ЗАБОН – ҲАСТИИ МИЛЛАТ-корманди дастгоҳи Суди иқтисодии вилояти Хатлон Шарифзода О.О.

Забони модарӣ аз зумраи забонҳои пурқудрат аст, ки ҳастии тоҷиконро чун миллати сарбаланду мутамаддин тақвият медиҳад. Осори ниёгон, хусусан, рисолаи фарҳангӣ, таърихӣ, сиёсӣ ва иҷтимоӣ тибқи забон иншо гардида, ба ниҳонхонаи таърих дохил мешаванд ва ҳазорсолаҳо боз барои рушду равнақ ва тараққии ҷомеа хизмат менамоянд. Барои миллат ё мардум бо ҳама шукуҳу шаҳомат, расму анъана, маърифату фарҳанг, ахлоқ, биниш ва ғайра дар забони зиндаи худ аксандозӣ мекунад. Дар баробари ин, забони халқро надониста, ӯро шинохтан мушкил аст. Донистани ҳар як забон барои инсон дорулфунунест, ки назир надорад. Меҳру муҳаббат ба забони модарӣ як ҷузъи ватандӯстӣ аст ва шахсе, ки забонро поймол мекунаду ба он ҳурмат надорад ва нисбат ба он дағалӣ карда наомӯхтааст, ба халқу Ватан эҳтирому арҷгузорӣ надорад.

Чуноне ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Донистани забони модарӣ эҳтиром ба миллат ва гузаштаи хеш мебошад. Насли имрӯз ва фардои мо бояд дар зеҳни худ забони модариро ҳамчун муқаддасоти мероси миллӣ ва волотарин арзиши фарҳангӣ парвариш дода, аз таърихи забони модарии хеш ва осори он огоҳӣ дошта бошанд. Ҳар як фарзанди миллат бояд номбардори сазовори гузаштагон ва парчамбардори забону фарҳанги миллати хеш бошад. Он гоҳ мо метавонем дар тарбияи наслҳо дар рӯҳияи муҳаббат ба Модар, Ватан ва забони миллӣ, ки аз муқаддасоти олӣ эътироф гардидаанд, муваффақ шавем».

Забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ имрӯз ба ҷаҳониён муаррифӣ мешавад. Суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкориҳои Аврупо, мамолики Араб, Туркия ва ғайра асолату шириниҳои маҳз лафзи тоҷикиро ба самъи оламиён мерасонад. Ин боис шудааст, ки майлу рағбати хориҷиён ба омӯхтану донистани забони тоҷикӣ зиёд шавад. Ҳоло забони тоҷикӣ на фақат дар чандин донишгоҳи Амрико, Олмон ва дигар кишварҳо таълим дода мешавад, балки дар марказҳое, ки дар назди мактабҳои олии шаҳри Душанбе ва ташкилоту созмонҳо фаъолият менамоянд, низ омӯхта мешавад.

Соҳибони аслии забони тоҷикӣ забонро ҳамаҷониба сайқал дода, амсоли оина мусаффо гардонидаанд. Забони тоҷикӣ дар қарнҳои гузашта шуҳрати оламгир доштааст. Тавонманду пурғановат будани забон аз соҳибони аслии он масъулияти баланд тақозо мекунад. Дӯст доштани арзишҳои миллӣ, ба вижа, забон масъулияти соҳибони аслии онро дучанд намуда, барои поку бегазанд ва ҳамаҷониба ҳифз кардани дигар муқаддасоти миллӣ омили асосӣ шуда метавонад. Ба ин маънӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин гуфтаанд: «Мову шумо бояд наслҳои имрӯзу фардои миллатро аз ин мероси бузурги аҷдодӣ огоҳ созем, дар замири онҳо эҳсоси ифтихор аз давлатдорӣ, қадру қимати давлати мустақили миллӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, шинохтани қадри гузаштагони хирадманди худро тарбия намоем. Мо аз умқи таърих набояд хокистар, балки шуъла бардорем. Таърих сабақомӯз аст ва ягон халқу миллат бе арҷ гузоштан ба гузаштаи хеш ба қадри истиқлолият ва оини давлатдориаш расида наметавонад».

Бо ифтихор метавон иброз дошт, ки дар кишвари мо забони давлатӣ таҳти сарпарастӣ ва таваҷҷуҳи ҳамешагии Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, ба хотири ҳимоя ва рушди фарогири он соли 2009 бо пешниҳоди Президенти кишвар лоиҳаи нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод ва қабул гардид.

Фаромӯш набояд кард, ки одобу ахлоқ, маданият, пеш аз ҳама, аз фасоҳати забон ва муоширати нек оғоз меёбад. Дар баробари ин, ҳурмати забон иззати модар ва Ватан аст ва инчунин, ифтихори давлату миллат мебошад.

Боиси ифтихор аст, ки дар ҳама давру замон миллати тоҷик сипари боэътимод, ганҷи гаронбаҳои ниёгон-забони модариро аз даст надодааст.

Забони тоҷикӣ, воқеан ҳам, аз забонҳои ғановатманду бонуфузи ҷаҳон аст ва аз ин ҷост, ки хориҷ аз қаламрави он ҳам донишмандони зиёде ба ин забон таваҷҷуҳ зоҳир кардаву оид ба масоили марбут ба он аз сари меҳру ихлос мақолаву рисолаҳо навиштаанд.

Дар замони ҳозира, ки барои ҳамаи кишвар глобализатсия, тамаддуншавӣ таҳдид мекунад, забонҳои пурқудрат забонҳои миллатҳои хурдро танг карда, ба нестӣ мебаранд. Дар дунё солҳои 90-ум, қариб 10 ҳазор забон вуҷуд дошт, ки имрӯз теъдоди онҳо ба 3-3,5 ҳазор забон фаромадааст. Имрӯз соҳиби забони тоҷик бояд хурду калон, ҳар фарди ҷумҳурӣ бошад.

Ҳар шахс бояд ба ин кор масъул бошад, забонро ғанӣ гардонад. Ҳар касе, ки ба забони модариаш беэҳтиромӣ мекунад, худро эҳтиром намекунад, вай инсони комил нест. Чун мо дар остонаи таҷлили рӯзи Иди Забон истодаем, тамоми шаҳрвандони Тоҷикистони азизро бо ин иди пуршукуҳи сухан табрик мекунем ва орзуманди он ҳастем, ки барои пойдории забони миллат ҳар яки мо саҳми босазои хешро гузорем.

Рӯзи забони давлатӣ муборак, ҳамватанони азиз!