Соҳибкорон – кишоварзон, зери таваҷҷуҳи роҳбари давлат-Корманди дастгоҳи Суди иқтисодии вилояти Хатлон Атоев Ё.Б.

Рӯзи 26 январи соли 2021 Паёми навбатии Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид.

Дар оғози Паём Пешвои миллат иброз намуд, ки Паёми имсола дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан соли таърихӣ, яъне ба сиюмин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост омад.

Пешвои миллат дар Паёми имсолаи худ натиҷаи фаъолияти 29 соли давлатдориро ҳамчун давлати соҳибистиқлол мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор дода, нақшаю амалҳоро барои солҳои оянда муқаррар намуд.

Пешвои миллат иброз намуд, ки соли 2020 барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистони мо, яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд.

Дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии каронавирус ва вобаста ба он, босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Имрӯз дар дунё амалан давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири буҳрон эмин монда бошад. Мувофиқи арзёбии коршиносони байналмилалӣ чунин буҳрони шадиду фарогир дар сад соли охир бори аввал ба миён омада, боиси танназули ҷиддии иқтисодиёти ҷаҳон гардид.

Паёмадҳои пандемия ба иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон аз ҷумла Тоҷикистон ба рушди иқтисоди миллӣ, буҷети давлатӣ, гардиши савдои хориҷӣ, Қурби асъори миллӣ, инчунин ба фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонии мо таъсири манфии худро расонида истодааст.

Мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад. Ин меъёри Конститутсия давлатро вазифадор сохтааст, ки ҳуқуқи субъектҳои гуногуни моликиятро якхела ҳимоя намояд, барои инкишофи онҳо шароити якхела фароҳам орад ва фаъолияти онҳоро бо қоидаҳои рафтори ягона ба танзим дарорад.

Бояд қайд намоям, ки ҳар як нуқтаи паёми Пешвои миллат барои тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистон муҳим буда, шаҳрвандони кишвар барои амалишавии он саъю талош варзида, ҳамсафу ҳамқадами сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат мебошанд.

Нуқтае, ки барои ман ҳамчун мавзӯи муҳиму асосӣ дар Паёми навбатӣ арзёбӣ гардид, ин дастгирии соҳибкорон – кишоварзон дар кишвар буд.

Пешвои миллат қайд намуд, ки бо мақсади ҳифзи амнияти озуқавории кишвар ва афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти худӣ майдони кишти асосӣ ва такрории зироатҳои кишоварзӣ дар масоҳати даҳҳо ҳазор гектар афзоиш дода шуда, тибқи таҳлилҳо рушди миёнаи солонаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар давоми солҳои 1997-2020-ум 7,3 фоизро ташкил дода, ҳаҷми он дар ин давра 5 баробар афзоиш ёфтааст.

Қайд гардид, ки имтиёзҳои барои рушди соҳаҳои чорводорӣ, парандапарварӣ ва моҳипарварӣ пешниҳодшуда ба рӯшди соҳаҳои зикршуда такони ҷиддӣ бахшиданд.

Бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза мо минбаъд низ бояд тарзе кор кунем, ки ба ҳар гуна мушкилоти  эҳтимолӣ омода бошем ва нагузорем, ки мардумамон аз норасоии маводи ғизои танқисӣ ва муҳтоҷӣ кашанд.

Аз ин рӯ роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҳар як кишоварз ва ҳар як оиларо зарур аст, ки истифодаи самараноки замин, пеш аз ҳама заминҳои наздиҳавлигиву президентӣ, захира кардану истифодаи тухмиҳои аълосифат ва бо ҳамин роҳ гирифтани то се ҳосилро, махсусан дар соли 2021 таъмин намоянд. Зеро тибқи таҳлилҳои коршиносон соли 2021 барои тамоми мардуми саёра аз ҷумла Тоҷикистон бисёр соли вазнин аз ҷиҳати маводи озуқаворӣ хоҳад шуд.

Пешвои миллат қайд намуданд, ки бо мақсади дастгирии давлатии кишоварзони мамлакат ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ пешниҳод менамоям, ки тамоми кишоварзони мамлакат барои як сол, яъне соли 2021 аз пардохти андози ягонаи замин озод карда шаванд.

Тавре ба ҳамагон маълум буд санаи 26 декабри соли 2019 Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми худ ба Маҷлиси Олии кишвар тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолиро дар давоми солҳои 2019-2020 манъ карда, иброз намуд, ки муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда шаванд».

Инчунин бо мақсади дастгирии минбаъдаи соҳибкорон дар кишварамон «300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ» эълон карда шуда буд.

 Мақсади асосии ин дастгириҳо боз ҳам ободу зебо гардонидани кишвар,  хубтару беҳтарсозии сатҳу сифати зиндагии мардум, ҷалби соҳибкорони хориҷӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад.

Ҳар яки моро зарур аст, ки новобаста аз мавқеамон дар ҷомеа баҳри иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми Пешвои миллат бармеоянд, камари ҳиммат баста, вазифаҳо ва қарзи хизматию шаҳрванди худро софдилона ва бо як масъулияти баланд анҷом диҳем.

Боқӣ таманнои онро дорам, ки соли 2021 барои халқи тоҷик соли бобарор бошад, зеро мо тавонем ҳамаи нияту нақшаҳои неки худро, ки дар соли 2020 амалӣ карда натавонистем дар соли 2021 амалӣ намоем.