ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ МАНСАБИ ПРЕЗИДЕНТ-Кормарди дастгоҳи Суди иқтисодии вилояти Хатлон Шарифзода О.О.

Мувофиқи қисми 1 моддаи 64-Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президент Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия аст.

Аз рӯйи таълимоте, ки дар илми ҳуқуқшиносӣ, махсусан назарияи давлат ва ҳуқуқ вуҷуд дорад, Сарвари давлат шахси расмии мансабдор буда, дар табақабандии сохторҳои давлатӣ ҷойи аввалро ишғол мекунад ва дар муносибатҳои байнидавлатӣ ва байналмилалӣ намояндаи олии давлат ба шумор меравад. Дар амалияи сиёсати ҷаҳонӣ ду навъи сарвари давлат вуҷуд дорад – яке президент (раиси ҷумҳурӣ) ва дигаре монарх (шоҳ, султон, амир ва ғайра). Мансаби президент танҳо дар шакли идоракунии ҷумҳуриявӣ арзи вучуд дошта метавонад. Дар давлатҳои сохти ҷумҳуриявӣ президентро кули шаҳрвандони дорои ҳуқуқи интихоботӣ, инчунин, аъзои парламент ва дар баъзе давлатҳо (масалан, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико) коллегияи интихобкунандагон бо роҳи овоздиҳӣ интихоб менамоянд. Монарх бошад, дар давлатҳое, ки сохти мутлақият доранд, бо роҳи махсус, яъне ба мерос гирифтан таъйин мегардад ва муҳлати роҳбарии ӯ махдуд нест.

Бояд гуфт, ки ягон ҳодисаву зуҳуроти сиёсӣ бе асоси қонунӣ инкишоф ёфта наметавонад. Асоси ҳуқуқӣ барои таъсиси мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои зерини ҳуқуқӣ буданд:

Эъломия истиқлолияти ҶШС Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990.

Қарори Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон аз 9 сентябри- соли 1991 “Дар хусуси дохил кардани тағйироту иловаҳо ба Эъломияи истиқлолияти Тоҷикистон”.

Изҳороти Шурои Олии ҶШС Тоҷикистон “Дар бораи истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991”.

Мазмуни асосии санадҳои зикршуда аз он иборат буд, ки ҳокимияти давлатӣ аз ин пас мебоист ба воситаи се шохаи ҳокимият – қонун гузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мешуд. Аммо ин гунна тақсими ҳокимият бе мансаби президент имкон надошт.

Тавре ки мебинем, таърихи таъсиси мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чандон тӯлонӣ набошад ҳам, аммо мазмуни амиқи сиёсиву иҷтимоӣ дорад. Воқеияти 30 соли Истиқлолияти давлатӣ гувоҳӣ медиҳад, ки ислоҳоти конститутсионӣ дар хусуси мансаби Президент барои расидан ба натиҷаҳои хеле назаррас имконият фароҳам овард.

Аввалан, маҳз тавассути ҷаҳду талош ва сиёсати оқилонаву дурандешонаи Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу суббот ва ризояти миллӣ дар саросари мамлакат барқарор гашт. Дувум, дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъияти – иқтисоду иҷтимоиёт, фарҳангу маънавиёт ва умуман ҳамаи самтҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ, дигаргуниҳои азиме руҳ доданд, ки самараи онро мову шумо дар зиндагии ҳаррӯзаи худ мебинем ва эҳсос мекунем.