Корҳои ободони аз ҷониби кормандони Суди иқтисодии вилояти Хатлон

Имрӯз дар Суди иқтисодии вилояти Хатлон бо ҷалби роҳбарият, судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди иқтисодии вилояти Хатлон шанбегӣ гузаронида шуд.

Дар ин шанбегӣ гирду атроф ва боғи назди бинои Суди иқтисодии вилояти Хатлонро тоза намуда, бо мақсади намои зебо пайдо кардан, гирду атрофи дарахтон ва гулҳоро нарм намуда аз алафҳои бегона тоза намуданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки барои дар сатҳи баланд ба роҳ мондани омодагӣ ба ҷашни «Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар рӯзҳои шанбе бо ҷалби роҳбарият ва кормандони судҳои иқтисодӣ шанбегӣ ва корҳои тозагию ободонӣ гузаронида мешавад.