• Главная »
  • Маърӯзаҳо ва мақолаҳо »
  • ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ЗАМИНАИ ТАШАККУЛЁБИИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ -Иҷрокунандаи вазифаи Сардори шуъбаи коргузорӣ ва назорати Суди иқтисодии вилояти Хатлон Пирзода Қ.Ҷ.

ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ЗАМИНАИ ТАШАККУЛЁБИИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ -Иҷрокунандаи вазифаи Сардори шуъбаи коргузорӣ ва назорати Суди иқтисодии вилояти Хатлон Пирзода Қ.Ҷ.

          Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ  дар роҳи эъмори ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд қадамҳои устувор мегузорад. Ҳамчун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ давлати Тоҷикистон ба самти созандагию бунёдкорӣ, давлатсозию давлатдорӣ, ҳифз ва таҳкими арзишҳои миллӣ равон мебошад.  Муваффақиятҳои назарраси он асосан аз давраи соҳибихтиёрӣ, яъне истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуруъ шуда, то инҷониб тамоюли болоравиро касб карда истодааст. Тули 29 соли истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дастоварду комёбиҳои назарраси сиёсиву иқтисодие мушарраф гардид, ки дар таърихи давлатдории навини тоҷикон аҳамияти беназир доранд.

Дар партави сиёсати хирадмандонаю бунёдгарои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мамлакат сол то сол пояҳои Истиқлолияти давлатӣ қавитару устувортар мегарданд, ки дар шароити ҳасоси ҷаҳони муосир шарти муҳими ҳастии давлату миллат аст.

Пеш аз таҳлили аҳамияти таърихии истиқлолият, мо бояд мафҳум ва моҳияти «истиқлолият»-ро муайян намоем. Истиқлолият ин мафҳуми сиёсӣ ва ҳуқуқӣ мебошад, ки  маънои мустақилиро дорад. Асосан калимаи истиқлолият ба мардум ё давлат мутаалиқ буда, ибораи «Мустақилият» бошад ба ягон шахси муайян таалуқ дорад. Истиқлолият доштан маънои онро дорад, ки давлат ё халқ (мардум) новобаста аз қарори (фикр)-и дигар давлату халқиятҳо амал ва ҳаракатҳои худро мустақилона амалӣ месозад.

Воқеан ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ имкон дод, ки халқи куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик арзишҳои миллии хешро дубора дар авлавият қарор дода, дар бунёди давлати миллӣ вориди корзори таърих шавад. Маҳз ҳамин неъмати бебаҳо эҳсоси худшиносиву худогоҳиро дар замири халқ бедор намуда, ба муаррифии шоистаи давлату миллат дар арсаи ҷаҳонӣ роҳ кушод.

Чи тавре, ки Роҳбари давлат пайваста қайд мекунанд «Тоҷикон дар таърих бо фарҳангу ҳунар ва илму маърифати худ маълум ва машҳури олам буданд». Дар ҳақиқат тоҷикон шахсиятҳои барҷастаи сатҳи ҷаҳониро дар миёни  худ бузург намудаанд, ки то ҳол афкор ва назарияи онҳо ба манфиати ҷомеи башарӣ хизмат намуда истодааст. Аммо бинобар сабаби ноадолатиҳои таърих баъд аз давлати Сомониён халқи тоҷик натавонист кишвари мустақили худро дошта бошад.

9-уми сентябри соли 1991 санаи сарнавиштсоз барои миллати қуҳанбунёди тоҷик мебошад. Маҳз дар санаи мазкур мо тавонистем бори дигар истиқлолияти давлатии худро ба даст оварем. Аз ин пештар, яъне 24 августи соли 1990 (дар Иҷлосияи дуюми Шӯрои Олии  ҶШС Тоҷикистон, даъвати 12) «Эъломияи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки ин ҳуҷҷат аз ҷиҳати ҳуқуқӣ истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро тасдиқ намуд. Дар моддаи 1-уми он мафҳуми истиқлолияти давлатӣ ҳамчун «ягонагӣ ва ҳукмравоии ҳокимияти давлатӣ дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соҳибихтиёрии он дар муносибатҳои хориҷӣ» маънидод шудааст.

Аҳамияти таърихии истиқлолият дар он мебошад, ки барои ҳифзи иқтисодиёт, асъори давлатӣ, ҳудуд, фарҳанг, илм ва дигар бахшҳои соҳаҳои хоҷагӣ шароити хуб  фароҳам шуда, дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқ манфиатҳои қариб ҳамаи шаҳрвандон ба инобат гирифта мешавад.

Дар замони феълӣ намешавад, бо дастовардҳои кунунии истиқлолият қонеъ шуд, балки онро пайваста бояд таҳкиму тавсеа бахшид. Зеро ҳаводиси хатарбори ҷаҳони муосир, рақобати қудратҳо ва омилҳои таъсиргузори беруна дар сурати ғафлат метавонанд, ба амнияти дилхоҳ кишвар таҳдид намуда, истиқлолияту якпорчагии онро зери хатар гузоранд. Дар ҷаҳони муосир бисёре аз халқиятҳое мавҷуд мебошанд, ки то ҳол барои ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ талош менамоянд, аммо мутасифона ба он ноил нагардидаанд.

Бояд қайд намуд, ки дар тули 29 соли Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба натиҷаҳои баланди иқтисодӣ ва  иҷтимоӣ ноил гардидааст. Маҳз бо Роҳбарии хирадмандонаи Президенти кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон арзишҳо ва неъматҳоеро  ба даст овард, ки дар 70 соли ҳукумронии Иттиҳоди Шуравӣ ба мо муясар нагардида буд.

Дар ин росто барои ҳифзи арзишҳои Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ зарур аст, ки ба чанд масъала таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуд, ки тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи ғояҳои арзишманди истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва сатҳи ҷаҳонбинии шаҳрвандон беш аз ҳар вақти дигар зарур шуморида мешавад. Зеро заъфи донишу ҷаҳонбинӣ шаҳрвандонро дар баробари равияҳои номатлубе, ки ба сулҳу амнияти миллӣ хатар эъҷод мекунанд, осебпазир месозанд.

Ҳамин тариқ зикр кардан ба маврид аст, ки бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ миллати тоҷик тавонист, ки анъанаҳои ниёгони худро идома дода, бунёд намудани давлати соҳибистиқлолро бар асоси таҷзияи ҳокимият, анъана ва арзишҳои ҷаҳонӣ дар шакли давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ таъмин намояд. Бинобар ин  ба хотири таҷлили ҷашни 30-юмин солгарди истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2021 доир мегардад, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 декабри соли 2017 қабул гардидааст. Дар асоси Фармони мазкур Кумитаи тадорукот таъсис дода шуда, баҳри сазовор ҷашн гирифтани истиқлолияти давлатӣ корҳои муайяни ташкилиро амалӣ менамоянд.