Истиқлолияти давлатӣ неъмати бебаҳои миллат аст- муовини раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон Ҷалилзода Х.Р.

Си сол муқаддам, яъне 9-уми сентябри соли 1991-ум муҳимтарин воқеаи таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуҷуд омада,  Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид ва 9 сентябр расман Рӯзи Истиқлолияти Ҷумҷурии Тоҷикистон қабул гардид. Ин рӯйдод ба таърихи навини кишвари мо ибтидо гузошт ва миллати мо дар фазои озод, бе дахолати дигарон ба бунёди Тоҷикистони навин камар баст. Халқи тоҷик дар заминаи орзуҳои ҳазорсолаи худ асосҳои Тоҷикистони соҳибистиқлолро бунёд кард. Аммо бадхоҳони миллат муқобили хоҳишу иродаи тоҷикон ба майдони сиёсат омада мехостанд дастоварди бузурги таърихи-истиқлолиятро аз байн баранд. Бо ҳамин мақсад онҳо бо дахолати хоҷагони худ мардумро ба майдонҳо кашида, ҷанги шаҳрвандии таҳмилиро ба сари миллати мо бор карданд. Вале ба ҳадафҳои ғаразноки худ расида натавонистанд. Зеро халқи тоҷик баҳри озодии худ ва ободии ватани соҳибиқстиқлолаш дар атрофи қувваҳои солими ҷомеа ва ҳукумати мамлакат муттаҳид шуда, аз ҳуқуқи озодиҳои доштаи хеш истифода бурда, пеши роҳи беадолатӣ, беқонунӣ ва бетартибиҳоро гирифт.

Ин буд, ки халқи тоҷик ба воситаи намояндагони интихобкардааш дар сесияи ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (дар шаҳри Хуҷанд) моҳи ноябри соли 1992 вазъи баамаломадаро ба муҳокима гузошта, масъалаи ҳаётан муҳими Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳаллу фасл шуда, қарорҳои муҳим таҳия ва ба имзо расонида шуданд. Аз ҳама ҷолибаш дар он буд, ки дар ин иҷлоссия шакли идоракунии парламентӣ ба мақсад мувофиқ дониста шуда, вакили мардумӣ Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии кишвар интихоб гардид.

Аз рӯзи сарвари давлат интихоб гардидани фарзанди барӯманди халқи тоҷик Асосгузори сулҳу Вахдати мили, Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми фишангҳои ҳокимият асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои тозаи идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар роиҷ гардида, соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардидем, пули миллӣ ба муомилот баромада, шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, – артиши миллӣ ва нерӯҳои сарҳадӣ таъсис дода шуда, ҳифзи марзу буми Ватан ва сарҳади давлати Тоҷикистон таҳти назорати доимӣ қарор гирифт.

Мардуми парешонгардидаи тоҷик дар канори Ватан муттаҳид шуда, баҳри ҳалли ҳадафҳои стратегии кишвар камари ҳимат бастанд. Ҷои норозигӣ ва парешониро дар дохили Ватан бунёдкориву созандагӣ гирифта, марҳила ба марҳила рушд кардани кишвар, таъмини қонуният ва адолати иҷтимои дар ҷомеа назари доираҳои сиёсии ҷаҳонро нисбат ба Тоҷикистон дигар кард.

Муваффақ шудан дар сиёсати дохилӣ, расидан ба сулҳ ва ризоияти миллӣ ба он мусоидат кард, ки дар арсаи байналмилалӣ сулҳи тоҷиконро нодир арзёбӣ намуда, тавсия доданд, ки аз ин таҷриба дар ҳалли муноқишаҳои миллӣ ва минтақавӣ истифода бурда шавад. Ин андеша сари хулосаи дигар меорад яъне ба шарофати истиқлолият руҳи созандаи миллати тоҷик эҳё шуда, бо роҳбарии Президенти мамлакат, Пешвои миллат–Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷаҳониён исбот карда шуд, ки миллати тоҷик дар пешрафти фарҳангу тамаддуни ҷаҳон хидмат хоҳад кард.

Боиси қайд аст, ки аз солҳои 2000, давраи сифатан нави тараққиёти таърихии Тоҷикистони соҳибистиқлол оғоз гардида, самараҳои хурсандибахш ба бор овард. Аз ҷумла дар ин давра дар роҳи ҳалли ҳадафҳои стратегӣ силсиланеругоҳҳои барқи обӣ бунёд шуда, истиқлолияти энергетикии кишвар таъмин гардид. Хатҳои барқ, истгоҳҳои хурду бузург сохта шуда, ҳалқаи дохилии барқрасонӣ фаъол шуда, баҳри интиқоли қувваи барқ ба хориҷа низ имконият фароҳам овард.

Инчунин дилхушкунанда он аст, ки дар 30-соли истиқлолият сохтмону бунёди роҳҳои дохилӣ ва байналмилалӣ ривоҷ ёфта, кишварамон аз бумбасти коммуникатсионии дохили ва хориҷӣ раҳои ёфт. Ҳар як лоиҳае, ки дар ин самт амалӣ шудааст, корнамоии бузургӣ таърихӣ мебошад. Кандани нақбҳо, сохтмони роҳҳои оҳан ва ҳавои ин гуфтаҳоро тақвият медиҳад.

Ҳалли барномаҳои озуқаворӣ ва таъмини аҳоли бо маводҳои ғизоӣ давра ба давра ҳалли худро пайдо карда, айни замон ҳалли ҳадафи чоруми мамлакат соноатикунонии кишвар идома дорад.

Ин дигаргуниҳо, пешрафтҳо бобати таъмини қонуният, адолати иҷтимоӣ, эҳёи сунату анъанаҳо, забони тоҷикӣ, фарҳанг, маориф ва рушди ҳамаҷонибаи ҷомеаи кишвар ба фаъолияти густурдаву доманадор ва серҷаҳбаи роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон вобаста мебошад, ки барҳақ ҷомеа ба ӯ унвони Пешвоиро сазовор донистааст.

Бо орзую умедҳои нек гуфтани ҳастам, ки дар остонаи 30-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи фарзандони бонангу номуси миллати мо рисолату асолати давлатдории миллӣ ва қарзи муқаддаси шаҳрвандиашонро дарк намуда, барои ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, пуштибонии амнияти милливу давлатӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат ва суботи сиёсӣ, таъмини рушди иқтисодиёт ва пешрафти Ватани азизамон нерӯю дониши худро дареғ намедоранд.

Бигузор иди муқаддаси Истиқлолият барои ҳар фарди соҳибдилу озодаи кишвар саломатӣ, бахту саодат, зиндагии осуда ва комёбию кушоишҳо оварад! Поянда бод ваҳдати миллӣ ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон!