КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА ТАҶЗИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ- Судяи суди иқтисодии вилояти Хатлон Сайдалӣ С.С.

Рӯзи 9 сентябри соли 1991 Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон шудани истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Ин сана ҳамчун рӯзи Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи навини он, оғози дигаргунисозиҳои нав дар самти бунёди давлати мустақилу миллӣ ва демократӣ эътироф шудааст. Маҳз бо ибтидо аз ин сана гузаронидани ислоҳоти конститутсионӣ ва қабули Конститутсияи давлати соҳибистиқлол ба миён омад.

Рӯзи 6 ноябри соли 1994 халқи Тоҷикистон аввалин бор бо тариқи райпурсии умумихалқӣ Конститутсияи давлати худро қабул кард.

Конститутсия шакли олии зуҳуроти ҳуқуқӣ буда дар давраҳои дигаргунсозиҳои куллии ҷомеа бо мақсади таъмини гузариши ҳаёти ҷамъиятӣ аз як марҳила ба марҳилаи сифатан нави инкишофи таърихӣ қабул мешавад.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи гузариши Тоҷикистон аз ҷомеаи сотсиалистӣ ба ҷомеаи шаҳрвандӣ қабул гардид.

Конститутсия на танҳо ҳуҷҷати олии ҳуқуқӣ, балки ҳуҷҷати олии сиёсӣ низ мебошад. Бе сабаб нест, ки Конуститутсияро шиносномаи миллат низ меноманд.

Гарчанде Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди се соли истиқлолияти давлатиро соҳиб шудани Ҷумҳурии азизамон қабул шуда бошад ҳам, маҳз тавассути Конститутсия Истиқлолияти Ҷумҳурии  Тоҷикистон аз нигоҳи ҳуқуқӣ ба расмият дароварда шудааст.

Чунончӣ дар моддаи 1-и Конститутсия омадааст: “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона  мебошад”.

Инкишоф ва рушди Тоҷикистон дар партави ҳуқуқие, ки Конститутсия ба вуҷуд овардааст хело назаррас аст. Яке аз  дастовардҳои муҳими Конститутсияи мо ин таҷзияи (тақсимоти) ҳокимияти давлатӣ мебошад, ки нишонаи асосии давлати ҳуқуқбунёд буда, аввалин бор дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикоси худро ёфтааст.

Мувофиқи муқаррароти моддаи 9-и Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад.

Ин се ҳокимият ба сифати мақомоти давлатии мустақил навобаста аз якдигар фаъолият менамоянд. Яъне дар чунин ҳолат дар дасти як мақомоти давлатӣ ҷой доштани тамоми ҳокимият истисно мегардад, ки ин бисёр муҳим аст.

Ғайр аз ин, дар кадом ҳолате, ки набошад, мақомоти як рукни ҳокимияти давлатӣ мақомоти рукни дигари ҳокимияти давлатиро иваз карда наметавонад.

Бояд ёдовар шуд, ки бо мақсади таъмини мустақилияти комили ин се шохаи ҳокимияти давлатӣ мӯҳлати ваколати онҳо низ тибқи Конститутсия мухталиф аст.

 

Чунончӣ агар мӯҳлати ваколати Маҷлиси Олӣ 5 сол бошад, мӯҳлати ваколати Президент 7 сол ва мӯҳлати ваколати судяҳо 10 солро фаро мегирад.

Моддаи 6-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ки дар Тоҷикистон халқ баёнгарӣ соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ буда, онро бевосита ва ё ба воситаи вакилони худ амалӣ мегардонад.

Ин аст, ки ҳокимияти қонугузор ва сарвари ҳокимияти иҷроия – Президентро бевосита ва ба восита халқ интихоб менамояд.

Ҳокимияти судӣ бошад ба воситаи ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия таъсис дода мешавад.

Тибқи муқаррароти Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти олии қонунгузорӣ – Маҷлиси Олӣ мебошад. Маҷлиси Олӣ аз ду палата – Маҷлиси миллӣ (палатаи болоӣ) ва Маҷлиси намояндагон (палатаи поёнӣ) иборат аст.

Ба Маҷлиси Олӣ боби сеюми Конститутсия бахшида шудааст.

Парламенти думаҷлиса ҳангоми ворид намудани тағйирот ба Конститутсия соли 1999 таъсис ёфт.

Вакилони Маҷлиси намояндагон аз тариқи принсипи интихоботи умумӣ интихоб мешаванд, аъзои Маҷлиси миллӣ бошанд, аз ҷониби мақомоти намояндагии маҳаллӣ ва як теъдоди онҳо (8 аъзо) аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда мешаванд.

Новобаста аз тарзи интихоб (мустақим, интихоботи умумӣ) ё ғайримустақим (аз ҷониби мақомоти намояндагии маҳаллӣ ё Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон) вакилони Маҷлиси намояндагон ва аъзои Маҷлиси миллӣ намояндагони халқи Тоҷикистон ва узви комилҳуқуқи парламент мебошанд.

Моҳияти намояндагии парламент асоси фаъолияти қонунгузории онро ташкил медиҳад. Ваколати намояндагиро аз халқ гирифта, аъзои парламент ваколатдори амалӣ намудани иродаи халқ ба воситаи қабули қонунҳо мебошанд. Бинобар ин қонунҳои парламент чун қонунҳои давлат (қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон) қабул гашта, дорои эътибори олии ҳуқуқӣ мебошанд.

Маҷлиси Олӣ ҳуқук надорад ба салоҳияти ҳокимияти иҷроия ва судӣ дахолат намояд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Хокимияти иҷроияро Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

Мансаби Президент аввалин бор дар Конститутсия пешбинӣ гардид ва боби 4-и Конститутсия ба он бахшида шудааст.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст.

Президенти Тоҷикистон ба сифати сарвари давлат ва сарвари ҳокомияти иҷроия дар низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ дорои мақоми хеле баланд мебошад.

Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шарномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад. (м.64)

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баёнгари ягонагии давлат буда, ҷумҳуриро дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунад, ҳуқуқи аз номи тамоми халқи Тоҷикистон сухан гуфтан дорад. Ҳамчун сарвари ҳокимияти иҷроия Президент – Раиси Ҳукумати Тоҷикистон,

роҳбар ва масъули дуруст ба роҳ мондани масъалаҳои идораи давлат дар соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва иҷрои қонунҳо мебошад.

Қайд кардан ба маврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи қабули Конститутсия шакли идораи президентиро интихоб намуда буд ва воқеан вақт нишон дод, ки ин шакли идоракунӣ барои давлати мо мувофиқ аст.

Ин буд, ки тибқи он тағйироту иловаҳое, ки рӯзи 22.05 соли 2016 ба Конститутсия дароварда шуд ба моддаи 1-уми Конститутсия қисми 2-юм ба мазмуни зайл илова карда шуд.: «Шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистон Президентӣ мебошад».

Боби панҷуми Конститутсия ба Ҳукумати Тоҷикистон бахшида шудааст.

Ҳукумат аз Сарвазир, муовини якум ва муовинони ӯ, вазирон ва раисони кумитаҳои давлатӣ иборат аст. (м.73)

Мувофиқи Конститутсия ҳокимияти судӣ яке аз рукнҳои мустақили ҳокимияти давлатӣ, шохаи сеюми ҳокимият эътироф шудааст. Ҳокимияти судӣ мустақил буда, аз номи давлат ва аз тарафи судяҳо амалӣ мегардад. Ҳокимияти судӣ ҳуқуқ, озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолатро ҳифз менамояд. (м.84)

Ба ҳокимияти судӣ боби 8-и Конститутсия бахшида шудааст.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ гувоҳ аст, ки яке аз роҳҳои асосӣ ва пешқадамтарини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ин ҳифзи судист. Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ санадҳои асосии марбут ба ҳуқуқи инсонро эътироф намуда, инсон, ҳуқуқу озодиҳои ӯро арзиши олӣ эълон намудааст. Ҳокимияти судӣ ба ҳайси яке аз кафолатҳои асосии таъмини арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон баромад  менамояд.

Бо қаноатмандӣ қайд кардан лозим аст, ки масъалаи инкишофу пешрафти низоми судӣ, таъмини мустақилияту шаффофияти фаъолияти судҳо  дар Тоҷикистон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат қарор дорад. Чунончӣ бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23  июни соли 2007, таҳти № 271 «Барномаи ислоҳоти судӣ  –  ҳуқуқӣ  барои солҳои 2007- 2010», аз 3 январи соли 2011,  таҳти  №976  «Барномаи ислоҳоти судӣ  –  ҳуқуқӣ барои солҳои 2011- 2013», аз 5-уми январи соли 2015 таҳти № 327 «Барномаи ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ барои солҳои 2015 – 2017» ва аз 19 апрели соли 2019 таҳти №1242 «Барномаи ислоҳоти судӣ – ҳуқуқӣ барои солҳои 2019 – 2021» тасдиқ гардид.

Дар охир як нуқтаро қайд карданиам.      Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи хеле ҳассоси сиёсию иҷтимоӣ қабул шуд. Он вақтҳо дар баъзе нуқтаҳои ҷумҳурӣ ҳатто даргириҳои сиёсию ҳарбӣ идома дошт.

Навобаста аз ин мушкилиҳо мо тавонистем Конститутсияи мукаммалу аз нигоҳи ҳуқуқӣ адолатпешаро қабул намоем.

Сарфи назар аз он, ки дар ҳудуди ИДМ Тоҷикистон дувумин шуда, (баъди Руссия) соҳиби Конститутсия гардид,  Конститутсияи мо бинобар таҳлили коршиносони САҲА аз ҷиҳати ҳуқуқи инсон дар радифи 5 конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф шудааст.

Ҳақ ба ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки гуфтаанд: «Халқи Тоҷикистонро бахту саодати бузурге насиб шудааст, ки соҳиби чунин Конститутсияи сазовор мебошад».

Ҳар яки мову Шумо бояд кӯшиш намоем, ки дастовардҳои Истиқлолиятро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем. Бахусус Конститутсияи давлатамонро омӯзем, меъёрҳои онро дар амал татбиқ намоем, зеро Конститутсия худ ба худ амал накарда ба муҳаррике ниёз дорад, ки нормаҳои он бояд татбиқ карда шаванд.

Дар фаъолияти ҳаррӯзаи мову Шумо ин муҳаррик давлат, мақомоти давлатӣ ва ҷомеа мебошад.