СУДҲОИ ИҚТИСОДӢ ЗОДАИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ-судяи суди иқтисодии вилояти Хатлон Сайдалӣ Сироҷиддин Сайвалӣ

Дар заминаи Эъломияи соҳибихтиёрии Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990, 9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон расман Истиқлолияти давлатии худро эълон намуд.

Яке аз дастовардҳои бузург ва нодири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар аввали солҳои соҳибихтиёрӣ ин қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, ки рӯзи 6 ноябри соли  1994           бо тариқи райдиҳии умумихалқӣ қабул гардид.

Конститутсия-сарчашмаи доимамалкунандаи ҳуқуқӣ мебошад, ки дар он асосҳои сохтори конститутсионӣ, эътирофи арзишҳои олӣ будани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ ва салоҳиятҳои онҳо мушаххасу равшан муайян карда шудаанд.

Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, ки риоя ва таъмину кафолати ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳвранд мақсади асосии давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, ҳифзи онҳо ба воситаи ҳокимияти судӣ амалӣ мешавад.

Бо мақсади таъмини мустақилияти ҳокимияти судӣ, ҳамчун шохаи ҳокимияти давлатӣ боби ҳаштуми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаҳои 84-92) ба ҳокимияти судӣ бахшида шуда, дар он вазифа, мақсад, принсипҳои фаъолият, талаботҳо оид ба интихоб ва таъин шудани судяҳо, низоми судӣ муайян карда шудааст.

Мувофиқи моддаи 84 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон адолати судиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе амалӣ мекунанд.

Судҳои иқтисодӣ дар системаи судии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми махсусро ишғол менамояд.

Бояд қайд кард, ки бо мақсади танзими фаъолияти судҳои иқтисодӣ дар асоси Конститутсия соли 1995 ду санади нав: Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Кодекси мурофиавии хоҷагии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки онҳо табдил ёфтани собиқ арбитражҳои давлатиро ба мақомотҳои комили ҳокимияти судӣ ифода менамуданд ва бори аввал салоҳияти ба амалбарории адолати судиро аз рӯи парвандаҳои судии иқтисодӣ ба зиммаи мақомоти судӣ гузошт.

Ҳаёт ва фаъолияти чандинсолаи судҳои иқтисодӣ дурустии корро дар бораи ташкил намудани шохаи нави ҳокимияти судӣ исбот намуд.

Дар натиҷаи гузаронидани ислоҳоти пай дар пайи судӣ қонунгузорӣ дар самти фаъолияти судҳои иқтисодӣ низ такмил ёфт. Имрузҳо фаъолияти судҳои иқтисодӣ бо Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз  23.07.2016 ва Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 05 январи соли 2008 ба танзим дароварда  мешавад.

Бо пош хӯрдани муносибатҳои маҷбурии иқтисодии нақшавӣ ва эътироф гардидани шаклҳои гуногуни моликият ва гузаштан ба муносибатҳои бозоргонӣ, ки дар конститутсияи кишварамон ифода ёфтааст, мақом ва моҳияти судҳои иқтисодӣ ҳам боло рафт.

Судҳои иқтисодӣ ягона мақоми судӣ мебошанд, ки манфиатҳои шахрвандон, ташкилотҳо ва дар ниҳоят Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ ҳимоя намуда, дар таҳкими қонунгузории иқтисодӣ нақши муҳиме мегузоранд.

Аз фаъолияти суди иқтисодии вилояти Хатлон дида мешавад, ки сол то сол муроҷиати шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорон меафзоянд.

Агар соли 2018 дар суди иқтисодии вилояти Хатлон 328 парванда баррасӣ шуда бошад, пас дар соли 2019 ин рақам ба 333 адад расидааст.

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ бошад 259 адад парванда барраси гаштааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2019 66 адад зиёд аст.

Афзоиши муроҷиати шаҳрвандон ва баррасии парвандаҳо дар суди иқтисодӣ агар аз як тараф нишонаи таҳким ёфтани боварии мардум ба мақомоти судӣ бошад, аз ҷониби дигар он далели равшани ривоҷ ёфтани муносибатҳои гуногунҷабҳаҳои иқтисодӣ дар ҷомеа ҳастанд.

Баҳсҳое, ки шахсони ҳуқуқӣ барои ҳаллашон  ба суди иқтисодӣ муроҷиат мекунанд, асосан ба иҷро накардани ӯхдадориҳои шартномаи хариду фурӯш, шартномаи иҷора, шартномаи қарз, шартномаи гарав, даъвои эътирофи ҳуқуқ ба моликият, талаби ситондани маблағи ҷарима аз ашхоси воқеӣ ва ҳуқуқӣ аз ҷониби мақомоти андоз ва додситонӣ, бекор кардани шартномаи хариду фурӯш марбут ҳастанд.

Роҳбарияти давлатамон ба масъалаи инкишофу пешрафти низоми судӣ, таъмини мустақилияту шаффофияти фаъолияти судҳо таваҷҷуҳи махсус медиҳад.

Бо ин мақсад ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Тоҷикистон пай дар пай идома дорад. 19 апрели соли 2019 таҳти № 1242 «Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ барои солҳои 2019-2021» қабул шуд, ки мақсади асосии он такмили сохтор ва таҳкими фаъолияти судҳо ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиати давлат, ташкилотҳо, қонунияту адолат,назорати иҷрои саривақтии санадҳои судӣ, баланд бардоштани сифат ва самаранокии кори судҳо, беҳтар намудани вазъи иҷтимоии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо, инчунин такмили қонунгузорӣ дар ин самт мебошад.

Бояд қайд кард, ки тибқи банди 2-и нақшаи чорабиниҳо оид ба иҷрои барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021 масъалаҳои ба тобеияти судҳои иқтсодӣ мансуб донистани баррасии парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқи, инчунин танзими дигар масъалаҳои мурофиаи иқтисодӣ пешбинӣ шудааст.

Чунин ҳолат доираи фаъолияти судҳои иқтисодиро васеъ намуда, масъулияти судяҳои судҳои иқтисодиро дучанд мегардонад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро пеш гирифтааст, зеро ҷомеаи ҳуқуқбунёд танҳо ба онҳое такя мекунад, ки аз нигоҳи ҳуқуқӣ босавод бошанд.

Аз ин рӯ судяҳои суди иқтисодии вилояти Хатлон дар баробари моҳиятан баррасӣ намудани парвандаҳо, инчунин ба тарғибу ташвиқи қонунҳо, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон аҳмият дода, пайваста бо аҳолии вилоят вохуриҳо гузаронида, мазмуну моҳияти қонунҳоро ба аҳоли мефаҳмонанд.

Ҳамчунин судҳои сайёрро ба минбари тарғиботи ҳуқуқӣ табдил дода, пайваста кӯшиш доранд шумораи судҳои сайёрро зиёд карда, дар баланд бардоштани донишҳои ҳуқуқии аҳолӣ саҳмгузор бошанд.

Танҳо дар даҳ моҳи соли ҷорӣ аз тарафи судяҳои суди иқтисодии вилояти Хатлон бо аҳолии вилоят 103 маротиба вохӯриҳо гузаронида шуда, 45 маротиба ба воситаи садо, 39 маротиба ба воситаи симо баромадҳо карда, 44 адад мақолаҳои судяҳо дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва шаҳру ноҳияҳо ба чоп расонида шудааст.

Сомонаи интернетии суди иқтисодии вилояти Хатлон фаъол буда, дар он низ 32 маводҳои зарурӣ оиди парвандаҳои баррасишаванда, фаъолияти  ҳаррузаи суд, мақолаҳои ҳуқуқии судяҳо ва кормандони суд ва дигар  маълумотҳо ҷой дода шудааст.

Ҳамчунин аз 259 адад парвандаҳои баррасишуда 81 адади онҳо дар судҳои сайёр баррасӣ гаштааст.

Хулоса судҳои иқтисодӣ зодаи даврони Истиқлолият буда, дар замони ҳозира, ки замони муносибатҳои бозоргонӣ мебошад, баҳсҳои соҳаи иқтисодиётро ҳал карда, манфиатҳои тарафҳои муносибатҳои шартномавиро аз ҳуқуқвайронкунӣ ҳимоя намуда, бо ин васила ба таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ ва муътадилгардонии муносибатҳои иқтисодӣ дар ҷомеа мусоидат менамоянд.