• Главная »
  • Маърӯзаҳо ва мақолаҳо »
  • Хусусиятҳои фарқкунандаи Конститутсияи соли 1994 аз Конститутсияҳои қаблӣ- Корманди дастгоҳи Суди иқтисодии вилояти Хатлон Атоев Ё.Б.

Хусусиятҳои фарқкунандаи Конститутсияи соли 1994 аз Конститутсияҳои қаблӣ- Корманди дастгоҳи Суди иқтисодии вилояти Хатлон Атоев Ё.Б.

Агар мо фарқияти Конститутсияи имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо Конститутсияҳои даврони шуравӣ муайян кунем, фарқиятҳо хеле зиёданд, лекин мо фарқиятҳои чашмрасашро дида мебароем.

Якум, Конститутсияи айни замон амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 бе ягон мувофиқат ё дахолати дигар давлат, мустаъқилона аз тарафи халқ барои шароити имрӯзаи Тоҷикистон мувофиқ ва бо ба назаргирии дурнамои давлат қабул карда шудааст. Лекин 4 (чор) Конститутсияи то истиқлолият Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон бо ба назаргирии нуқтаҳои Конститутсияи ИҶШС (СССР) кабул карда шуда буданд.

Дуюм, ҳуқуқу озодиҳои инсон мувофиқи моддаи 5-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши олӣ ва мувофиқи моддаи 14 бошад, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд барои давлат ва дар шахсияти давлат тамоми мақомотҳои давлатӣ ва шахсони мансабдор ибтидои фаъолият ва муайянкунанда эълон шудааст, ки ин гуфта ҳосили ҳуқуқи фитрӣ аст, яъне мувофиқи Конститутсияи имрӯза ҳуқуқи фитрӣ нисбати ҳуқуқи меъёрии позитивӣ афзалият пайдо кардааст, ки ин қисми таркибии фалсафаи ҳуқуқ аст. Аммо мувофиқи Конститутсияҳои даврони шуравӣ афзалият на ба ҳуқуқи фитрӣ, балки ба ҳуқуқи позитивӣ дода мешуд. Ҳуқуқҳои инсон «туҳфа»-и давлат буда, ҳар вақт мехост маҳдуд кунад.

Сеюм, Конститутсияҳои даврони шуравӣ плюрализм (гуногунандешӣ)-и сиёсиро манъ карда буд. Мафкураи гуногун, ки хилофи мафкураи иттиҳоди Шуравӣ буд, онро маҳдуд мекарданд. Сензураи давлатӣ ба таври максималӣ (ҳадди ниҳоӣ) ба роҳ монда мешуд. «Идораи адабӣ» назорат (сензура)-и чопшавандаро беист ва бе мондашавӣ ба роҳ мемонд. Имрӯз моддаи 8-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуногунфикриро кафолат додааст. Ягон мафкура ба сифати мафкураи давлатӣ эътироф карда намешавад.

Чорум, моддаи 27-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат оиди иштироки шаҳрванд дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, атеистӣ ва ғайраро муайян кардааст. Конститутсияҳои даврони Шуравӣ дар моддаи 6-уми худ ҳизби Комунистиро ҳамчун ҳизби идоракунанда мустаҳкам намуда буд. Ғайр аз ҳизби комунистӣ амали дигар ҳизбҳо дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ манъ шуда буд. Ҳизби комунистӣ тамоми сохторҳои сиёсӣ ва шаҳрвандиро тобеъи худ карда, чи тавре ки хоҳад, ҳамон хел аҳолиро идора мекард. Инсон дар ихтиёри худ набуд.

Панчум, таҷзияи ҳокимият ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ риоя намешуд. Мувофиқи моддаи 9-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳокимияти давлатӣ дар асоси таҷзияи он ба ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ амалӣ мегардад.

Шашум, дар давраи Иттиҳоди Шуравӣ моликият ҷамъияти буд ва ҳуқуқ ба моликияти хусусӣ манъ шуда буд. Фаъолияти соҳибкорӣ ҳамчун ҷиноят ба қайд гирифта мешуд. Лекин имрӯз фаъолияти соҳибкорӣ раванди декримилизатсиониро аз сар гузаронида, имрӯз ҳамчун фаъолияти аз тарафи давлат ҳавасманд ва кафолат дода шудааст. Мувофиқи моддаи 12-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Тоҷикистон шаклҳои гуногуни моликият, аз ҷумла моликияти хусусӣ кафолат дода шудааст.