ИСТИҚЛОЛИЯТ – САРВАТИ БЕБАҲОИ МИЛЛАТ-судяи Суди иқтисодии вилояти Хатлон Н. Сафарзода

Истиқлолият муқаддастарину азизтарин неъмат, рамзи саодат ва асолати миллат, шарафу номуси ватандорӣ ва нишонаи пойдориву бақои давлат мебошад. Ин нуктаро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд.

Воқеан, Истиқлолияти давлатӣ рамзи олии ватандорӣ, хушиносии миллӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанги аҷдодӣ, неъмати беҳамтои давлатдории мустқил ва омили муҳими расидан ба истиқлолияти комили сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангист, ки рӯзгори осуда ва саодати воқеии миллатро таъмин менамояд.

Миллати тоҷик тайи бистунӯҳ соли соҳибихтиёрӣ бо азму талоши пайвас-та бо пайравӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати сулҳпарварона ва оқилонаи Сарвари худ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими давлатдории миллӣ корҳои бузургро ба анҷом расонида, ба сӯйи ояндаи дурахшон собитқадамона роҳ мепаймояд.

Ба шарофати ин рӯйдоди бузурги таърихӣ халқи мо соҳиби рамзҳои давлатии худ – Парчам, Нишон, Суруди миллӣ ва Конститутсия шуд ва Тоҷикистони азизи мо аз ҷониби ҷомеаи башарӣ ҳамчун давлати мустақил эътироф гардид.

Таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 1997 бинобар бо мухолифин ба созиш омадан, бастани созиши оштии миллӣ дар ҷумҳурии мо ба ҷанги бемаънии шаҳрвандӣ хотима дода шуда, тамоми он вайронкориҳое, ки аз ин ҷанг ба миён омада буданд, давра ба давра бартараф ва барқарор карда шуданд. Халқи Тоҷикистон ба зиндагии осудаҳолона шурӯъ кард.

Истиқлолият бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдорист, ки барои татбиқи ҳадафҳои созанда ва рушди ҷумҳурӣ заминаи воқеӣ мегузорад. Бо шарофати соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон тӯли 29 сол ба дастовардҳои бузург ноил гардид, ки сатҳи зиндагии мардумро бамаротиб афзуда, Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ низ бонуфуз гардонид.

Имрӯз Тоҷикистон дар доираи Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисодиву иҷтимоӣ барои солҳои 2016-2020 ҷиҳати аз мамлакати аграриву саноатӣ ба кишвари саноативу аграрӣ табдил додани Тоҷикистон, яъне баланд бардоштани нақши саноат дар таъмини тараққиёти мамлакат заминаҳои заруриро фароҳам оварда истодааст.

Ҳоло ба шарофати заҳмату талошҳои миллати шарафмандамон се ҳадафи стратегии миллии мо – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ ба марҳалаи ниҳоии худ наздик расидааст.

Дар марҳилаи барқарор-созии сулҳу субот ва рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат саҳми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле назаррас мебошад. Чунки маҳз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд марҳилаи барқарорсозии иқтисодиву иҷтимоӣ ва ислоҳоти сохториро дар давлати тозаистиқлол роҳандозӣ намоянд.

Дар тӯли 29 соли Истиқлолияти давлатӣ дар ҷумҳуриамон бо кӯшишу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иншооти  муҳими  дорои  аҳамияти давлатӣ, аз қабили  неругоҳҳои барқи обии «Помир-1», «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», «Роғун», фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Кӯлоб, роҳи оҳани Қӯрғонтеппа-Кӯлоб,  кони гази  Хоҷасартез,  таҷдид ва сохтмони роҳҳои мошингарди Кӯлоб – Қалъаи Хумб – Мурғоб – Қулма, шоҳроҳи Қароқурум – Шкев-Зиғар, Шоғун – Зиғар, (марҳилаи 1 ва 2), Душанбе-сарҳади Қирғизистон (марҳиллаи 1 ва 2), хатҳои баландшиддати «Лолазор-Хатлон», «Ҷануб ва Шимол», нақби мошингарди “Чормағзак”, “Шаҳристон”, “Шар-шар”, “Анзоб” ва як қатор корхонаҳои хурду бузург ба истифода дода шуданд, ки дар маҷмӯъ гуфта метавонем, рушду тараққиёти Тоҷикистони ҷавон босуръат мебошад.

Ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар самти об имрӯз нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари ташаббускори масоили об боло бурдааст.

Эълон гардидани солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар ин замина метавонад ҷалби сайёҳонро ба кишвари мо бештар намуда, расму русуми миллӣ ва анъанаҳои неки ниёгонамонро ба ҳазорон сайёҳи хориҷӣ ва миёни миллатҳои гуногун муаррифӣ намуда, иқтисодиёти Тоҷикистон ва нуфузи онро бамаротиб афзояд.

Тоҷикистон имрӯз гул-гул шукуфта истодааст ва мо, тоҷикистониён  бояд аз ин неъмати бебаҳо шукргузор бошем.