Паём роҳнамои фардои ҷомеа – муовини Раиси Cуди иқтисодии вилояти Хатлон Ҷалилзода Х.Р.

Ба ҳамагон маълум аст, ки Паёми Асосгузори сулу вадати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумурии Тоҷикистон мутарам Эмомалӣ Рамон ба Маҷлиси Олӣ, ки санаи 26 декабри соли ҷорӣ ироа гардид, самтои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакатро матра ва дар навбати худ фаъолияти ниодои давлатӣ, аз ҷумла судҳо ва умуман, ҷомеаи моро барои як маралаи томи оянда муайян намуд.

Дар Паёми имсола дастовардҳои мамлакат, беҳ гардидани даромади солонаи кишвар, сатҳи зиндагии мардум, афзоиш додани ҷойҳои нави корӣ барои занон, дастгирии соҳибкории хурду миёна, пешниҳоди қарзҳо барои рушди соҳибкорӣ, дастгирии лоиҳаҳои инвестсионӣ, дастгирии табақаҳои камбизоати аҳолӣ, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, гиромидошти анъанаҳои миллӣ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва дигар масъалаҳои муфид арзёби гардиданд.

Пешвои миллат зимни ироаи Паём қайд намуданд, ки бо мақсади вусъат бахшидан барои корҳои ободони ва бо назардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳод, солҳои 2-19-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда шавад.

Ҳамчунин Асосгузори сулу вадати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумурии Тоҷикистон мутарам Эмомалӣ Рамон, таъкид намуданд, ки дар марҳилаи барои ояндаи кишварамон сарнавиштсоз аз Роҳбари давлат, аъзои Ҳукумат ва вакилони парламент сар карда, то роҳбарони ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ, раисони вилоят, шаҳру ноҳияҳо ва хизматчиёни давлатӣ вазифадор мебошанд, ки як масъалаи муҳимро ҳамеша дар хотир дошта бошанд: тибқи Конститутсия халқ сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ мебошад, яъне ҳокимият ба халқ таалуқ дорад.

Бинобар ин, роҳбарони тамоми сохтору мақомоти давлатӣ ва кули хизматчиёни давлатӣ бояд ба халқ содиқона хизмат кунанд на халқ ба онҳо. Инчунин бояд ташабусккор бошанду тамоми кӯшишу ғайрат, донишу малака ва қобилияти ташкилотчигии худро барои раҳнамоӣ кардани мардумӣ шарифи Тоҷикистон ва ҳар як фарди бонангу номуси ҷомеа ба корҳои ободонӣ сафарбар намоянд.

Ҳамзамон Пешвои миллат қайд намуданд, ки пешрафти минбаъдаи ҷомеа ва амалӣ намудани мақсаду вазифаои дарпешистода кафолати амаҷонибаи адолати судиро талаб мекунад.

Зарур аст, ки барномаи нави ислооти судиву уқуқӣ таия карда, дар доираи он сохтор ва фаъолияти мақомоти судӣ такмил дода шавад ва ҷиати баррасии босифату саривақтии парвандао ва иҷрои санадои қабулнамудаи мақомоти судӣ чораои мушаххас андешида шаванд.

Бо ин мақсад, Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Вазорати адлия ва Хадамоти иҷро дар мулатои кӯтотарин барномаи нави ислооти судиву уқуқиро барои солои 2019-2021 таия ва пешниод созанд.

Гузашта аз ин, Пешвои миллат дар идомаи суханронӣ дар назди кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ як қатор вазифаҳо гузошта, онҳоро ба хизмати содиқона ба нафъи давлату миллат ҳидоят карданд.

Ҳамчунин аз ҷониби Президенти мамлакат таъкид карда шуд, ки диққати асосӣ бояд ба пешгирӣ намудани терроризму экстремизм, шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ба Ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда равона карда шавад.

Бояд қайд намуд, ки кормандони ҳокимияти судӣ тамоми қувваю ғайрати худро баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидоятҳое, ки аз Паёми роҳбари давлат бармеоянд, равона набуда, барои ободию шукуфоии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста хизмат менамоянд.

Лозим ба ёдоварист, ки роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди иқтисодии вилояти Хатлон низ Паёми Президенти мамлакатро чун роҳнамову дастури амалӣ қабул намуда, тасмим гирифтаанд, ки дар рафти бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ, мазмуну муҳтавои Паёмро ба аҳли ҷомеа расонанд.

                                                                             Муовини Раиси суди

                                                                        иқтисодии вилояти Хатлон

                                                                        Ҷалилзода Х.Р.