• Главная »
  • Баромад, маъруза ва мақолаҳо »
  • Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба барҳам додани табъиз нисбати занон барои солҳои 2019-2022- судяи Суди иқтисодии вилояти Хатлон Қурбониён Б.С.

Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба барҳам додани табъиз нисбати занон барои солҳои 2019-2022- судяи Суди иқтисодии вилояти Хатлон Қурбониён Б.С.

Яке аз дастовардҳои муҳими ҷомеъаи муосир нест намудан ва ё  барҳам додани табъиз нисбати занон мебошад. Чунки таърих гувоҳ аст, ки миллатҳо ва халқиятҳои гуногуни дунё вобаста ба фарқият ва маҳдудият, занон дар ҷомеъа аз ҳуқуқҳои худ маҳрум будаанд. Вале 18 декабри соли 1979 бо баробари аз ҷониби Ассамблеаи Генералии Созмони Миллали Муттаҳид қабул намудани “Конвенсияи байналхалқӣ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон” маҳдудиятҳои истифодаи ҳуқуқ аз ҷониби милатҳо ва халқиятҳои муайян аз миён бардошта шуд.

Нахустин мартиба масъаларо дар бораи ҳуқуқҳои занон ҳамчун қисми ҷудонопазири ҳуқуқҳои инсон ба миён гузошт. Конвенсия то ба ҳол чун санади аз ҳама пурраи байналмилалӣ дар соҳаи баробарии гендерӣ боқӣ мемонад.

Назорати риояи он аз ҷониби Кумитаи оид ба барҳам додани табъиз нисбат ба занон таъмин мегардад. Дар даҳсолаҳои минбаъда ҷомеаи байналмилалӣ муқаррароти асосии Конвенсияи мазкурро муваффақона инкишоф медиҳад.

Ба ин раванд 6 октябри соли 1999 аз ҷониби Ассамблеяи Генералӣ қабул шудани Протоколи факултативӣ ба Конвенсия дар бораи барҳам додани ҳамаи шаклҳои табъиз нисбат ба занон, ки ҳуқуқи раво будани шикоятҳои инфиродии занҳо ва созмонҳои ғайриҳукуматии занонаро имконпазир гардонид, такони наве бахшид. Баъди тасдиқ кардан ва ҳукми амал пайдо кардани Протоколи факултативӣ чунин шикоятҳоро ба Кумитаи СММ оид ба барҳам додани табъиз нисбат ба занон ашхоси алоҳида, гурӯҳи одамон, ё созмонҳои зарардида ё дар натиҷаи вайрон кардани ҳуқуқҳои дар Конвенсия пешбинигардида дар шаклҳои дигар дучори хисоротшуда пеш оварда метавонанд.

Конвенсияро беш аз 160 мамлакати ҷаҳон тасдиқ кардаанд.

Мафҳуми табъиз нисбати занон дар моддаи 1 Конвенсияи байналхалқи оид ба барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон, оварда шудааст, ки ҳама гуна фарқият, хориҷкуни ё маҳдудсози бо нишонаи ҷинсро дорад, ки ба заифгардони ё умуман эътироф накардан, истифода ё татбиқи ҳуқуқи инсон ва озодиҳои асосӣ дар соҳаи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимои, фарҳанги, шаҳрванди ё ҳама гуна соҳаи дигар аз ҷониби занон, сарфи назар аз ҳолати иҷтимоии онҳо, дар асоси баробарҳуқуқии мардону занон равона гардидааст.ғ

Тибқи моддаи 4-и Конвенсия аз ҷониби давлатҳои аъзо андешида шудани тадбирҳои махсуси ба ҳифзи на танҳо модарӣ, балки тадбирҳои муваққатии махсуси баҳри суръатбахшии ҷорӣ намудани баробарии воқеии байни мардону занон равонагардида табъиз ҳисобида намешаванд. Аммо чунин тадбирҳои муваққатии махсус, вақте ҳадафҳои баробарии имкониятҳо ва вазъи баробарҳуқуқонаи мардон ва занон ба даст меоянд, бояд бекор карда шаванд.

Мутобиқи моддаи 10-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, қисми таркибии низоми ҳуқуқии ҷумҳуриро ташкил медиҳанд.

Соли 1993 онро Ҷумҳурии Тоҷикистон низ тасдиқ намуд. Соли 2000 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Протоколи факултативиро ба Конвенсия низ имзо кард, вале он ҳанӯз тасдиқ карда нашудааст. Ҳамроҳшавӣ ба татбиқи муқаррароти Конвенсия бояд ақаллан ба муқаррар гардидани демократияи ҳақиқии афзалиятнок дар аксарияти мамлакатҳо, яъне мутаносибии ҳайати ҷинсии аҳолӣ бо намояндагии мардон ва занон дар ҳамаи сатҳҳои қабули қарорҳо; дар мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ, дар мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, дар соҳаҳои фаъолияти ҳаётии иқтисодӣ, молиявии давлат ва ҷомеа ва соҳаҳои дигари фаъолияти ҳаётии онҳо оварда мерасонад.

Мувофиқи моддаи 17 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мардон ва занон баробарҳуқуқанд.

Дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ боло зикршуда соли 2019 вобаста ба тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба барҳам додани табъиз нисбати занон аз ҷониби Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон Нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба барҳам додани табъиз нисбати занон барои солҳои 2019-2022 қабул ва тасдиқ карда шудааст.

Дар нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба барҳам додани табъиз нисбати занон барои солҳои 2019-2022 як чанд номгуи чорабинӣ пешбини карда шудааст.  Аз ҷумла гузаронидани  семинар-машварати  ҳармоҳаи  судяҳо  ва кормандони  мақомоти  ҳифзи  ҳуқуқ  бо  таваҷҷуҳ  ба татбиқи муқаррароти Конвенсия, Баррасии масъалаи такмили қонунгузории амалкунанда вобаста ба ҳифзи ҳуқуқҳои занон аз  гурӯҳҳои осебпазир ва ба инобат гирифтани омилҳои гендерӣ,  Баргузории суҳбату  вохӯриҳо дар байни аҳолӣ бо иштироки  намояндагони  вазорату  идораҳои  дахлдор, ҷомеаи  шаҳрвандӣ  бо  ҷалби  шарикони  рушд  баҳри муаррифии татбиқи сиёсати гендерӣ дар ҷумҳурӣ, Ташкил  намудани  барномаҳо  ва  семинарҳои  омӯзишӣ  бо мақсади  баланд бардоштани  ҳассосияти  гендерии  хизматчиёни давлатӣ,  мақомоти  ҳифзи  ҳуқуқ,  судяҳо,  ҳимоятгарон, кормандони  вазорату  идораҳои  марбута  ва  ҷомеаи  шаҳрвандӣ оид ба ҳуқуқҳои занон ва баробарии гендерӣ, Баргузор намудани давраҳои омӯзишӣ ва семинарҳо оид ба  масъалаҳои  баррасии  шикоятҳои  занону  духтарон  бо таваҷҷуҳ ба омилҳои гендерӣ  барои кормандони вазорату идораҳо,  мақомоти  ҳифзи  ҳуқуқ  ва  мақомоти  иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, Ба  такмили  ихтисос,  аз  ҷумла  омӯзиши  санадҳои байналмилалӣ  оид  ба  зӯроварӣ  нисбати  занон  дар  самти мазкур  фаро  гирифтани  кормандони  мақомоти  ҳифзи ҳуқуқ, Гузаронидани  корҳои  фаҳмондадиҳӣ  дар  байни  аҳолӣ дар бораи пешгирии зӯроварӣ нисбати занон,   Зиёд  намудани  судҳои  сайёр  вобаста  ба  баррасии парвандаҳо доир ба масъалаҳои зӯроварӣ нисбати занон ва дигар номгуи чорабини вобаста ба барҳам додани табъиз нисбати занон барои солҳои 2019-2022 пешбини карда шудааст.

Вобаста ба иҷроиши нақшаи миллии амалҳо вобаста ба иҷрои тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба барҳам додани табъиз нисбати занон барои солҳои 2019-2022 Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорату кумитаҳои давлатӣ вазифадор шудаанд, ки ҷиҳати амали гардидани нақаши мазкур чораҳои дахлдор андешида шавад.

Аз солҳои аввали истиқлолият масъалаи беҳбудии шароити кору зиндагии занон ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Президент ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад, ки дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Конвенсияи байналмилалӣ «Дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон» як қатор санадҳои меъёрӣ –ҳуқуқӣ ба тасвиб расиданд, ки ба таҳкими мақоми зан дар ҷомеа, таъмини риояи ҳуқуқу озодиҳои занон, кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо, вусъат додани имконоти иштироки фаъоли онҳо дар тамоми бахшҳои иҷтимоиву сиёсии кишварамон, фароҳам овардани шароити зарурӣ  барои фаъолияти занону бонувон мусоидат менамоянд.

Аз ҷумла, Фармони Президенти кишвар «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ҳуҷчати муҳимест чун раҳнамо барои таҳия ва қабули даҳҳо  санадҳои ҳуқуқии дигар дар масъалаи беҳдошти занон –  Барномаи давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробари мардон ва занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2001-2010», боби иловагӣ ба Барномаи мазкур «Дастрасии занони деҳот ба замин», Дар бораи Барномаи  давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷо баҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016» аз 1.11.2006, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии  баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари истифодабарии онҳо», ки татбиқи пайдарҳами онҳо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 269 аз 29 майи соли 2010 «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» аз 19.03.2013, “Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023” аз 03.05.2014, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01.04.2017, «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2022», Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, “Барномаи миёнамуҳлати рушди Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020”, Консепсияи рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 декабри соли 2015, тасдиқ гардид ва даҳҳо дигар фармоишу қарорҳо, ки ба беҳдошти вазъи иҷтимоӣ- иқтисодӣ, фарҳангию маънавии оилаҳо, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, тайёр намудани кадрҳои болаёқату донишманд аз ҳисоби духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон ва беҳгардонии вазъи  сиҳатии модару кӯдак равона карда шудааст, замина  гузошт.

Самараи истиқлолият буд, ки имрӯз теъдоди занони мутахассису соҳибтаҷриба дар зинаҳои мухталифи ҳокимият –мақомоти олии қонунгузор, ҳокимияти иҷроия, судҳо ва дигар сохтору мақомоти давлативу ҷамъиятӣ афзоиш ёфта, онҳо дар рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлат ва ҷомеа саҳми воқеии худро гузошта истодаанд.

Дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба мақоми олии қонунбарори кишвар ки санаи 26 январи соли 2021 ироа гардид. Сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занону бонувон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода дода шуд.

Мувофиқи натиҷаҳои интихоботи соли 2020 ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ 8 нафар занон ё 25,8 фоиз ва Маҷлиси намояндагон 15 нафар ё 23,8 фоиз интихоб шуданд, ки нисбат ба интихоботи гузашта қариб 4 фоиз зиёд мебошад.

Шумораи занон дар маҷлисҳои вакилони халқи шаҳри Душанбе ба 41,5 фоиз, вилоятҳои Хатлон қариб 35 фоиз, Суғд беш аз 33 фоиз, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 34 фоиз ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ қариб 30 фоиз расидааст.

Занону бонувони лаёқатманд ва соҳибкасбу баландихтисос ба хизмати давлатӣ ва идоракунии давлат торафт бештар ҷалб гардида истодаанд.

Ба ҳолати якуми январи соли 2021 аз шумораи умумии 19210 нафар хизматчиёни давлатӣ 4485 нафар ё 23,4 фоизро занон ташкил медиҳанд.

Саҳми занон дар рушди соҳаҳои илму маориф ва тандурустии мамлакат торафт афзуда истодааст. Имрӯз дар соҳаи маорифи кишвар 73 фоиз ва тандурустиву ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ қариб 68 фоизро занону бонувон ташкил медиҳанд.

Фаъолияти бонувон дар соҳаи кишоварзӣ ва рушди иқтисодиёти кишвар низ назаррас буда, ҳоло шумораи роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳисоби занон 35600 нафар ва занони соҳибкор 77400 нафарро ташкил медиҳад.

Ҷудо намудани қарз яке аз василаҳои беҳтар намудани шароити иқтисодии занон ва оилаҳо мебошад. Соли 2020 ба занону бонувони соҳибкор ба маблағи 2 миллиарду 100 миллион сомонӣ қарз дода шудааст.

Ҳукумати мамлакат ташаббусҳои занону бонувони кишварро минбаъд низ дастгирӣ карда, ба хотири ҷалби бештари онҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда тадбирҳои иловагиро амалӣ мегардонад.

Сиёсати Пешвои миллат ва Ҳукумати мамлакатро дар ин самт Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намуда, оид ба ҷалби занону бонувони лаёқатманд ба вазифаҳои гуногун дар сохтори судҳои иқтисодӣ чораҳо андешида шуда истодааст, ки ин боиси эътимоду боварӣ ба занон аст.