Мавқеи судҳои иқтисодӣ дар таҳкими заминаҳои иқтисодии истиқлолият – Муовини раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон Ҷалилзода Х.Р.

Бояд ёдовар шуд, ки дар заминаи истиқлолияти давлатӣ ва рушду такомули давлатдории навин ҷумҳурии мо давоми 27-сол махсусан баъди баргузор гардидани Иҷлосияи XVI-уми тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарвари давлати Тоҷикистониён интихоб гардидани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зина ба зина роҳи рушду тараққиётро тай менамояд.

Дар давраи Истиқлолият дар тамоми соҳаҳои иқтисодии кишвар гардиши куллӣ ва дигаргуниҳои назаррас ба вуқӯъ пайваста бо баробари дигар соҳаҳо, дар соҳаи иқтисоди низ ба  дастовардҳои беназир ноил гардидем.

Иқтисодиёти кишвар давоми солҳои истиқлолият дар доираи се ҳадафи стратегӣ, яъне истиқлолияти энергетикии давлат, аз бунбасти комуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани кишвар ва ҳифзи амнияти озуқавории мардум бо маром рушд ёфта дар мамлакат садҳо иншоотҳои аҳамияти иқтисодию иҷтимоӣ дошта бунёд гардиданд, ки имрӯзҳо самараи худро дода истодаанд.

Бунёди нақбҳои «Истиқлол», «Шаршар», «Шаҳристон» ва «Чормағзак», сохтмони нерӯгоҳҳои барқии «Сангтӯда 1», «Сангтӯда 2», идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун ва садҳо нерӯгоҳҳои хурду миёна, бунёд ёфтани шоҳроҳҳои азим, роҳҳои оҳан ва ғайраҳо номгӯи кӯтоҳи дастовардҳои иқтисодии мамлакат дар даврони истиқлолият ба шумор меравад.

Дар кишвари мо давоми солҳои истиқлолият ислоҳоти иқтисодӣ ва ислоҳоти ҳуқуқи паҳлӯ ба паҳлӯ идома ёфтанд, ки ба рушди бемайлони ин ду соҳаи муҳими ҳаёти ҷамъиятӣ мусоидат намуданд.

Баробари қабул гардидани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар ҷумҳурии мо ҳокимияти судӣ рукни мустақили ҳокимияти давлатӣ эътироф гардида ислоҳоти судӣ оғоз ёфт. Дар ин замина нахустин бор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Суди конститутсионӣ, судҳои иқтисодӣ ва ҳарбӣ, таъсис ёфтанд.

Дар натиҷаи дигаргун шудани сохти давлатдорӣ ва гузаштан ба иқтисодиёти бозоргонӣ ҷои нақшаро шартнома гирифт, ки омили асосии пешбурди иқтисоди бозоргонӣ ба ҳисоб мерафт. Муносибатҳои иқтисодии ҷамъият куллан тағйир ёфтанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки аниқи қонуниятҳои иқтисоди бозоргонӣ таъсис ва рушди системаи судии иқтисодиро ба миён гузошт.

Сараввал ислоҳоти системаи судҳои иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо иваз гардидани мақомотҳои арбитраҷи давлатӣ ба судҳои ҳакамӣ ва баъдан ба судҳои иқтисодӣ оғоз ёфт,  раванди ташаккули ҳокимияти судии мустақил ва самаранокро баҳри таъмини адолати судӣ дар соҳаи фаъолияти иқтисодӣ суръат бахшид. Зарурияти такмили минбаъдаи қонунгузории мурофиавии хоҷагӣ дар соли 1995 ба вуқӯъ омад ва ду санади нав: Қонуни конститутси­онии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва Кодекси мурофиавии хоҷагии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки асоси ҳуқуқии тартиби сохтори судӣ ва мурофиаи судии судҳои иқтисодӣ буданд, қабул шуданд. Онҳо табдил ёфтани собиқ арбитраҷҳои давлатиро ба мақомотҳои комили пурраи ҳокимияти суди ифода менамуданд ва бори аввал салоҳияти баамалбарории адолати судиро аз рӯи парвандаҳои хоҷагӣ ба зиммаи мақомоти судӣ вогузоштанд.

Имрӯзҳо тибқи қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати Плениуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва марҳилаи кассатсионӣ ва назоратӣ амал мекунанд.

Таъмин намудани қонуният ва адолат аз ҷониби ҳокимияти судҳои иқтисодӣ шарти муҳимтарини пешрафти иқтисодии мамлакат ҳисобида шудааст.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 июни соли 2007 Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ тасдиқ гардид, ки тадбирҳои мушаххас бобати амалӣ намудани ислоҳоти судию ҳуқуқиро дар бар гирифт.

Кодекси мурофиавии суди иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти куллиеро дар роҳи демократикунонии мурофиаи судии иқтисодӣ, таъмини мустақилияти иштирокчиёни мурофиа ва ба таври мубоҳисавӣ гузаштани мурофиаи суди иқтисодӣ, васеъ намудани ҳуқуқу ӯҳдадориҳои мурофиавии иштирокчиёни мурофиа ва таъмини кафолати истифодаи самараноки ин ҳуқуқу ӯҳдадориҳо, баланд бардоштани нақши судҳоро дар мавриди ба амал баровардани адолати судӣ, таъмини бемайлони мустақилияти судяҳоро пешбинӣ намуд.

Давоми солҳои охир Кодекси мурофиавии иқтисодии мамлакат мунтазам такмил дода шуда дар таъмини адолати судӣ ва рушди муносибатҳои иқтисодии ҷамъиятӣ ва ба ин васила барои боло рафтани мақоми судҳои иқтисодӣ дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии кишвар мусоидат карда шуданд.

Судҳои иқтисодӣ баҳсҳои иқтисодӣ ва дигар парвандаҳоро бо иштироки шахсони ҳуқуқӣ ва сохибкорони инфиродӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомот, шахсони мансабдор, воҳидҳое, ки мақоми шахси ҳуқуқиро надоранд ва шаҳрвандоне, ки мақоми соҳибкори инфиродиро доро нестанд, баррасӣ ва ҳал менамояд.

Судҳои иқтисодӣ парвандаҳои ба онҳо тобеияти идоравидоштаро бо иштироки ташкилот, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин ташкилотҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони бешаҳрванд, ки бо фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд, ташкилотҳои дорои сармояи хориҷӣ, агар бо санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қоидаи дигар пешбинӣ нашуда бошад, баррасӣ мекунанд.

Бо пешниҳоди Сарвари давлат барои қабули якчанд Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои минбаъда қабул гардид.

Мақсад аз таҳияи Барномаи мазкур аз таҳкими минбаъдаи ҳокимияти суди, баланд бардоштани нақши суд дар таъмини волоияти қонун, ҳифзи ҳамаҷонибаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ҳимояи манфиатҳои қонунии давлат, корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳо, такмили сохторҳои судӣ ва тақвияти фаъолияти онҳо, беҳдошти вазъи моддию ҳуқуқии мақомоти судӣ ва судяҳо, инчунин мукаммал намудани қонунҳо иборат мебошад.

Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими минбаъдаи ҳокимияти судӣ, ба­ланд бардоштани нақш ва мавқеи он дар ҷомеа, мустаҳкам гардидани мустақилияти судяҳо, зиёд шудани масъулияту ҷавобгарии онҳо ва таъмини минбаъдаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд такони ҷиддие бахшиданд.

Фаъолияти судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми солҳои Истиқлолият маҳз бо мақсади баланд бардоштани сифати адолати судӣ ва таъмин намудани қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дap соҳаи иқтисодиёт равона карда шудаанд, ки дар раванди рушди нишондиҳандаҳои иқтисодӣ нақши муҳим дорад..

Лозими ба ёдоварист, ки судҳои иқтисодии мамлакат ҳамчун дастоварди даврони истиқлолият дар оянда низ баҳри боз ҳам устувору мустаҳкам гардонидани ҳаёти иқтисодии кишвар, таъмини волоияти қонун дар соҳаи соҳибкорӣ, ҳамчун бахши муҳими иқтисод ва ба ин васила баҳри рушди иқтидори иқтисодии Тоҷикистон ва Истиқлолияти давлатӣ фаъолият мебаранд.

 

Муовини раиси Суди

иқтисодии вилояти Хатлон

Ҷалилзода Х.Р.