Ҳуқуқшинос кист? – корманди дастгоҳи Суди иқтисодии вилояти Хатлон Эмомализода Н.Э.

Имрўзҳо яке аз ихтисосе, ки аксар шахсон ба он майли хониш ва кору фаъолият намудан доранд – ин касби ҳуқуқшиносӣ мебошад. Касби афзалиятнок дар ҷумҳурии мо ба ҳисоб меравад, ки ҳамасола садҳо нафар донишҷўён бо ихтисоси ҳуқуқшиносӣ донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳуриро хатм намуда соҳиби ихтисоси ҳуқуқшинос мегарданд.

Ҳуқуқшинос – ин мутахассиси соҳаи ҳуқуқ мебошад. Ў донандаи қонунҳо ва санадҳои меъёрӣ, онро истифода бурда ба каси дигар тафсири дуруст карда метавонад. Хулоса ҳуқуқшинос эксперт дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ, ки метавонад мансабҳои аз адвакат то судя – ро дошта бошад. Барои ин гирифтани маълумоти олии ҳуқуқӣ лозим асту бас.

Ҳуқуқ – низоми муқаррароти меъёрии умумиҳатмӣ мебошад, ки озодӣ, адолат, ҳуқуқҳои инсон ва дигар арзишҳои ҳуқуқиро инъикос намуда, шакли расмии ифодаёбӣ доранд, муносибатҳои ҷамъиятиро бо мақсади таъмини муташаккилӣ, тартибот ва рушди ҷомеа танзим мекунанд.  Калимаи ҳуқуқ – право аз jus –лотинии ҳақ, адл, адолат гирифта шудааст.

Вобаста ба пайдоиши ин соҳа гуфтан ба маврид аст, ки дар Рими Қадим ба вуҷуд омадааст. Дар рими Қадим аввалин намояндаҳои ин соҳа бо номи патронҳо фаъолият мекарданд. То онҳо ҳалли баҳсҳо ба уҳдаи шоҳ, амир ё императорҳо – роҳбарони давлатҳо ва фаъолияти суди ба диндорон гузошта шуда буд. Аз замони пайдоши патронҳо дониши ҳуқуқӣ инкишоф ёфт. Дар соҳаи ҳуқуқшиносӣ ҳам ҳимоягарӣ ва ҳам айбдоркунӣ инкишоф ёфта низоми судӣ ва судҳо ба вуҷуд омаданд.

Зери мафҳуми ҳуқуқшинос як қатор фаъолиятҳо мавҷуданд: адвакат, судя, прокурор, нотариус, муфаттиш ва юрист – машваратчиён. Ҳамаи инҳоро донишҳо оиди ҳуқуқ ва дигар санади меъёрӣ ягона менамояд. Махсусан ҳамин фаъолияти қабули қонун ва дигар санадҳои меъёрӣ, иҷрои он, назорати риояи он ҷамъиятӣ муосирро аз бесарусомониҳои аввалин, ки ҳамаи масъалаҳои бо роҳи истифодаи қувва ҳал мешуданд фарқ мекунонад.

Ҳуқуқшинос – мутахассисе, мебошад, ки озодона маълумотҳо оиди базаи қонунгузориро ихтиёрдорӣ мекунад. Ў далелҳоро дар асоси қонун ҷамъ намуда дар асоси онҳо бо роҳи муқаррарнамудаи қонун санадҳои татбиқи ҳуқуқ мебарорад. Дар замони мо ин соҳа хеле васеъ шудааст, бинобар ин мутахассисонро ба соҳаҳо ҷудо менамоянд. Масалан, онҳо дар симои ҳимоятгарон, айбдоркунандагон, экспертҳо, профессорҳо ва судяҳо ва ғ. Бе илму касби ҳуқуқшиносӣ ҷомеа ба бесарусомонию харобкори табдил меёфт.

Хулоса, касби ҳуқуқшинос дар ҷомеаи муосир дорои қадру қиммати баланд буда, ҳуқуқшинос дар ҷомеа соҳиби иззату эҳтироми хосса мебошад. Чи тавре, ки зикр намудем ин касби бисёр масъулиятнок аст, барои расидан ба қуллаҳои мурод дар ин касб сабру таҳаммул ва ҳамавақт дар омўзиш будан лозим меояд. Ин касб бештар касби амалиявӣ буда, ҳамарўза тағйироту инкишофро  талаб менамоянд, зеро муносибатҳои ҷамъиятӣ дар якҷо наистода ҳамавақт дар инкишоф мебошанд. Рўз то рўз муносибатҳои нав ба нав ба вуҷуд омада истодааст, бинобар ин аз ҳуқуқшиносон омўзиш ва аз пешравиҳои замон бохабар будан тақозои замон гаштааст.

Корманди дастгоҳи Суди иқтисодии вилояти Хатлон

Эмомализода Н.Э.