Конститутсия – дастоварди муҳим – Котиби маҷлиси судии Суди иқтисодии вилояти Хатлон Шарифзода О.О.

Конститутсия ҳамчун Қонуни асоси дар таҷрибаи давлатдории ҷаҳони таърихи беш аз дусадсола дорад. Истилоҳи «конститутсия» аз лотини буда маънои муқарарнамои таъсиснамоиро дорад. Конститутсия аввалин бор дар ИМА соли 1787 қабул кардашуд. Баъдан давлатҳои Аврупо аз ин таҷриба истиқбол кардан ва нахуст Фаронса ва Полша конститутсияи худро қабул карданд. Дар конститутсия пеш аз ҳама шакл ва муҳити давлат, сохти идоракунии он, вазъи ҳуқуқии инсон ва шаҳрванд, тартиби ташкил ва фаолияти мақомоти давлати муқарар карда мешаванд. Давлатҳое ки федеративи мебошанд ё дар ҳайати он субектҳои мухторияти мавҷуд мебошанд, метавонанд вазъи ҳуқуқии ҳар як субектони худро дар конститутсия муқарар кунанд. Муфассал нишон додани меъёрҳо хоси конститутсия намебошад, чунки ба тағйиротҳои кучак дар ҳаёти ҷамъияти ба конститутсия  тағйиру иловаҳо ворид кардан лозим меояд. Дар сурати зуд-зуд тағйиру иловаҳо ворид кардан  конститутсия арзиши худро гум мекунад Конститутсия соли 1937-уми Тоҷикистон чунин хусусиятро доро буд, дар он ҳатто номҳои шаҳру вилоятҳо оварда шуда буд, ки дар натиҷа ба он даҳҳо маротиба тағйиру иловаҳо ворид шуда буданд. Хусусияти асосии Конститутсия ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ дар он мебошад, ки пеш аз ҳама халк худ ташаббус карда онро қабул мекунад. Агар ташаббуси мақомоти давлати дар қабули конститутсия бошад,  вале  халқ  ба он розӣ набошанд,  метавонанд онро дар раъйпурсии умумихалқӣ рад кунанд. Дар Тоҷикистон панҷ маротиба Конститутсия кабул карда шудааст. Конститутсияе, ки халқи тоҷик бевосита дар ҷараёни қабули он ширкат варзид ва мустақилона онро таҳия намуд, ин конститутсияи ҳоло амалкунанда ба шумор меравад. Конститутсияи соли 1994 дар таносуб аз конститутсяҳои пешин куллан фарқ мекунад, он дар натиҷаи табадулоти куллии ҳаёти сиёсию ҷамъиятӣ ба вуҷуд омада, дар худ муносибатҳои ҷамъиятӣ ва падидаҳоеро ҷой додаст, ки дар конститутсияҳои гузашта мавҷуд набуданд. Ба мисоли таҷзияи ҳокимият, гуногунандешии сиёсӣ ва мафкуравӣ, шаклҳои гуногуни моликият, фаъолияти озоди соҳибкорӣ ва ҳоказо. Ба Конститутсияи ҶТ се маротиба (26-сентябри соли 1999, 22-июни соли 2003 ва бори сеюм 22 майи соли 2016)  тағйиру иловаҳо ворид карда шудааст. Дар мақолаи мазкур мо атрофи  тағйиру иловаҳои соли 2016 сухан меронем. Дар  раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҶТ, ки санаи 22 майи соли 2016 баргузор гардид, ба 40-банд, яъне 38 моддаи Конститутсия  тағйиру иловаҳо ворид карда шудаанд.

Боби дуюми Конститутсяи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки «Ҳуқуқ, озодӣ, вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд»  ном дорад,  дарбаргирандаи 33 модда буда (моддаҳои 14-47)  дар асоси ин тарҳи  пешниҳодшуда  ба 10 моддаҳои он тағйироту иловаҳо дар назар дошта шудааст. Дар мақолаи мазкур мо атрофи  тағйиру иловаҳои воридшаванда ба моддаҳои 14,15 ва 16-ро баррасӣ намуда, то андозае  ҳам бошад сабабҳо ва зарурияти такмили ин меъёрҳоро қайд менамоем.

Инак, ба моддаи аввали боби мазкур яъне 14 ду тағйирот пешниҳод шудааст. Дар қисми дуюми модда калимаҳои  «маҳалли ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро»  ба калимаҳои  «мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро» иваз карда шудааст. Қисми дуюми моддаи мазкур дар айни ҳол чунин муқарар шудааст.  «Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амали мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, маҳалли ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро муаян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд».  Пешниҳоди мазкур характери мушаххаскунанда ва дақиқкунанда дошта, ба таври том номи пурраи мақомоти маҳалли ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии маҳаллиро ифода мекунад. Гузашта аз ин истилоҳи «маҳалли»  бе номгир  кардани мақомот пеш аз он, дар қатори ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия,  ҳамчун шохаи ҳокимият баҳо додан ба мақомоти маҳаллиро ифода мекунад. Бинобар ин пешниҳоди мазкур меъёрро фаҳмо ва мукаммал гардонд.

Дуюм тағйиру илова ба ин модда дар қисми сеюми моддаи мазкур мебошад, ки калимаҳои  «ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрванд»  ва  «сохти конститутсионӣ»  мувофиқан ба калимаҳои «ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд»  ва  «асосҳои сохтори конститутсионӣ, амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи ҷомеа, сиҳатии аҳолӣ» иваз карда шудааст. Дар айни ҳол ин қисмати  модда чунин муқаррар шудааст: «Маҳдуд кардани ҳуқуқ  ва озодиҳои шаҳрванд танҳо ба мақсади таъмини ҳуқуқ ва озодии дигарон,  тартиботи ҷамъиятӣ, ҳимояи сохти конститутсионӣ  ва тамомияти арзии ҷумҳурӣ раво дониста мешавад».  Дар қабули Конститутсияи ҶТ ва тағйиру иловаҳои солҳои 1999 ва 2003 калимаи «инсон» аз ин қисмати модда берун монда буд. Ва ин дар амалишавии ин меъёр монеаҳоро ба вуҷуд меовард. Гарчанде меъёри мазкур шаҳрванд гуфта инсонро ҳам дар назар дорад, вале набудани «инсон» дар ин муқаррарот дар таҷриба нофаҳмиҳои зиёдро ба миён меовард.

Иваз намудани ибораи «сохти конститутсионӣ» ба ибораи «асосҳои сохти конститутсионӣ»  бошад бевосита аз мазмуни Конститутсия бармеояд, зеро боби  аввали Конститутсия ҶТ чунин ифода шудааст.  Дар он ин асосҳо аз қабили моҳияти соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ, иҷтимоӣ, ягонгӣ, соҳибихтиёрии халқ, дахлнопазирӣ ва тақсимнашаванда будани ҳудуди Тоҷикистон оварда шудааст. Бо мақсади ҳифзи ин арзишҳои олӣ ва эмин нигоҳ доштани онҳо аз ҳар гуна суиқасд мутобиқи талаботи қонунгузорӣ ва санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мумкин аст, ки ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд маҳдуд карда шаванд. Чи тавре ки дар боло қайд гардид, дар ин  қисмати модда ибораи  «амнияти давлат, мудофиаи мамлакат, ахлоқи чомеа, сиҳатии ахолӣ»  илова карда мешавад. Вазъи ҷаҳони муосир, муноқишаҳои тезу тунди сиёсӣ, буҳрони молиявию иқтисодӣ ва афзун гардидани хатару таҳдидҳо аз ҷониби унсурҳои терористию экстремистӣ дар бисёре аз кишварҳои олам таҳдид менамояд, ки ҳар як давлат бо мақсади ҳифз ва таъмин намудани сулҳу суботи сиёсӣ, манфиатҳои миллию давлатӣ, мустаҳкаму ободии Ватан, рушди устувори бомароми иқтисодию иҷтимоӣ ва муҳайё намудани шароити мусоид барои некуаҳволии шаҳрвандон тадбирҳо меандешад. Ва бо ҳамин мақсад  қисми 3-юми  моддаи 14 Конститутсия мукаммал гардонида, такмил дода шудааст.

Дар моддаи 15  Конститутсия ҶТ се тағйирот пешниҳод шудааст, ки мутобиқи он қисми якум дар таҳрири зерин ифода карда шудааст. «Шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсе ҳисоб меёбад, ки дар рўзи қабули Конститутсия шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ё мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб шуда бошад».  Дар  айни замон меъёри мазкур  чунин муқаррар шудааст:   «Шаҳрванди Тоҷикистон шахсе ҳисоб меёбад, ки дар рўзи қабули Конститутся шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад».  Муқарароти пешниҳодшуда ба таври пурра эътирофи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар рўзи қабули Конститутсия ва соҳиб шудан ба шаҳрвандӣ  мувофиқи Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  « Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз  4.11.1995 ва шартномаҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон ифода кардааст. Бояд кайд кард, ки  Қонуни Конститутсионии намбаршуда шаҳравнди Ҷумҳурии Тоҷикистон шудан ва катъ гаштани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикстонро танзим намуда ишораи  «мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»  дар  ( тарҳ) қисми 1 моддаи 15 ба ин қонуни конститутсионӣ мебошад.  Мувофиқи моддаи 12  Қонуни конститутсионӣ  Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  «ҳангоми ҳалли масъалаҳои шаҳрвандӣ дар баробари Қонуни конститутсионии  мазкур шартномаҳои байналмилалии  Тоҷикистон, ки масъалаҳои шаҳрвандиро танзим менамоянд, татбиқ мегардад». Бинобар ин шартномаҳои байналмилалӣ ҳам дар ин меъёр ворид карда шуд.

Дар қисми дуюми модаи зерин бошад пайвандаки «ва» ба пайвандаки «ё»  иваз карда шудааст.

Тағироти сеюм ба модаи мазкур ба қисми сеюми он ворид карда шудааст, ки дар таҳрири зерин ифода карда шудааст.  «Тартиби соҳиб шудан ва қатъ гардидани шаҳрвандии  Ҷумҳурии Тоҷикистонро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд».  Дар айни ҳол меъёри мазкур чунин муқарар шудааст:  «Тартиби ба шаҳрванди қабул шудан ва аз он хориҷ гардиданро қонуни конститутсионӣ танзим менамояд».  Ин тағирот бо қонунгузории соҳавии амалкунанда мутобиқ гардонида шуд. Бояд қайд кард, ки соҳиб шудан ба шаҳрвандӣ мафҳуми васеъ мебошад, ки дар таркиби  худ шаклҳои гуногуни соҳиб шудан ба шаҳрвандиро аз он ҷумла соҳиб шудан ба шаҳрванди аз рўи таввалуд,  аз рўи бақайдгирии  он,  дар натиҷаи барқарор шудан ба шаҳравандӣ ҷой додааст ва ба шаҳрвандӣ қабул шудан як шакли соҳиб шудан ба шаҳрвандӣ мебошад,  ки ин дар моддаи 15 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  возуҳу равшан оварда шудааст.  Дар хусуси ибораи «қатъ гардидани шаҳрвандӣ» бошад, конунгузорӣ ҳамин ибораро истифода мебарад на «хориҷ шудан аз шаҳрвандӣ»-ро. Чунончӣ боби сеюми Қонуни конститутсионии дар боло зикргардида «Қатъ гаштани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ном дорад.

Дар моддаи 16 пешниҳод шудааст, ки калимаи «эълоншуда» ба мафҳуми  «муқараргардида»  иваз карда шавад. Ин тағйирот ба қисми дуюми модда мансуб буда дар айни ҳол меъёри мазкур чунин муқарар шудааст: «Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд аз ҳуқуқ ва озодиҳои эълоншуда истифода мебаранд ва баробари шаҳрванди Тоҷикистон вазифа ва масъулият доранд,  ба истиснои ҳолатҳое, ки қонун пешбини намудааст». Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита дар санадҳои меъёрӣ  ҳуқуқи дар  шакли Конститутся, қонун, кодексоҳо ва ғайраҳо муқарар шудаанд. Ва Конуститусияю конунҳо  ҳуқуқу озодиҳоро дар худ муқарар мекунанд на эълон.  Бинобар ин калимаи «эълоншуда» ба талаботи меъёри мазкур ҷавобгў набуд ва зарур дониста шуд то дуруст гардонида шуда бо мафҳуми «муқараргардида», ки асалан ин  истилоҳи ҳуқуқи мебошад иваз карда шавад.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, мехоҳам тамоми халқи тоҷикро ба муносибати фарорасии 24-солгарди қабули Конститутсияи давлатии Тоҷикистон табрик намуда, тансиҳатӣ, сарбаланди ва тинҷию осудагии кишварамонро орзу менамоям.

 Котиби маҷлиси судии

 Суди иқтисодии вилояти Хатлон

Шарифзода Окилҷон Олим.