татбиқ мешавад». Вале ин маънои онро надорад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон адолати иҷтимоӣ риоя намешавад. Чунки мазмун ва моҳияти кулли санадҳои меъёрии ҳуқуқиро таъмини адолати иҷтимоӣ ташкил медиҳад.

Ҳамин тариқ мутобиқи моддаи 84 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини адолати судӣ яке аз унсурҳои таркибии адолати иҷтимоӣ буда аз ҷониби Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе ба амал мебароранд. Судяҳо адолати судиро тавассути мурофиаи судии конститутсионӣ, гражданӣ, оилавӣ, иқтисодӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ таъмин менамоянд.

Яке аз вазифаҳои асосии ҳокимияти судӣ дар мурофиаи судӣ таъмин намудани адолати иҷтимоӣ, бо восита ва усулҳои муайяннамуди қонун мебошад. Адолати иҷтимоӣ аз ҷониби ҳокимияти судӣ бо роҳи ба амал баровардани адолати судӣ таъмин мегардад. Шаклҳои маъмули  фаъолияти мақомоти судӣ мурофиаи судӣ мебошад, ва маҳз дар ин фаъолият судя метавонад адолати иҷтимоиро таъмин намояд. Барқарор намудани адолати иҷтимоӣ бо роҳи ҷазо додани маҳкумшуда умуман нисбат ба ҷамъият ва хусусан нисбат ба ҷабрдида амалӣ мегардад.

Адолати иҷтимои дар ҳудуди муайян, аз ҳисоби ҷарима, мусодираи амвол, корҳои ислоҳӣ ва ҷазоҳои дигар барқарор карда мешавад. Шаҳрвандон бовар мекунанд, ки давлат қобилияти ҷазо доданро дорад ва ҷинояткор мувофиқи қонун ҷазо мегирад. Шаҳрвандон бовар мекунанд, ки давлат қобилияти ҷазо доданро дорад ва ҷинояткор мувофиқи қонун ҷазо мегирад. Нисбат ба ҷабрдида адолати иҷтимоӣ бо роҳи ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонуние, ки бо содир шудани ҷиноят вайрон гардидааст, барқарор мегардад. Инчунин маҳрумият ва маҳдудият нисбати маҳкумшуда ҳаҷман бояд бо азобу ранҷи ҷабрдида мувофиқ бошад.

Қонунгузории мурофиавии судии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини адолати иҷтимоӣ дар дар ҷараёни мурофиаи судӣ чораҳои мушаххасеро пешбинӣ мекунад. Масалан гарчанде, ки қонун барои супоридани ариза ба суд боҷи давлатӣ муқаррар мекунад аммо мувофиқи моддаи 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи боҷи давлатӣ“ дар ҳолатҳои зерин боҷи давлатӣ ситонида намешавад ва аризаи шаҳрванд бе супоридани он баррасӣ мегардад:

-ҳангоми пешниҳоди ариза оиди супоридани алимент;

-ҳангоми пешниҳоди ариза аз рўи ҷуброни зарар, ки дар натиҷаи маъюб шудан ё дигар зарар ба саломатӣ инчунин фавти саробон расонида шудааст;

-ҳангоми пешниҳоди даъво вобаста ба ситонидани маъош ва дигар талаботҳое, ки аз муносибатҳои меҳнатӣ бармеоянд.

Яъне гарчанде, ки қонунгузор боҷи давлатиро пардохти ҳатмӣ барои анҷом додани амалиёти дорои аҳамияти ҳуқуқӣ муайян карда бошад, ҳам аммо аз рўи дарки принсипи инсондўстӣ барои таъмини адолати иҷтимоӣ қонунгузории мурофиаи судӣ баъзе шаҳрвандонро аз супоридани он озод мекунад.

Тибқи моддаи 18 Кодекси мурофиавии ҷаноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 12 Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикис тон, моддаи 10 Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 18 Кодекси мурофиавии ҳуқуқвайронкуни маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчиёни мурофиаи судии ҷинояти, маъмурӣ, гражданӣ ва иқтисодӣ ки забони мурофиаро намедонанд, ҳуқуқи ба забони модариашон ё забони дигаре, ки онро медонанд, арз кардан, нишондод додан, изҳори дархост кардан, шинос шудан бо маводи парвандаро дошта, бо тартиби муайяннамудаи Кодексҳои мазкур ба онҳо хизматрасонии тарҷумон таъмин карда мешавад ё мурофиаи судии бо забони аксарияти аҳолии маҳал гузаронида мешавад.

Инчунин барои онки адолати иҷтимои дар ҷомеъа таъмин гардад, қонунугузории ҷиноятӣ ё инки маъмурӣ ҳангоми муқаррар кардани санксияи модда ҳади ниҳои ва поёнии ҷазо, тартиби таъини ҷазо барои категорияҳои алоҳидаи одамон (ноболиғон, занҳои ҳомиладор ва ғ), ҳолатҳое, ки ҷазоро сабук ва вазнин мекунан, асосҳои озод намудан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ҷазоро пешбинӣ мекунад. Суд ҳангоми таъини ҷазо онҳоро ҳатман бояд ба инобат гирад.

Таъмин намудани адолати иҷтимоӣ дар мурофиаи судӣ  инчунин дуруст ва сари вақт баррасӣ намудани парвандаи судӣ, фаҳмонидани ҳуқуқ ва уҳдадориҳои иштирокчиёни маҷлиси судӣ, пайдарҳами гузаронидани амалҳои мурофиави, баррасӣ ва ҳал намудани дархостҳои иштирркчиёни маҷлиси судӣ, пурсиши шоҳидон, мутахассисон, таъмин намудани тарҷум барои шахсоне, ки забони мурофиавиро намедонад, таъмин намудани ҳимоягар ба иштирокунандаи парванда, ки имконияти гирифтани ҳимоягарро надорад (дар мурофиаи ҷиноятӣ), талаб кардани далелҳои зурурӣ вобаста ба парванда, мусоидат намудан ба иштирокчиёни маҷлиси судӣ оиди талаб карда гирифтани далел аз ҷониби дигар корхона ва ташкилотҳо, назаротаи иҷроиши санадҳои судӣ мебошад.