24-СОЛИ ТАТБИҚИ МЕЪЁРҲОИ ОЛӢ – Раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон Хайриддинзода А.

Раванди таҳаввулоти таърихӣ дар солҳои 90-уми асри гузашта ба кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ имкон дод, ки дар мавриди шакл, сохтор, низом ва дигар ҷанбаҳои давлатдории хеш роҳи мустақилро пеш гиранд, ки бо дарназардошти воқеияти ҷаҳони муосир ниёз ва ормонҳои миллати хешро пиёда созанд.

Зикр кардан ба маврид аст, ки миллати тоҷик низ тавонист барои доштани давлати миллӣ, мустаҳкам кардани зербинои фарҳанги хусусан ба хотири саҳм доштан дар рушди тамаддуни башари корҳои зиёдеро ба сомон расонад.

Бояд зикр намуд, ки ҳануз ҳам тобистони соли1992 як ҳайате зери номи Комиссияи конститутсиони лоиҳаеро аз тариқи воситаҳои ахбори омма муаррифи карда буд, аммо мутаассифона бадхоҳони миллат дар он вақт нагузоштанд, ки дар кишварамон субот ва оромӣ қарор дошта бошад ва ин миллати тамаддунофар санади барои давлату миллати хеш бениҳоят муҳимро озодона муҳокима намуда, тибқи ормон ва ниёзҳои хеш қабул намояд. Вале душманони миллат фурсати муносиберо интизор дошта ва тавонист миллат ва давлатро ба мушкилоти хунин ва сангин бикашад.

Бояд ёдовар шуд, ки Комиссияи конститутсиони ду лоиҳаи Конститутсияро ба муҳокимаи умумихалқи пешниҳод намуд. Зикр кардан ба маврид аст, ки миллати точик новобаста аз он, ки дар гирдоби бозиҳои сиёсӣ қарор доштанаш рузи 6 ноябри соли 1994 дар як руз ҳам ба санади тақдирсози худ Конститутсия раъй дода ва ҳам роҳбари воқеан ҳам барои давлату миллат дилсуз ва ҷонфидоро интихоб намуданд, ки дар ин маврид таҷрибаи тоҷикон хеле ҳам нодир ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон зикр намудан ба маврид аст, ки бо шарофати қабули Конститутсия, бо сиёсати хирадмандона ва сулҳҷӯёнаи фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кашмакшиҳои сиёсию бесарусомониҳо хотима ёфта, ба сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар мамлакат асоси боэътимод гузошта шуд.

Қобили тазаккур аст, ки як миллати озода ва соҳибфарҳанги тоҷик бо таваҷҷуҳ ба воқеияти замон ва манофеъи милли конститутсия ва сохтори давлатиро тибқи ниёз ва ормонҳои фитри ва таърихии хеш қабул ва интихоб намудааст, ки то ба ин васила рушди хешро таъмин созад ва ба кишвари хеш ифтихор дошта бошад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси як ҳуҷҷати сарнавиштсоз барои бунёд ва пешбурди ҷомеъаи Тоҷикистон эътироф шудааст. Имруз метавон гуфт, ки он як санади аз лиҳози ҳуқуқи хеле мукаммал ва ҷавобгӯи манфиатҳои миллию давлатии тоҷикон ба ҳисоб меравад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки маҳз ҳамин Конститутсияи кишвар буд, ки ваҳдати миллии тоҷиконро пойдор ва устувор гардонида баҳри сохтани ҷомеъаи воқеан ҳам демократӣ, дунявӣ ва ягона заминаи асоси гузошта давлату миллати тоҷикро дар арсаи байналмилали муаррифи намуд. Маҳз дар ҳамин Конститутсия танзими ҳокимият пешбини шуда ҳокимияти давлатӣ танзими худро ёфтааст. Ҳамчунин бояд зикр намуд, ки дар ҳамин Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон суд ҳамчун шохаи ҳокимият эътироф гардида шинохта шуд.

Нуқтаи дигаре, ки арзиши оли доштани меъёрҳои Конститутсияро собит месозад ин мебошад, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб ба ҳама моддаҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳои алоҳида ва санадҳои зерқонунӣ ва санадҳои соҳави қабул карда шуда, дар амал татбиқ карда шуда истодаанд. Ҳамаи ин баҳри амали намудани ҳадафҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи ҳимояи ҳифзи ҳуқуқҳои асосии инсону шаҳрванд, ҳамчунин баҳри амали намудани ҳадафу ормонҳои миллати тоҷик равона карда шудааст.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлоияти давлатӣ ҳамчун кафолатдиҳандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд такмил дода шуда, бо мақсади боз ҳам устувор ва ба талаботҳои байналмилали мутобиқ гардонидани меъёрҳои он аз ҷониби халқи Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолии кишвар се маротиба, яъне соли 1999, соли 2003 ва соли 2016 ба Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи райъпурсии умумихалқи таъғйироту иловаҳо ворид карда шудааст.

Конститутсияи кишвар ҳамчун манба ва заминаи асосии рушди соҳаи иқтисоди, иҷтимои, сиёси ва амнияти кишвар ба ҳисоб рафта дар рушди ин соҳа нақши асоси ва муҳим дорад. Ҳамчунин Конститутсия баёнгари манфиатҳои оли буда низоми устувори давлат, тамомияти арзӣ, моҳияти демократию дунявии кишвар ва роҳи ояндаи онро таъмин мекунад

Бояд қайд намуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз панҷумин Конуститутсияҳои беҳтарини Иттиҳоди давлатҳои Аврупо будан низ делели гуфтаҳои боло мебошад.

Бояд зикр намуд, ки имрузҳо халқу миллати тоҷик тавъам будани  истиқлолият ва конститутсияро дар бунёди як давлати демократи хуб эҳсос мекунанд. Агар миллат соҳибистиқлол набошад ҳар гуна конститутсия ё санади дигаре ҳам набошад моли ин миллат буда наметавонад, чунки дар он танҳо зоҳирпарастӣ буда бо ин васила арзишҳои барои миллат бегона тарғиб карда мешавад. Дар ин миён мо бояд қабл аз ҳама эъломияеро, ки таввасути он Тоҷикистон кишвари соҳибистиқлол эълон гардид фаромуш насозем.

Конститутсияе, ки дар баробари интихоботи президенти қабул гардида Тоҷикистонро ҷумҳурии дорои шакли идораи президенти эълон кард.

Пеш аз ҳама қайд намудан зарур аст, ки ин конститутсия аз конститутсия пеш фарқ дошта барои давлати соҳибистиқлол қабул карда шуда дар он пеш аз ҳама ҳуқуқу озодиҳои инсон мавриди таваҷҷӯҳ қарор гирифтааст. Ҳамчунин дар Конститутсияи амалкунанда дар масири таърих баъди садсолаҳо забони точикӣ чун забони давлатӣ расман эълон гардид ва рамзҳои давлатӣ чун муқаддасоти давлату миллат ба ҳукми қонун шинохта шуданд. Мутобиқи ин талаботи меъёри Конститутсия коргузорӣ, забони мурофиа дар судҳои ҷумҳурӣ, ҳуҷҷатгузорӣ, таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ  ва дигар муносибатҳои меҳнати бо забони давлати сурат мегирад.

Ҳамчуни бояд зикр намуд, Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти ҳамин Конститутсия ба суи ҷомеъаи ҷаҳони собитқадамона пеш рафта, ҳамчун узви ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилали дар ҳалли монеаҳои сатҳи минтақави ва ҷаҳони иштироки фаъолона дошта ба таъсиси кишвари озоду демократӣ давра ба давра дар арсаи ҷаҳонӣ мавқеъи худро мустаҳкамтар сохта истодааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳои ҳарсолаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба иҷро ва риоя ҳатмии меъёрҳои Конститутсия таъкид месозад ва риояи ҳатмии меъёрҳои онро воситаи асосии рушди давлати ҳуқуқбунёд мешуморад. Аз ҷумла дар паёми худ президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 апрели соли 2014 таъкид сохтанд, ки «риоя ва иҷрои Конститутсия ва қонунҳо, яъне волояти қонун, яке аз роҳҳои муҳимми ташаккул ва рушди давлати ҳуқуқбунёду демократии маҳсуб меёбад. Ин кор аз мақомоти давлатӣ, шаҳрвандон ва иттиҳодяҳои онҳо сатҳи баланди фарҳанги сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқиро тақозо мекунад.»

Ин дастовардҳо бешубҳа симои Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун меъмори ваҳдат, эҷодгари фарҳанги сулҳ дар қарни нав ва роҳнамои таҳавулоти ҳамгирои ва ҳамзисти муаррифи менамояд.

Имсол миллати тоҷик бистучорумин солгарди санади барои давлату миллати хеш тақдирсоз Конститутсияи худро дар фазои орому осуда тибқи ниёзу ормонҳои хеш ҷашн мегирад. Аз ин рӯ бо нияту ормонҳои нек ва ояндаи дурахшони кишварамон тамоми мардуми Тоҷикисторо ба ифтихори ҷашни 24-солагии Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод мегуям.

 

   Раиси Суди иқтисодии

вилояти Хатлон

Хайриддинзода А.