Аҳамияти эълон намудани солҳои 2019-2021 “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”

Мувофиқи банди 1 моддаи 69-уми Конститутсияи ҶТ “Президент самтҳои асоси сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакатро муайян мекунад”. Ҳамчунин дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон Президент савганд ёд мекунад ва бо паёми худ дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ баромад менамояд (банди 6 моддаи 55). Дар ҷаласаҳои якҷоя Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ паёми Президент дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакатро бидуни қабули қарор баррасӣ менамоянд.

Паём ҳамчун як барномаи мукаммали яксола ё якчандсолаи ҳаёт ва фаъолияти минбаъда аз Сарвари давлат, кормандони тамоми ташкилоту муассисаҳо, мақомот то шаҳрванд-кӯдаки дар гаҳворабудаи тоҷикро муайян менамояд, зеро Сарвари давлат дар он ба таври мушаххас ва возеҳу равшан тамоми ҳаракат, тадбирҳо ва пешниҳодҳоро баҳри ба давлати иҷтимоӣ, демократӣ ва пешрафта мубаддал кардани мамлакатро нишон дода истодаанд.

Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 26-уми декабри соли 2018 ироа гашт, ки он дастовард ва камбудиҳои соли гузашта, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии кишвар барои давраҳои оянда барномарезӣ карда, ба тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар рабт дошт.

Сол то сол ҷумҳуриамон бо роҳбари ва сиёсати пешбарандаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба тараққӣ ниҳода истодааст. Тараққиёти мамлакатро дар ҳар кунҷи мамлакат мо метавонем бинем. Аз Паёмҳои ҳамасолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонем ҷамъбасти   кӯшишу ғайрати солонаи ҷамъияту давлатро, ки он қадам ба қадам ба он ҳадафҳои дар пеш гузоштааш дар роҳи бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ қисман расида, бо талошҳои зиёди Сарвари давлат ва иродаи қавии халқи азизамон ба дигаронашон расида истодаем, дарк намоем. Яке аз фарқиятҳои паёми имсола аз солҳои қаблӣ дар он буд, ки нақшаҳои дар пеш гузошта на 1 сол балки  3-сола барномарезӣ карда шуданд. Аз он ҷумла яке аз масъалаҳое, ки ба он таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир карда шуд, аз тарафи Пешвои миллат эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» буд. Ҳадафи ин тадбир тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ, инчунин мусоидат кардан ба эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ мебошад. Агар амиқтар ба ин ташаббуси Роҳбари давлат назар афканем, ба хубӣ дарк карда мешавад, ки иқдоми мазкур идомаи мантиқии ҳамон «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» мебошад, ки дар Паёми гузашта ба Маҷлиси Олии мамлакат эълон гардида буд. Яъне, тавре дар Паёми навбатӣ қайд карда шуд: «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 ба дарки аҳамияти самтҳои мазкур дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии мардум такони ҷиддӣ бахшида, шумораи сайёҳоне, ки соли 2018 ба Тоҷикистон омаданд, нисбат ба соли 2017 дуюним баробар афзуд, вале барои расидан ба ҳадафҳои пешбинишуда як сол басанда нест. Дар баробари ин, соли ҷорӣ “Стратегияи рушди сайёҳӣ барои давраи то соли 2030” қабул гардид ва имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон то ҳадди имкон муаррифӣ шуданд, лекин барои рушди инфрасохтори соҳа дар ҳамаи минтақаҳои кишвар бояд тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд. Бо мақсади вусъат бахшидан ба ҳалли масъалаҳои зикршуда ва бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот пешниҳод менамоям, ки солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шаванд». Вобаста ба ин санаи 2-юми январи соли равон Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намудани солҳои 2019-2021» низ имзо шуд.

Воқеан сайёҳӣ барои мамлакати мо омили муҳимтаринест, ки обрую эътибори онро баландтар бардошта, мароқи сармоягузориро ҷалб намуда ва ташкили ҷойҳои иловагии корӣ дар мамлакат мусоидат мекунад. Тоҷикистони биҳиштосои мо сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби муссафо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру сайёҳат мебошад. Бо мақсади рушд бахшидани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар ин самт, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ, дастгирии сайёҳии дохиливу хориҷӣ, ҷалби бештари сармоя дар ин самт ва омода кардани кадрҳои ба талаботи замон ҷавобгӯ соли 2017 Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Мақсади асосии сиёсати давлати дар бахши сайёҳӣ ин таъмин намудани шароитҳои мусоиди ҳуқуқӣ барои ташкили фаъолияти самарабахши субъектҳои фаъолияти туристӣ дар ин замина таъсиси бозори самаранок ва рақобатпазирии туристӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки имконотро барои қонеъ гардонии талаботи шаҳрвандони дохилӣ ва хориҷӣ ба хизматрасониҳои мухталиф ва сифатноки соҳа таъмин намояд.

Дар ҳақиқат сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳимми ба шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани  сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ ва аз ҳама асосаш муаррифкунандаи таъриху фарҳанг, табиат, анъанаҳои миллии тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад. Миллати тоҷик аз қадим соҳибҳунар, дорои фарҳанги воло ва суннатҳои неки аҷдодӣ буда, ба омӯзиш ва рушди ҳунармандӣ дар кишвари худ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа медиҳад, ки шоиставу арзанда аст.

Дар ҷаҳон айни холл зиёда аз 200 ташкилотхои байналмилаллии сайёҳи ба қайд гирифта шудааст. Мувофиқи рейтинги ҷаҳонии мамлакатҳо оид ба хулосаи сомонаву шабакаҳои ҷаҳонӣ, махсусан “ВВС” дар Британияи Кабир  дар соли 2012 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори 10 кишвари ҷолибтарин барои боздиди сайёҳон эътироф гардидааст. Нашри русии маҷаллаи маъруфи “National geographic” (28.02.2016) дар соли 2016 шоҳроҳи Помири Тоҷикистонро дар байни 10 роҳи зеботарини дунё ворид намудааст.  Дар маҷаллаи ТОП-100 дар соли 2015 пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе ба мавзеъҳои бехатар аз рӯйи таъмини шабона ворид гардида, дар соли 2016 3 минтақаи Тоҷикистон ва қаторкӯҳҳои Помир дарҷ гардидааст. Тибқи таҳлилҳои Созмони умумиҷаҳонии сайёҳии Созмони Миллали Муттаҳид Тоҷикистон кишвари туризмаш дар ҳоли рушд қарордошта муайян гардидааст. Ҳамзамон, дар рӯйхати ҷаҳонии рақобатпазирӣ дар соҳаи сайёҳӣ, ки аз ҷониби Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ (ФҶИ) дар соли 2017 муаррифӣ гардид, Тоҷикистон аз 136 ҷои имконпазир мақоми 107-умро касб кард. Ҷолиби диққат аст, ки Тоҷикистон дар рӯйхати кишварҳое, ки дар давоми як сол ҷаҳиши беҳтарин сайҳӣ нишон додаанд алоҳида қайд гардида, пас аз Озарбойҷону Ҷопон дар ҷойи сеюм қарор гирифтааст.

Табиист ки соҳаи сайёҳӣ бе рушди деҳот ва бе фароҳам овардани шароити мусоиди сайругашт дар маҳалҳо чандон инкишоф намеёбад, аз ин рў, хеле саривақтист вақте ки Сарвари давлат дар Паёми навбатиашон ба ин масъала диққати зарурӣ доданд. Гузашта аз ин, ба ҳамагон маълум аст, ки макони сайругашти сайёҳон ва он ҷое, ки ҳунарҳои мардумии ин ва ё он халқу миллатҳо ба таври зарурӣ ҳифз гардидаву асолати худро гум накардаанд, маҳз деҳот ва маҳаллу минтақаҳо мебошанд.

Агар ба таври дигар гўем, рушди деҳоту соҳаи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба ҳамдигар пайванди ногусастанӣ дошта, яке бе дигар рушду инкишоф намеёбанд.

Дар баробари ин, паҳлўи дигари масъалаи мазкурро низ набояд аз мадди назар дур кард. Яъне, ҳамаи мо зимни сафар ба ин ё он шаҳри кишвар ва ё хоҳ тариқи воситаҳои ахбори омма мебинем, ки дар натиҷаи андешидану амалӣ сохтани як қатор тадбирҳои созандаи Ҳукумати мамлакат тайи солҳои охир пойтахти ҷумҳурӣ, марказҳои маъмурии вилоятҳо ва шаҳрҳои саноативу стратегии Ватани азизамон хеле ободу зебо гардидаанд. Ин албатта хеле хуб аст ва самараи он ваҳдату якдилии мардум ва пойдории суботу оромии сартосарӣ дар кишварамон мебошад. Аммо тавре мушоҳида мешуд, ҳукуматҳои маҳал, алалхусус мақомоти марбутаи ноҳияҳои алоҳидаи кишвар ба рушду ободии деҳот, ки тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон зикр намуданд, «ободии деҳот ободии шаҳрҳо ва пеш аз ҳама, пуру ѓанӣ гардидани дастархони хонадони ҳар сокини пойтахти кишварамон мебошад», чандон таваҷҷуҳи зарурӣ намедоданд. Дар натиҷаи чунин кам таваҷҷуҳ доданҳо, маҳаллу деҳоти кишвар, хусусан мавзеъҳои кўҳистони ҷумҳурӣ, ки макони беҳтарини сайру сайёҳат ва муаррификунандаи олии ҳунару урфу одат ва анъанаҳои миллии тоҷикон маҳсуб меёбанд, чандон рушду обод нагардиданд. Яъне, ба ин масъала дар маҳалҳо чандон аҳаммият намедоданд.

Акнун, бо эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» метавон бо дилпурӣ иброз дошт, ки ба масъалаи ободии маҳалҳо, хусусан деҳоти дурдаст диққати зарурӣ дода мешавад ва ин иқдоми Пешвои миллат боис мегардад, ки дар зарфи се соли оянда бо ободу зебо шудани маҳаллу деҳоти кишвар, дар умум, тамоми Ватани азизамон шукуфон мегардад.

Дар ҷумҳуриамон хеле вақт шудааст, ки омодагиҳо ба ҷашни умумиллӣ, яъне 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон босуръат идома доранд. Дар ин маврид, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанўз 19 декабри соли 2017 ба имзо расида буд. Бо ин ҳол, солҳои 2019-2021-ро ҳамчун «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намудан, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат ба он таъкид карда шуд, метавон идомаи омодагиҳо барои сазовор истиқбол гирифтан аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз арзёбӣ намуд. Зеро, ташаббусу иқдомоте, ки ба хотири дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ин ҷашни умумиллӣ имрўзҳо дар саросари кишвар роҳандозӣ шуда истодаанд, бешак ба ободу зебо гардидани Ватанамон нигаронида шудаанд. Ва дар ин радиф, он чорабиниву тадбирҳои судманде, ки тайи се соли оянда дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019-2021 амалӣ хоҳанд шуд, низ баҳри ободу шукуфон гардидани Тоҷикистони маҳбубамон, ки хонаи умеди ҳар тоҷики рўйи олам аст, равона карда мешаванд.

Дар бахши дастгирии иқтисодӣ дар буҷети соли 2019 нисбат ба соли 2018 ба соҳаҳои фарҳангу варзиш 17,3 фоиз, илму маориф 14, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 9,5 ва тандурустӣ 7,2 фоиз зиёд маблағ равона карда мешаванд. Тибқи нақшаҳои тасдиқшуда дар соли 2019 афзоиши қисми даромади буҷети давлатӣ нисбат ба соли 2018 13 фоиз, суръати рушди маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ беш аз 7 фоиз ва таваррум дар сатҳи на зиёда аз 7 фоиз таъмин гардида, даромади пулии аҳолӣ на кам аз 10 фоиз афзоиш меёбад.

Бешубҳа, дар солҳои наздик дар сурати андешидани тадбирҳои саривақтӣ дар самти рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Тоҷикистони биҳиштосои мо  ба мавзеи муҳими сайёҳии минтақа табдил меёбад. Ба ин раванд эълони соли 2019-2021 ҳамчун солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мусоидати муассир  намуда, саҳми ҳар як узви ҷомеаи Тоҷикистонро дар ин асно тақозо менамояд.

Дар маҷмўъ бошад, ҳамаи ин ташаббусҳои наҷибонаи андешидаи роҳбарияти Ҳукумати кишвар, алалхусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба сарсабзии диёри аҷдодӣ ва пешрафту некўаҳволии рўзгори мардуми тоҷик мусоидат менамоянд. Дар ин замина, Паёмҳои Роҳбари давлат ба Маҷлиси Олӣ чун дастури рўйимизии ҳар хизматчии давлатӣ, дар дили ҳар як сокини кишвар шуълаи умедро ба ояндаи дурахшон фурӯзон намуда, ба кас эътимоду боварӣ мебахшад, ки кишвари мо новобаста аз вазъи мураккаби сиёсию иқтисодии ҷаҳони муосир таваҷҷуҳи худро ба беҳбуд бахшидани зиндагии мардум сол ба сол зиёдтар намуда, кафолати ҳаёти осоишта ва сулҳу амниятро таҳким мебахшад.

Корманди дастгоҳи

Суди иқтисодии вилояти Хатлон

Эмомализода  Н.Э.