Инкишофи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи истиқлолият-Корманди дастгоҳи Суди иқтисодии вилояти Хатлон Исоева С.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лаҳзаи ба даст овардани истиқлолият ғами қабули Конститутсияро мехӯрд. Албата Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон, ки соли 1978 қабул шуда, ба талаботи ҷомеаи баъди Шӯравӣ, яъне ба талаботҳои истиқлолият ҷавобгуй набуд. Акнун Ҷумҳурии Тоҷикистон қадами навини худро ба даргоҳи истиқлолият пой ниҳод ва ҳар давлати истиқлолиятро ба даст гирифта, саъю кӯшиши худро ба сохтмони давлати ҳақиқатан демокративу ҳуқуқбунёд равона карданд.

Акнун Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдири сарнавишти худро аниқу мушаххас дарк намуда, ба сохтмони давлати ҳуқуқбунёд тамоми ҳастиашро равона сохта истодааст. Дар замони ҳозира халқ баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимият баромад карда, онро бевосита (тавассути интихоботи бевоситаи Президент, ваколати Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва ё бавосита (намояндагӣ, мисол, Маҷлиси миллӣ) амалӣ мегардонад. Солҳои баъди қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол воқеан давраи пойдории ҳаёти конститутсионӣ, ҷустуҷӯӣ ва интихоби роҳи нави инкишоф баъди пошхӯрии ҷамъияти сотсиалистӣ буд. Ҷомеа бе дурнамои инкишофи таърихӣ ва интихоби роҳи аниқи инкишоф пеш рафта наметавонад. Беҳуда нест, ки дар маърӯзааш Президенти кишварамон муҳтарам Эмомали Раҳмон борҳо таъкид карда буд, ки раванди нави таърих ба души давлати соҳибистиқлоли мо вазифаҳои басо мураккаб, масъулиятнок ва вазнин гузошт. Дар ҳалли ин вазифа Конститутсияи Тоҷикистон нақши ҳалкунанда бозид. Ин бесабаб нест, зеро Конститутсия ҳуҷҷати сарнавишту тақдирсоз буда, он аз марҳилаи нави таърихӣ оғоз гашта, дар он роҳҳои мушаххаси инкишофи минбаъда муайян мегарданд. Ин хусусияти хос умуман ба ҳаммаи Конститутсияҳои давлатҳои демократӣ тааллуқ дорад.

Давраи нави инкишофи конститутсионии Тоҷикистон бо марҳилаи бозсозии ҷамъияти шуравӣ, ҷараёни тайёр кардани лоиҳаи шартномаи нави ИҶШС рост меояд. Дар охири солҳои 80-ум баробари муайян кардани таърихи Конститутсияи иттифоқӣ дар Тоҷикистон ҳам кори тағйиру илова даровардан ба Конститутсияи амалкардаистода ва муайян кардани самтҳои асосии тайёр кардани Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфта буд.

Мақсад аз тайёр кардани лоиҳаи Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи аввал баланд бардоштани вазъи ҳуқуқи конститутсионии Тоҷикистон, ба соҳибихтиёрии расмию давлатии Тоҷикистон додани мазмуни ҳақиқӣ ва таъмин намудани тараққиёти пуравҷи ҷумҳурӣ дар ҳайати ИҶШС буд. Қадами аввал барои амали гардонидани ин мақсад қабули Эъломияи истиқлолияти ҶШС Тоҷикистон аз 24 августи соли 1990 гардид. Тобистони соли 1991 варианти аввали лоиҳаи Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон-ро, ки он аз муқаддимаи мухтасар, ҳафт фасл, ки баъзеи онҳо ба бобҳо ҷудо мешуданд, иборат аз 150 модда тайёр карданд. Давоми кори тайёр кардани лоиҳаи Конститутсияи Тоҷикистон моҳиятан ба сабаби барҳам хурдани ИҶШС мавқуф гузошта шуд.

Давраи дуюми кори тайёр кардани лоиҳаи Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди барҳамхӯрии ИҶШС ва дохил шудани Тоҷикистон ба ҳайати Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамчун давлати соҳибихтиёр сар шуд. Дар ин давра мувофиқи амри Президент аз 10-уми феврали соли 1992 гуруҳи кории нуҳ нафара ташкил ёфт. Лоиҳаи Конститутсияи соли 1992 аз муқаддимаи мухтасар, ҳафт фасл, ки баъзеи онҳо ба бобҳо ҷудо мешуданд, аз 12 боб ва 136 модда иборат буд. Фасли якум аз асосҳои сохтори конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон ном дошт, ки ба бобҳои давлат, ҳолати ҳуқуқии ВМКБ ва асосҳои иқтисодиёти ҷумҳурӣ ҷудо мешуд. Фасли дуюм ба ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд бахшида шуда буд. Дар фасли сеюм мувофиқи усули таҷзияи ҳокимият низоми мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон-Маҷлиси миллӣ, Президент, Суд ва Прокуратура муқаррар шуда буд. Фасли чорум низом ва тарзи ташкилёбию фаъолияти мақомоти ҳокимияти маҳаллиро муқаррар мекард. Фасли панҷум низоми интихобот. Фасли шашум  вазъияти фавқулода ва фасли ҳафтум тартиби қабул ва тағйир додан ва илова даровардан ба конститутсияро ба танзим медароварданд.

Саршавии давраи сеюм кори тайёр кардани лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷлосияи ҳабдаҳуми Шурои Олӣ аз 26 июли соли 1993 дар бораи тағйир додани ҳайати комиссияи конститутсионӣ алокаманд аст. Дар аввали моҳи апрели соли 1994 лоиҳаи Конститутсияи навро дар ду варианд :

  1. Лоиҳаи Конститутсияи ҷумҳурии президентӣ.
  2. Лоиҳаи Конститутсияи ҷумҳурии парлумониро гуруҳи кории комиссияи конститутсионӣ пешниҳод кард.

Раёсати Шӯрои Олӣ бо қарори худ аз 13 апрели соли 1994 лоиҳаро интишор кард ва ба комиссияи конститутсионӣ супориш дод, ки таклифу эродҳои мардумро оиди такмил додани лоиҳа ба ҳисоб гирад ва ба лоиҳа тағйиротҳои лозима дароварда то якуми июли соли 1994 онро ба Раёсати Шӯрои Олӣ пешниҳод намояд. Лоиҳаи Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон 21-22 апрели соли 1994 дар рӯзномаҳои ҷумҳурӣ интишор гардид ва муҳокимаи он оғоз ёфт. Лоиҳа аз муқаддимаи мухтасар, 10 боб ва 100 модда иборат буд. Дар он бисёр меъёру ҳолатҳои лоиҳаи соли 1992 ба муҳокимаи мардум пешниҳод гардида инъикос ёфта буд. Ниҳоят Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6-ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Бо баробари қабул кардани Конститутсия халқи Тоҷикистон роҳи нави инкишофро интихоб намуд ва марҳилаи гузариш аз ҷомеаи сотсиалистӣ ба шаҳрвандӣ ва аз давлати шӯравӣ ба давлати ҳуқуқбунёд оғоз гардид. Халқи Тоҷикистон дар назди худ мақсади бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ, давлати ҳуқуқбунёд ва фаъолияти озоди иқтисодиро пеш гузоштааст.