• Главная »
  • Хабарҳои суд »
  • Дар санаи 8-уми сентябри соли 2020 дар Суди иқтисодии вилояти Хатлон бахшида ба 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар санаи 8-уми сентябри соли 2020 дар Суди иқтисодии вилояти Хатлон бахшида ба 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.

Дар санаи 8-уми сентябри соли 2020 дар Суди иқтисодии вилояти Хатлон бахшида ба 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид. Мизи мудаввари мазкурро Раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон Хайриддинзода А. кушода, вобаста ба дастовардҳои замони истиқлолият суханронӣ карда, суханро ба маърӯзачиён судя Сафарзода Н. ва котиби маҷлиси судӣ Атоев Ё. дод. Маърӯзачиён дар мавзӯъи моҳият ва муҳимияти Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза карда, вобаста ба нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат- муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дастовардҳои замони истиқлолият суханронӣ карданд. Дар охир Раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон Хайриддинзода А. судяҳо ва кормандони дастгоҳи Суди иқтисодии вилояти Хатлон ва дар симои онҳо тамоми тоҷикони ҷаҳон ва мардуми шарафманди Тоҷикистонро ба муносибати 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ба онҳо саломатӣ, умри дарозу бобаракот, бурдбориҳои нав ба нав ва боянда будани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамано кард.