РУШДИ САЙЁҲӢ БА РУШДИ ДЕҲОТ АЛОҚАМАНДИИ ЗИЧ ДОРАД! – Судяи Суди иқисодии вилояти Хатлон Одиназода Ҷонфидо Халил

Тавре ба ҳамагон маълум аст, санаи 26 декабри соли 2018 Паёми навбатии Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Кишвар ироа гардида, дар Паёми мазкур натиҷаи фаъолияти 27 соли давлатдории мо ҳамчун давлати соҳибистиқлол мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор дода шуда, нақшаю амалҳоро барои солҳои оянда муқаррар кард. Пешвои миллат дар Паёми худ зарурияти бартараф кардани камбудиҳо ва рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеаро қайд карданд. Яке аз нуқтаҳои муҳиме, ки дар Паёми мазкур зикр шуд, ин эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” мебошад. Дар воқеъ соли 2018 бо ҳамаи рӯйдодҳо ва дастовардҳои ниҳоят муҳимму хотирмони худ барои халқи тоҷик соли таърихӣ буд, зеро соли 2018 ҳамчун соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардида, бо анҷоми он мо бо натиҷаҳои мусбӣ ноил гардидем. Бояд қайд кард, ки мақсад аз “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардидани солҳои 2019-2021 идомаи

иҷрои нақша-чорабиниҳо вобаста ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 ва расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда ва дар маҷмуъ иҷрои муқаррароти “Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030”, ки соли 2018 қабул гардид, мебошад.

Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 ба дарки аҳаммияти самтҳои мазкур дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мардум такони ҷиддӣ бахшида, шумораи сайёҳоне, ки соли 2018 ба Тоҷикистон омаданд, нисбат ба соли 2017 дуюним баробар афзуд, вале барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда як сол басанда нест. Дар соли 2008 имкониятҳ

ои сайёҳии Кишвари мо то андозае муаррифӣ шуданд, вале барои рушди соҳа дар ҳамаи минтақаҳои кишвар андешидани тадбирҳои иловагӣ зарур аст. Бинобар ин, Пешвои миллат пешниҳод карданд, ки солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карда шаванд. Мақсади асосӣ аз ин пешниҳод боз ҳам обод кардани Кишвар, аз ҷумла муҳиту атрофии деҳот ва хубтару беҳтарсозии сатҳу сифати истиқомат ва зиндагии мардуми деҳот ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад.

Дар воқеъ шахсе ба сифати сайёҳ ба саёҳати тулонӣ мебарояд, ки шароит ва имконияти иқтисодию иҷтимоии хубтар дорад. Агар ба таҷриба назар афканем, аксар сайёҳони хориҷие, ки ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, сокинони марказҳою шаҳрҳои кишвари худ мебошанд, яъне шаҳрнишинанд. Бинобар ин, мақсади асосии ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидани сайёҳони хориҷӣ тамошои табиати зебои Тоҷикистон ва дигар ёдгориҳои таърихӣ дар қаламрави кишвари мо мебошад. Аз ин лиҳоз, барои дар сатҳи баланд ва босифат қабул ва гусел кардани сайёҳони хориҷӣ зарурияти обод кардани ҳар як гӯшаи кишвари мо аз ҷумла деҳот зарур ва мӯҳим мебошад. Бо дарназардошти ин ҳолатҳо санаи 2 январи соли 2019 таҳти №1170 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ”Дар бораи “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон намудани солҳои 2019-2021” бароварда шуд. Аз ин лиҳоз, ҳар яки моро зарур аст, ки новобаста аз мавқеамон дар ҷомеа баҳ

ри иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми мазкур бармеоянд, аз ҷумла иҷрои муқаррароти “Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030” фаъолона каммари ҳиммат баста, вазифаҳо ва қарзи хизматию шаҳрванди худро софдилона ва бо як масъулияти баланд анҷом диҳем.

Судяи Суди иқисодии вилояти Хатлон

Одиназода Ҷонфидо Халил