• Главная »
  • Маърӯзаҳо ва мақолаҳо »
  • Паёми Пешвои миллат ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва заминаҳои давлати ҳуқуқбунёд таҳким мебахшад- котиби маҷлиси судии Суди иқтисодии вилояти Хатлон Шарифзода О.О.

Паёми Пешвои миллат ба фаъолияти мақомоти давлатӣ ва заминаҳои давлати ҳуқуқбунёд таҳким мебахшад- котиби маҷлиси судии Суди иқтисодии вилояти Хатлон Шарифзода О.О.

Дар ҳаёти ҷамъияти-сиёсӣ, иқтисоди-иҷтимоии кишвар Паём ҳачун чароғи фурӯзон, фишанги доим амалкунанда ва пешбарандаи ҷомеа баромад намуда, амали шудани нақшаю вазифаҳои гузошташудаи имрӯзу фардо ва пеш аз ҳама мутобиқ ба талаботи замон ва дар ҳамбастагӣ бо ин роҳу усулҳои навтаринро баёну тарҳезӣ ва пешниҳод намудааст.

Паёми Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи ғояҳои баландпояи пурмазмун асос ёфта, қисми ҷудонашавандаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар ба ҳисоб рафта, ҷомеаро ба кору фаъолияти пурмахсулу самарабахш даъвату хидоят менамояд.

Имрӯз тамоми ҷабҳаҳои ҳаётан муҳими ҷомеа дар зери таъсуроти беандоза ҷазобу роҳнамоикунандаи Паём карор дошта, раванду равиш ва амалисозии он дар ҷараён ва ривоҷу равнақ мебошад. Паём ҳуҷҷати асосии Стратегии-тамоми чамбҳаҳои ҷомеъаро дарбар гирифта, вазифаҳо ва амалиётҳои дар пеш истодаро равону бо пуррагӣ мурратабу матраҳ сохта, ҳолати қунунӣ ва фардоро бо дарназардошти раванди амал ва ба вуқуъ пайвастшаваии буҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба аҳолии кишвар ва ҷомеаи ҷахонӣ расонид.

Дар ин маврид махсус таъкид бояд кард, ки имрӯз ҷомеа дар марҳилаи ниҳоят ҳасос ва мурракаби пешрафти соҳаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ, муносибатҳои истеҳсолӣ, пулию қарзӣ, раванди истифодаи қувваи корӣ дар хориҷи кишвар ва ғайра қарор дорад. Яке аз хусусиятҳои хос ва фарқкунандаи Паёми имсола дар он аст, ки дар вазъияти фавқулодаи ба амал омада ҷомеаро ба ҳисси масъулиятшиносӣ ва коршиносӣ даъват ва роҳнамои менамояд.

Дар Паём пеш аз ҳама роҳу паҳлуҳои асосии раванди таъсиррасонии манфии буҳрони молиявии ҷаҳонӣ ва баромадан аз он, кору фаъолият ҷиҳати истифодаи мақсаднок ва самараноки иқтидорҳои истеҳсолию захираҳои мавҷуда, сарфакорӣ, камхарҷии маблағу мавод, ташкилу омода ва ба кордарории корхонаю иқтидорҳои нави саноатию энергетикӣ, кишоварзӣ, соҳаҳои хизматрасонӣ, дастгирӣ ва рушдӣ бо тамоми сохибкорӣ, пешгирӣ ва тавақкуф кардан аз ҳама гуна исрофкорӣ, хароҷотҳои нодаркору зарур набуда, муайяну нишондода шудааст. Дар партави даъвату ҳидояти Паём вазорату кумитаҳо, идораҳо, соҳаҳои мухталифи иқтисодӣ-иҷтимоии ҷумҳурӣ, соҳибкорон ва тамоми фарди ҷумҳурӣ нақшаву вазифаҳои навбатӣ ва ояндаи худро мутобик ба хадафҳои сиёсии дохилӣ ва хориҷии кишвар ба роҳ монда амали менамоянд. Вобаста ба ин яке аз масъалаҳои аҳамияти муҳими давлатӣ дошта, ин оғозу суръатбахш ва тақвиятии босубот ва пешбарандаи соҳаҳои энергетика ва саноат, комплекси агросаноатӣ ва пеш аз ҳама соҳаҳои навбунёди иқтисодӣ реалии кишвар ба ҳисоб меравад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати иқтисодӣ-иҷтимоӣ, молия ва муносибатҳои пулию карзиро дар ҳаёт тадбиқ намуда, барои фароҳам овардани фазои хуби сармоягузори ба соҳаҳои иқтисодӣ ва пеш аз ҳама соҳаҳои саноат тадбиру чораҳои мушаххасро амалӣ менамояд.

Дар робита ба ин мавзуъ ҷоиз ба қайд аст, ки қариб дар тамоми қисматҳои кишварамон захираҳои бойи металлу маъдан, ҳамагуна нерую сарватҳои табии беназир маҳфуз мебошад. Бо мақсади таквиятбахшии корҳо дар ин самт ва ҷалби сармояи хориҷӣ чораю тадбирҳои мушаххас андешида шуда, амалӣ мешаванд.