Забон – ҳастӣ ва пойдевории миллат-корманди дастгоҳи Суди иқтисодии вилояти Хатлон Аминова З.М.

22 июли соли 1989 дар Иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Қонуни забони тоҷикӣ (форсӣ)» қабул карда шуд. Тибқи қонун забони тоҷикӣ дар ҷумҳурӣ мақоми давлтиро гирифт. Аз соли 1989 то соли 2009 дар ҷумҳурӣ 22 июл ҳамчун Рӯзи забон ҷашн гирифта мешуд.

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади минбаъд такмил додани қонунгузории ҷорӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кард.

Бояд тазаккур дод, ки тибқи қонуни мазкур ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 октябр ҳамчун Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи баланд ва бошукуҳ таҷлил карда мешавад ва ин ҷашн ба феҳрасти ҷашнҳои миллии кишвар ворид карда шудааст. Забон яке аз рукнҳои асосии давлатдории миллати тоҷик буда, дар шароити ҷаҳонишавӣ ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз карда мешавад.

Ҳамзамон бояд қайд намуд, ки забони тоҷикӣ ва рушди ташаккули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи истиқлолияти давлативу сиёсии мо ба ҳисоб меравад. Зеро маҳз истиқлолияти забонӣ пояи истиқлолхоҳии кишварамонро ташкил медиҳад. Дар даврони истиқлолияти давлатии кишварамон забони шевое, ки бо он аз қофиласолори адабиёти тоҷику форс Абуабдуллоҳӣ Рӯдакӣ то бунёдгузори адабиёти навини тоҷик – Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ ва адибону олимони муосир осори гаронбаҳои илмиву адабӣ эҷод намудаанд, ба маснади волои худ нишаста, муаррифкунандаи ҳақиқии соҳибони худ – милати тоҷик дар ҷаҳони муосир гардид.

Забони тоҷикӣ – ин ёдгории маънавии миллиамон ҳамчун оинаи таърихи деринаи халқамон инъикосгари урфу одат ва расму анъанаҳои милливу давлатдории мо мебошад. Барои гузаштагони мо ифтихор аз Ватан ва забон ҳамеша ангезандаи эҳсоси олӣ буда, дар ҳама давру замон аз ҷумлаи мафҳумҳои муқаддастарин арзёбӣ гардидааст. Ба ин маънӣ, забони давлатӣ, бешубҳа таҷассумгари таърихи пуршебу фарози халқи куҳанбунёди тоҷик мебошад. Зеро забони ҳар қавму миллати дунё ёдгории маънавиест, ки дар тӯли асрҳо ҳамроҳ бо наслҳои худ аз мушкилоту монеаҳои гуногун гузаштааст. Хушбахтона, миллати мо ҳам тавонист, ки ин ёдгории бемисли худро дар радифи дигар ёдгориҳои маънавии ниёгони худ ҳифз намояд ва онро то ба имрӯзи обод оварда расонад.

Имрӯз забони тоҷикӣ ба ҳайси забони миллӣ ва давлатӣ дар мақоми забони сиёсат, илму фарҳанг, қонунгузорӣ, равобити дипломатӣ, тиҷорат ва дигар воситаҳои иртибот қарор дорад. Муҳимтар аз ҳама, имрӯз забони давлатӣ дар кишвари азизамон ба тамоми сокинони Тоҷикистон мубаддал гардидааст. Инкишофу рушди забон нишондиҳандаи пешрафти миллат ва давлат аст. Ба ин маънӣ дар даврони истиқлолияти кишварамон доираи истифодаи забони давлатӣ чи дар корҳои давлатдорӣ ва чи дар арсаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ вусъати бесобиқа ёфт.

Рӯзгори файзбори истиқлолият, ки барои тавсеаи доираи корбурди забони давлатӣ дар ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти ҷомеа имконияти мусоид фароҳам овардааст, моро водор менамояд, ки барои густариши ҳарчи бештари забон дар тамоми ҷанбаҳои ҳаёт, ғановати мунтазами таркиби луғавии он, ҳамчунин ҳифзу нигаҳдошти асолату покизагии забони давлатӣ аҳлона талош намоем. Дар ин кор саҳми воситаҳои ахбори омма оинаи пурҷилои забони миллӣ маҳсуб меёбанд.

Дар ин раванд, мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки дар давраи ҷаҳонишавӣ умр ба сар мебарем. Яъне раванди ҷаонишавӣ ба мероси маънавии халқу миллатҳо таҳдид карда истодааст. ягона роҳи ҳифзи ин мерос талоши ҳарчи бештар мустаҳкам намудани пояҳои муқаддасоти миллист, ки забони давлатӣ яке аз он шоҳсутунҳои муқаддасоти миллӣ ба ҳисоб меравад.

Забон муҳимтарин унсури муайянкунандаи ҳастии ҳр миллат аст. Бинобар ин саъю талош барои эҳёву рушд ва корбасти забони миллӣ ба ҳайси забони давлатӣ ва ҳатмӣ гардонидани риояи он дар тамоми ташкилоту муассисаҳои кишвар як амри комилан қонунӣ ва ниҳоят муҳим мебошад. Зеро тавре дар боло зикр карда шуда буд «забон хишти аввалини кохии милат аст. Таърих гувоҳ аст, ки агар забони миллӣ аз байн равад, миллат ҳам дер ё зуд тафаккури миллии худро аз даст дода, оқибат завол меёбад». Аз ин рӯ, вазифаи ҳар фарди бонангу номус ҳифзу эҳтиром ва гиромӣ доштани забони давлатӣ аст. Зеро бузургтарин вазифаи ҳар фарди худогоҳу ватандӯст, ки бо фарҳангу забони худ эҳтиром мегузорад, поку беолоиш нигоҳ доштани ин ганҷи бебаҳо ва ба наслҳои оянда бегазанд ба мерос гузоштани ин забони шевою шоирона мебошад.

Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростии миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад.