Сулҳу Ваҳдат ифтихори миллати соҳибдилам!- судяи Суди иқтисодии вилояти Хатлон Давлатзода Т.Ш.

Ватан! Вақте ин мафҳуми муқаддасро ба забон меорем, табъҳо равшан ва чашмҳо муннаввар мешаванд. Дар воқеъ, дар ин вожа тароватест, ки аз домани кӯҳҳои барфпӯши сарбафалак, рӯдҳои мусаффову чашмаҳои зулол ба мо мевазад ва ба тану рӯҳамон тавон мебахшад. Дар ин вожа таровиши хуршед, шукуфоии гулҳо, сафои чашмаҳо, навои мурғон, ҳама он шукӯҳу тароват, файзу фараҳе, ки воқеан Тоҷикистон дар худ таҷассум кардааст, садои навоангез доранд.

Имрӯз мафҳумҳое чун Ватан ва Тоҷикистон барои ҳар яки мо арзиши ҳазорон бор бештарро доро мебошанд. Имрӯз барои инсон агар муқаддастарин вожа Ватан аст, пас қиматтарин дастовард барои ҳар миллат озодиву Истиқлолият мебошад. Оре, мо имрӯз бо садои баланд мегӯем, ки Ватан дорем ва Ватани мо соҳибистиқлол асту дар фазои он Ваҳдат танинандоз аст.

Воқеан, чӣ бахте метавонад волотар аз ин ҳама бошад?! Вақте ба гӯшаҳои гуногуни Ватан сафар менамоем, мебинем, ки ҳамагӣ ободу озоданд. Роҳҳои ҳамвору кӯтоҳшудаи камхарҷу камхатар, деҳоту қасабаҳои обод ва мардуми пайи меҳнату зиндагӣ машғулро мебинему дар дил шукронаи зиндагии орому осуда мекунем. Таровату накҳат ва қаноатмандие дар вуҷуди худ эҳсос менамоем.

Дарвоқеъ, хотири ҷамъу осуда аҷаб неъматест! Чун ба ҷавҳари ин ҳама неъматҳо менигарем, саволе ба забон меояд, ки муҷиби ин ҷараёни босуботро сабаб чист? Дарҳол, ҷавоби кӯтоҳе дари андешаҳоро мекӯбад, ки «Ин ҳама файзу баракат аз сулҳу Ваҳдат аст»!

Инак, бисту чор сол мешавад, ки Ватан ва аҳли ҷамоаи он дар фазои орому осуда рӯзгор ба сар мебаранд.

Ҷойи зикри махсус аст, ки Ваҳдати миллӣ – ин Иди баҳамоиву ҳамдигарфаҳмии миллати тоҷик, дар қиёс ба дигар ҷашну маросимҳои миллии мо, дар арсаи олам ҷойгоҳи хос дорад. Боиси хушнудист, ки Ваҳдату ҳамбастагӣ дар байни мардуми сулҳофари мо сол то сол мустаҳкам мегардад. Ва сабаби ҳамаи ин ҳам дар дуруст ба роҳ мондани усули сарварӣ ва пешбарии давлати ҷавони Тоҷикистон аз тарафи роҳбарияти Ҳукумати имрӯза мебошад.

Ҳақ ба ҷониби меъмори сулҳу Ваҳдат – Пешвои миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар ин маврид чӣ таъкиди хубе намудаанд:

«Ҳар яки мо бояд як нуктаи бисёр муҳимро доим дар хотир дошта бошем, ки шарти муҳимтарини хушбахтии инсон – зиндагӣ дар Ватани орому осуда ва ободу зебо мебошад. Ва агар дар мамлакат сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, сарҷамъии миллат ва Ваҳдати миллӣ ҳукмфармо бошад, тамоми нияту ҳадафҳои нек ва нақшаву барномаҳо иҷро мегарданд ва ҳамаи масъалаву мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ батадриҷ бартараф карда мешаванд.

Танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро, ки бо иродаи мардуми Тоҷикистон ҳамчун ҳадафи олии худ қарор додаем, устуворона идома диҳем ва барои сокинони мамлакат шароити мусоиду арзандаи зиндагиро муҳайё намоем.

Бори дигар таъкид месозам, ки сохти давлатдории Тоҷикистон, яъне моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоии давлат тағйирнопазир мебошад, зеро он бо майлу иродаи халқи Тоҷикистон интихоб ва дар Конститутсия дарҷ гардидааст».

Ногуфта намонад, ки Ваҳдат буд, ки мардумро сарҷамъ карду миллату давлати моро аз парокандагӣ нигоҳ дошт. Имрӯз насими форами сулҳу дӯстӣ дари кошонаҳои моро мекӯбад. Он бо фарорасии худ боз мардуми тоҷикро ба ҳам меораду дар фазои ҳамдигарфаҳмию озодӣ мо аз он таҷлил менамоем.

Ваҳдат ба миллати тоҷик Истиқлоли дубора овард. Тоҷикистон, ки баробари мустақилият пайдо кардан ба гирдоби нобасомониҳои дохилӣ кашида шуда буд, бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ боз дубора озодӣ ба даст овард. Тадриҷан соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат рӯ ба беҳбудӣ ниҳоданду дар ҳар хонадон ва дар қалби ҳар тоҷики ноумедгашта тухми меҳру шафқат кошта шуд.

Имрӯз, ки аз сулҳу Ваҳдат 24 сол сипарӣ мешавад, Ватани азизи мо дар ин муддат дар бисёр чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ иштироки фаъол намудаву макони баргузории нишасту маъракаҳои бузурги минтақавию байналмилалӣ ҳасту хоҳад буд. Ба даст овардани сулҳу оромӣ ва минбаъд онро таҳким бахшидан боис гардид, ки ҷомеаи мутамаддини ҷаҳон дар симои мардуми тоҷик миллати сулҳофарро шинохт. Миллате, ки фарзандони диловараш қодиранд ҳар лаҳза Ватани аҷдодии худро аз вартаи нобудӣ раҳонанду мардумро ба зиндагии осоишта раҳнамун созанд.

Аз ин лиҳоз, бигзор Ваҳдати имсола, ки ба ҷашни дигари умумимиллии мо – 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд, барои мардуми тоҷик оғози корҳои нек гардаду фазои сулҳу дӯстӣ дар сарзамини мо ҷовидона шавад.

Ҷашни Ваҳдати миллӣ муборак бошад!