Паёми Пешво- Роҳнамо ба сӯйи комёбиҳо-Корманди дастгоҳи Суди иқтисодии вилояти Хатлон Аминова З.М.

Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои Миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон ба ҳамаи мақомоту идораҳо, аз ҷумла барои фаълияти системаи судии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун роҳнамо ва дастури амалӣ гардид.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мо шоҳиди он гардидем, ки Стратегияи Миллии Рушди Тоҷикистон барои солҳои 2030 дар амал татбиқ гардида истодааст. Яъне яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи ин Стратегияи Миллӣ ин расидан ба истиқлолияти энергетикӣ буд, ки дар наиҷаи ба фаъолият шурӯъ намудани агрегати аввалини Неругоҳи Барқии Обии Роғун амали гардид. Ин ҳама саъю кушишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Олии кишвар барои расидан ба зиндагии шоиста равона гардида, имконият медиҳад, ки сатҳи зиндагии ҳар як Тоҷикистони боз ҳам баланд гардида, дар амал татбиқ намудани қонунҳои амалкунанда ва риояи дақиқи он вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як хизматчии давлати дониста шудааст.

Нуқтаи басо муҳимеро бояд қайд кунам, ки имрузҳо вазъияти кишварҳои ҳамсоя моро водор менамояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, барои пешгирии ҷиноят, алалхусус ҷиноятҳои махсусан вазнин аз қабили терроризм, хариду фурӯши одамон ва ғайра чораҳои дахлдоро андешем. Пушида нест, ки шумораи муайяни ҷавонон ба гуруҳҳои террористи шомил гардида, боиси ба ҷавобгарии ҷинояти кашидани онҳо гардида истодаанд. Ҳар як хизматчии давлатиро зарур аст, ки  оиди пешгирии ин зуҳӯрот чораҳои заруриро андешанд. Ҳар як шаҳрванд , ки худро фарзанди шоистаи Тоҷикистон мешуморад бояд худро  бартараф нашуморад ва дар хизмати давлатӣ ҳамаи иқтидори худро дареғ надорад.

Шунидани Паёми ҳарсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи  якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳӯрии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ дар ҳаёти сиёсии  кишварамон  як ҳодисаи муҳим ба ҳисоб меравад. Чи тавре, ки аз моҳияти Паёми Президент бармеояд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо самтҳои асосии сиёсати дохила ва хориҷаи мамлакатро муайян мекунад.

Миллати тоҷик соҳиби ойину суннатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тӯли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хазмат кардаанд.

Ҳукумати Ҷумҳӯрии Тоҷикистон ҳамаи захираву имкониятҳоро барои таҷдиду бунёди инфрасохтори иқтисодиву иҷтимоӣ, ворид намудани техгнологияҳои ҳозиразамон, ҳалли масъалаҳои вобаста ба соҳаҳои обу энергетика, махсусан истифодаи манбаъҳои энергияи барқароршаванда ва татбиқи «иқтисодиёти сабз», фароҳам овардани фазои мусоид барои сармоягузориву соҳибкорӣ, рушди бахши хусусӣ ва таъмини волоияти қонун сафарбар карда шуд.

Пешвои муаззами миллат чун ҳарсола дар Паёми имсола қайд карданд,  ки мо бояд барои беҳтар кардани некуаҳволии мардум обу заминро самаранок истифода бурда, истеҳсоли маводи ғизоиро зииёд намоем.

Аз моҳи сентябри соли 2020 маоши вазифаҳои кормандони ташкилоту муассисаҳои соҳаҳои буҷетӣ, аз ҷумла илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ ва кормандони дигар ташкилоту муассисаҳое, ки аз буҷети давлат маблағгузорӣ карда мешаванд, инчуни нафақа, стипендия,  15 фоиз баланд бардошта шуд. Ҳамзамон Президенти кишвар муҳтарам  Эмомали Раҳмон дар Паёми худ зикр карданд, ки маоши иҷтимоии нафақахӯрон ва ятимону маъюбон то 30 фоиз баланд бардошта шавад.

Ҷавонон мояи ифтихор ва сарбаландии Тоҷикистон мебошанд.

Мо ҷавонон бо боварии комил тамоми дастгириҳои самимонаи сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукуматро қадрдони карда, саҳми худро дар ҳама ҷанбаҳои ҳаёти кишвар мегузорем. Имрӯз қисми зиёди хизматчиёни ҳарбӣ ва  мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, перафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Рушди минбаъдаи ҷомеа тақозо  менамояд, ки бо мақсади танзими ҳамаҷонибаи  муносибатҳои ҷамъиятӣ қонунҳои амалкунанда мунтазам такмил дода шаванд. Чунин тарзи танзими ҳуқуқӣ имкон медиҳд, ки мақомоти ҳокимияти иҷроия фаълияти худро асосан ба идоракунии давлатӣ равона созад. Тавре, ки маълум аст баланд бардоштани сатҳи маърифатии ҳуқуқии аҳолӣ омили асосии эъмори давлати ҳуқуқбунёд, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва таъмин намуддани волоияти қонун мебошад. Бинобар ба охир расидани муҳлати Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон барои солҳои 2009-2019 зарур шуморида шуд, ки барои даҳсолаи минбаъда барномаи нав таҳияи ва қабул карда шавад.

Пешрафти минбаъдаи ҷомеа ва амалӣ намудани мақсаду вазифаҳои  дарпешистода кафолати ҳамаҷонибаи адолати судиро талаб мекунад. Аз ин рӯ зарур дониста шуд, ки барномаи нави ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ таҳия карда, дар доираи он сохтор ва фаъолияти мақомоти судӣ такмил дода шавад ваҷиҳти баррасии босифату саривақтии парвандаҳо ва иҷрои санадҳои қабулнамудаи мақомоти судӣ чораҳои мушаххас андешида шаванд. Бо ин мақсад, Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Вазорати адлия ва Хадамоти иҷро дар муҳлатҳои кӯтоҳтарин барномаи нави ислоҳоти судиву ҳуқуқиро барои солҳои 201-2021 таҳия ва пешниҳод намоянд.

Соли 2021 мо ҷашни бузурги 30 солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистони маҳбубамонро таҷлил мекунем. Барои истиқболи шоистаи ин ҷашни муқаддасу мубораки миллӣ корҳои зиёди ободониву созандагӣ ба нақша гирифта шудааст.

Инчунин Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар Паёми навбатии худ қайд намуданд, ки барои ояндаи кишварамон ҳр яки мо аз Рохбари давлат, аъзои Ҳукумат ва вакилони парламент сар карда, то роҳбарони ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ, раисони вилоятҳо ва  шаҳру ноҳияҳо ва  хизматчиёни ҳарбӣ вазифадорем, ки як масъалаи басо муҳимро дар хотир дошта бошем: тибқи Контитутсия халқ сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ мебошад, яъне ҳокимият ба халқ таалуқ дорад. Бинобар ин ҳар яки мо- роҳбарони тамоми сохтору мақомоти давлатӣ ва кули хизматчиёни давлатро зарур аст, ки ба халқ содиқонаву самимона ва бо виҷдони пок  хизмат намоем, нақшаҳои буннёдкоронаи худро сари вақт ва бо сифати баланд ба анҷом расонем.

Барои дар амал татбиқ намудани дастурҳои дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон вогузошташуда, ба ҳамаи Шумо хизмаичиёни давлатӣ  мувафақият хоҳонам.