Нақши Конститутсия дар таҳкими ҳокимияти судӣ – Муовини раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон Ҷалилзода Х.Р.

Бо эълон шудани истиклолияти давлатӣ дар арсаи байналмиллали Тоҷикистон ҳамчун давлати сохибихтиёр эътироф шуда, ба сӯи инкишофи мустақилона кадам ниҳод. Зиёда аз 27 сол мешавад, ки Точикистони соҳибистиқлоли мо бо роҳи бунёди давлати демократи, дуняви ва ҳукукбунёд пеш рафта истодааст.

Тӯли 27 соли Истиқололият бо ташаббус, роҳнамои ва сиёсати хиратмандонаи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомали Рахмон раванди ислоҳоти ҳуқуқи тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаро фаро гирифт. Дар ҳамаи соҳаҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқи қабул гардида, мунтазам фаъолияти мақомотҳои давлатӣ таҳкиму рушд меёбанд.

Маҳз бо шарофати ба даст овардани истиқлолияти давлати Тоҷикистон ҳамчун қисми ҷудонашвандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шуд. Дар ҳамин замина, Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳуқуқу озодии инсон ва шаҳрвандро муқаддас шуморида, соҳибихтиёрии давлатро таъмин намуда, баробарҳуқуқии тамоми миллату халкиятҳро эътироф карда, санаи 6-уми ноябри соли 1994 бо роҳи райъпурсии умумихалқи Конститутсияи мамлакатамонро қабул намуд.

Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба сифати қонуни олии кишвар бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуда, ҳокимияти давлатиро бо таҷзияи ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ муқаррар намуд. Дар ин замина тамоми рукнҳои ҳокимияти давлатӣ вобаста ба салоҳияти конститутсионии худ фаъолият намуда, дар пешравӣ ва ташаккулёбии ҳаёти кишвар нақши худро мегузоранд. Ҳокимияти судӣ низ хамчун яке аз рукнҳои мустақили ҳокимияти давлатӣ дар қатори мақомоти қонунгузору иҷроия баҳри дар амал татбиқ намудан ва амалисозии адолати судӣ дар ҷомеа фаъолият менамояд.

Бинобар ин, маҳз боби ҳаштуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳокимияти судӣ бахшида шуда, низоми судии мамлакат, салоҳияти судҳо, принсипҳои асосии фаъолияти судӣ ва сохтори судҳоро мукаррар намудааст.

Қайд кардан бамаврид аст, ки дар моддаи 84-и Конститутсия омадааст, ки  “Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амали мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодии инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо қонунияту адолатро ҳифз менамояд.

Инчунин дар Конститутсия омадааст, ки адолати судӣ аз ҷониби Суди Конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе амалӣ мегардад.

Ҳамзамон ҷоизи қайд аст, ки дар боби мазкури Конститутсия доир ба фаъолияти судҳо дар симои судяҳо нуктаи хеле муҳим – амали мустақилонаи судҳо ва дахлнопазир будани судяҳо баён шудааст. Чунончи дар моддаи 87-и Конститутсия қайд карда шудааст: судяҳо дар фаъолияти худ мустақил буда, танҳо ба Конститутсия ва қонун итоат мекунанд. Дахолат ба фаъолияти онҳо манъ аст.

Ин нуқтаҳо барои пойдории мустақилияти рукни ҳокимияти судӣ, ки яке аз талаботи асосии давлати ҳуқуқбунёд мебошад, баҳри таъмини фаъолияти суди босалоҳият ва беғаразона, ки дар асоси Конститутсия ва қонунҳо таъсис дода шудааст, равона гардидааст.

Бояд қайд намуд, ки  дар даврони Истиклолият мақомоти судии кишвар ба мазмуни воқеии шохаи мустақили ҳокимият ноил шуда истода, он тадриҷан зина ба зина бо такмилу таҳкими қонунгузории соҳа таквият меёбад.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, мехохам тамоми халқи тоҷикро ба муносибати фарорасии 24-солгарди қабули Конститутсияи давлати Тоҷикистон табрик намуда, тансиҳатӣ, сарбаландӣ ва тинҷию осудагии кишварамонро орзу намоям.

 

 

         Муовини раиси суди

                 иқтисодии вилояти Хатлон

   Ҷалилзода Х.Р.