Чист Истиқлол? Ваҳдат доштан!- судяи Суди иқтисодии вилояти Хатлон Давлатзода Т.Ш.

Истиқлолият чӣ мафҳуми муқаддасу арзишманд аст. Ин истилоҳ, махсусан барои миллати тоҷик, ки дар гузаштаи таърих бисёр муқаддасоташро аз даст додааст, хеле ҳам боарзиш мебошад. Тавре аз дирӯзу имрӯз медонем, Истиқлолият, дар баробари дигар равандҳои ҷомеа, ҳамеша ниёз ба ваҳдати миллӣ ва амнияти дохилию хориҷӣ доштааст. Бе пойдории суботи комил наметавон аз шаҳди Истиқлолият ком ширин намуд. Ҳамин аст, ки марҳилаи дар аввали солҳои соҳибистиқлолӣ ба таъмини сулҳу оромӣ камари ҳиммат бастани тоҷикон бо сарварии Пешвои муаззамашон, ҷаҳони муайяни дарку фаҳмишро доро мебошад. Дар ин раванд тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд:

«Муҳимтарин дастоварди мо дар ин давра таъмини сулҳу оромӣ, аз хатари нобудӣ наҷот додани давлатдории миллиамон ва аз парокандагӣ раҳо бахшидани миллатамон мебошад. Зеро бе доштани давлати озод орзу ва омоли таърихии миллат ва ҳадафу барномаҳои насли имрӯзу фардои он маънои худро аз даст медод. Аз ин рӯ, агар дар он тӯфоне, ки бадхоҳони миллати тоҷик дар сари роҳи кишвари тозаистиқлоли мо эҷод карда буданд, давлат аз байн мерафт ва миллат пароканда мегардид, наслҳои оянда моро ҳаргиз намебахшиданд.

Дар қадамҳои баъдӣ мо тамоми талошро ба харҷ додем, ки сохтори мукаммали идоракунӣ, Ҳукумати муосир, парламенти касбӣ, артиши миллӣ, ниҳодҳои босалоҳияти низомиву амниятӣ ва дигар рукнҳои зарурии давлатдории худро тибқи меъёрҳои замонаи нав бунёд намоем. Шахсоне, ки ин роҳи таърихиро тай кардаанд, хуб дар ёд доранд, ки эҳё ва барқарор кардани ҳар як рукни давлатдорӣ ва ҳар як сохтори фалаҷшудаву аз фаъолият бозмондаи давлатӣ чӣ заҳмати бузургеро талаб мекард».

Ин аст, ки дар тамоюлоти имрӯзаи сиёсати амалӣ, бахусус муколамаҳои доманадор оид ба таносуби дарки арзишҳои муосир ва анъанавӣ муҳтавои асосии падидаи Истиқлол пайваста сурат мегирад. Дарвоқеъ, ин амр метавонад дар афкори ҷомеаҳои гуногун гардиши куллие ба вуҷуд орад.

Таҷлил намудани Ҷашни Истиқлолияти давлатӣ, ки озодии иродаи миллӣ, шаъну шараф, қудратмандӣ ва яке аз рукнҳои асосии ҳастии ҳар як давлати мустақил маҳсуб меёбад, дар баробари дигар иду ҷашнҳои бузурги миллиамон мақому манзалати зиёде дорад. Онро бояд аз ҳама идҳои дигар болотару волотар арзёбӣ намоем.

Вале дар ҷаҳони муосир вобаста ба он таҳаввулоте, ки дар арсаи муносибатҳои байналмилалӣ ба амал омада истодааст, мазмуну мундариҷаи он тағйироти муайяне касб менамояд. Новобаста ба ин, Истиқлол арзишест, ки решаи асосии он Истиқлоли шахсӣ мебошад. Ба андешаи ҷомеашиносон, миллате, ки Истиқлоли сиёсӣ надорад, маҳкум ба маҳв шудан аст. Дар баробари ин, боз андешаҳое мавҷуданд, ки Истиқлол волоияти ҳокимияти давлатӣ нисбат ба ҳама гуна шаклҳои дигари ҳокимият дониста мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки имрӯз нигаҳдорию эҳтироми Истиқлолияти давлатии мо бузургтарин арзиши миллӣ ба шумор меравад. Мо бояд тамоми дастовардҳои замони соҳибистиқлолиро ба Истиқлолият ва Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастаю пайваста дониста, ба хотири дар амал татбиқ намудани ҳадаф ва идеяҳои миллӣ Истиқлолияти давлатиро ҳамчун дастоварди бузурги аср муаррифӣ намоем.

Дар ин радиф, нақши ҳокимияти судӣ дар ҳифз ва таъмини ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон хеле калон аст. Ҳамин аст, ки Роҳбари давлат дар яке аз Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии мамлакат ин меъёрро чунин тавсиф додаанд:

«Кишвари мо роҳи эъмори ҷомеаи ҳуқуқбунёдро интихоб намудааст, ки яке аз ғояҳои асосии он таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд мебошад. Принсипи мазкур тақозо менамояд, ки муносибатҳои ҷамъиятӣ дар ҳамаи соҳаҳо тавассути қонунҳое танзим шаванд, ки ҷавобгӯйи меъёрҳои ахлоқ ва адолату инсондӯстӣ бошанд».

Имрӯзҳо Тоҷикистони азизи мо дар арафаи 29-умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ бо оромишу осудагӣ ва пешрафту созандагиаш ба як сарзамини биҳиштосо табдил ёфта, мардуми заҳматкашу меҳнатқаринаш барои боз ҳам ободу зебо гаштани ин диёри ҳамешабаҳор якдилона талош мекунанд. Бо шукргузорӣ аз Истиқлолият ва тамомияти арзии кишвар, дар атрофи андешаҳои ояндасози Пешвои миллат муттаҳид гардида, барои ободии Ватан ва таҳкими пояҳои соҳибистиқлолӣ саъю талош меварзанд.