• Главная »
  • Маърӯзаҳо ва мақолаҳо »
  • Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади ҳуқуқии мутаҳидсозандаи халқи тоҷик ва оини давлатдории миллат – судяи Суди иқтисодии вилояти Хатлон Қурбониён Б.С.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади ҳуқуқии мутаҳидсозандаи халқи тоҷик ва оини давлатдории миллат – судяи Суди иқтисодии вилояти Хатлон Қурбониён Б.С.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид, ҳамчун ҳуҷҷати сарнавиштсоз ва бахтномаи миллат дар роҳи эъмори давлатдории навини тоҷикон, пайвастани он бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ, таъмини сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон нақши барҷастаи таърихӣ дорад.

Конститутсияи кишвар, ки таҷассумгари орзуву ормони озодандешӣ ва ғояҳои ҷовидонаи мардуми мо мебошад, барои пойдории ҳокимияти конститутсионӣ, таҳкими рукнҳои давлатдорӣ, ноил гардидан ба пешравиҳои азими сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ба вуҷуд овардани асосҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва муҳайё намудани фазои мусоид барои ташаккули озодонаи ҳар фард заминаи мустаҳкам ва боэътимоди ҳуқуқӣ гузошт.

            Конститутсия маҳсули андешаи миллӣ ва арзишҳои бунёдии халқи кишвар мебошад, зеро ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз маҳз ба шарофати андешаву ҳувияти миллӣ, таҳаммулгароӣ ва ҷасорату матонати сиёсии мардуми дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ қабул гардида, барои устувории пояҳои давлати мустақил мусоидат намуд.

Истиқлолият ва соҳибихтиёрӣ дар ҷомеа андешаи барпо намудани давлати ҳуқуқбунёду демократӣ, таҷзияи ҳокимият, гуногунандешиву бисёрҳизбӣ, соҳибихтиёрии халқ, эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафолати мавҷудияти моликияти хусусӣ ва дигар масъалаҳои муҳимми демократиро ба вуҷуд овард, ки барои расидан ба ин ҳадафҳо ва куллан дигаргун кардани сохти давлатдорӣ зарурати қабули Конститутсияи нави кишвар ба миён омад.

Дар сатҳи Конститутсия инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ҳамчун арзиши олӣ эътироф шудааст, ки мавҷудияти ин меъёр баёнгари амалан ба ҷомеаи мутамаддини муосир пайвастани Тоҷикистон мебошад ва дар айни замон шаҳодати он аст, ки кишвари мо дар бунёди ҷомеаи демократӣ ва давлати иҷтимоӣ пойдевори устувор ва заминаи боэътимод гузошта истодааст. Аз ин ҷиҳат Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳамаи конститутсияҳои замони шўравӣ тафовути куллӣ дошта, ҳамзамон ба конститутсияҳои имрўзаи давлатҳои демократӣ ва муқаррароти санадҳои байналмилалии соҳаи ҳуқуқҳои инсон шабоҳат дорад.  Конститутсия барои шаклгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ низ асосҳои устувор гузошта, кафолати инкишофи озодонаи ҳар шахсро муҳайё сохт ва муҳимтарин ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро, ба монанди озодии сухан, гуногунандешӣ, ошкорбаёнӣ, матбуоти озод, дастрасӣ ба ҳама гуна иттилооти барои шахс зарур, озодии ҳаракат ва иродаро ҳамчун заминаи бунёдии ҷомеаи озоди шаҳрвандӣ муқаррар намуд. Эҳтиром ба қонун, ба арзишҳои олии инсондӯстона, ба муқаддасоти миллӣ ва анъанавӣ, ки таъмини фаъолияти озоди соҳибкорӣ ва дигар навъҳои зоҳирёбии истеъдоди инсониро кафолат медиҳад, аз комёбиҳои умдатарини Конститутсия дар роҳи эъмори ҷомеи шаҳрвандии хусусияти миллидошта ба ҳисоб мераванд.

Дар таърихи давлатдории тоҷикон бори аввал дар сатҳи Конститутсия ҳокимияти судӣ ба ҳайси шохаи мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардид. Ҳамзамон бо ин, маҳз Конститутсияи кишвар риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро тавассути фаъолияти мақомоти судӣ кафолат дод.

Конститутсияи ҳар як давлат асосҳои сохтори давлатӣ, иҷтимоиву иқтисодӣ ва вазъи ҳуқуқии шахсро дарҷ намуда, барои рушди босуботи ҳар як кишвар замина мегузорад. Бо қабули Конститутсия дар Тоҷикистон давраи наве дар ҷодаи эътирофи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон оѓоз шуд.   Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи мардуми Ҷумҳурӣ озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас мешуморад. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътирофу риоя ва ҳифз намудани давлат ҳамчун яке аз асосҳои сохтори конститутсионии Тоҷикистон муайян шудааст. Дар ҳамин замина боби дуюми Конститутсияи ҳуқуқ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрвандро муқаррар намуда, асоси юридикии ҳуқуқ ва озодиҳои инсонро дар Тоҷикистон ташкил медиҳад. Конститутсияи Тоҷикистон дар мавқеи эътирофи ҷудонопазирии ҳуқуқ  ва озодиҳои инсон қарор дорад. Он дар худ барои қонунгузории конститутсионӣ ҳолати наверо оид ба муносибати давлат ба инсон ва шаҳрванд ҷой додааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати Тоҷикистонро чун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон мекунад. Ин меъёр ҷавобгўи ҳадаф ва талаботи инкишофи ҷомеаи демократӣ дар ҷаҳони мутамаддин буда, ҳоло дар конститутсияҳои ҳамаи давлатҳои демократии дунё ифода гаштааст. Аз тариқи меъёри зикршуда Тоҷикистон худро аъзои ҷомеаи башар, муборизи арзишҳои ҳуқуқӣ, қонун ва демократия эълон мекунад. Ҳамзамон пуштибонӣ аз манфиатҳои давлати миллӣ, пеш аз ҳама, сохибихтиёрӣ ва истоқлолияти давлатӣ дар назар аст.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санадест, ки ба василаи он сохтори давлатии Тоҷикистон тавассути таҳкими арзишҳои бунёдии он ба худ шакли муайян мегирад. Конститутсия арзишҳои асосии давлату ҷамъият ва тартиби ҳифзи давлатии онҳоро муайян мекунад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити низоъи байни тоҷикон таҳия ва қабул гардид. Аз ин ҷиҳат, вазифаи аввалиндараҷаи он таъмини оштии миллӣ ва сулҳи тоҷикон буд. Бо ин мақсад ҳангоми таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодоти доираҳои васеи аҳолӣ, намояндагони гурўҳҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла собиқ мухолифин ба инобат гирифта шуданд. Дар он кулли талаботи ҳуҷҷатҳои сиёсиву ҳуқуқӣ дар бахши ризоияти миллӣ ифодаи худро ёфтанд. Аз ин нуқтаи назар, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарвоқеъ ҳуҷҷати созиши иҷтимоӣ ва заминаи ҳуқуқии таъмини сулҳи тоҷикон гардид. Чунин таҷрибаи конститутсионии Тоҷикистон ҳоло чун намунаи ҳалли низоъи дохилӣ эътироф шудааст.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буда, заминаи ҳуқуқии бунёди давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқии ормонҳои давлатдории миллӣ, ҳимояи ҳадафҳо ва манфиатҳои миллӣ, осори таърихӣ ва фарҳанги миллӣ мебошад. Дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сохибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамомияти арзии Тоҷикисон, дахлнопазирии ҳудуди кишвар, моҳият ва вазифаҳои давлат, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ ва шаклҳои давлатдории Тоҷикистон, ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, асосҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон эълон шудаанд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дастоварди миллӣ буда, муқаддасоти миллӣ, андешаи давлатдории миллӣ, истифодаи васеи анъанаҳо ва осори таърихии миллиро эълон ва таъмин мекунад. Он нахустин Қонуни асосии давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон мебошад, ки пас аз таърихи беш аз ҳазорсолаи аз байн рафтани давлати Сомониён барпо гардид.

 

Судяи Суди иқтисодии вилояти Хатлон

Қурбониён Б.С.