• Главная »
  • Хабарҳои суд »
  • Нишасти матбуотии раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон муҳтарам Хайриддинзода А. бо Воситаҳои ахбори омма.

Нишасти матбуотии раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон муҳтарам Хайриддинзода А. бо Воситаҳои ахбори омма.

Санаи 3 феврали соли 2021 раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон муҳтарам Хайриддинзода Азизбек дар маҷлисгоҳи Кохи фарҳанги вилояти Хатлон бо кормандони Воситаҳои ахбори омма, ки дар вилояти Хатлон фаъолият менамоянд, нишасти матбуотӣ гузаронид. Дар нишасти матбуотии мазкур раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон муҳтарам Хайриддинзода А. вобаста ба натиҷаи фаъолияти Суди иқтисодии вилояти Хатлон дар соли 2020 баромад карда, ба саволҳои рӯзноманигорон ҷавобҳои мушаххас доданд.