ПЕШГИРӢ, ТАШХИС ВА ТАБОБАТИ ВИРУСИ НАВИ КОРОНАВИРУС ( COVID – 19 )- судяи Суди иқтисодии вилояти Хатлон Сайдалӣ С.С.

Аз моҳи декабри соли 2019 дар Ҷумҳурии Мардумии Чин, музофоти Хубей, шаҳри Ухан мутахассисони соҳаи тандурустӣ оид ба cap задани сирояти нав, ки барангезандааш коронавирус мебошад, хабар расониданд. Дар мудати начандон дароз ба ин беморӣ ҳазорон нафар дар тамоми музофотҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин гирифтор шуданд, ки аксарияти онҳо фавтиданд. Айни замон ин бемори кариб дар тамоми кишвархои дунё, аз ҷумла аз 30 апрели соли 2020 дар ҷумҳурии мо ба қайд гирифта шудаст.

Коронавирусхо (Coronaviridae) як оилаи калони вирусҳои дорои РНК мебошанд, ки метавонанд ба одамон ва баъзе ҳайвонот сироят кунанд. Дар одамон, коронавирусҳо метавонанд як қатор бемориҳоро, аз ҷумла намудҳои сабуки сирояти шадиди роҳи нафас ва рудаю меъда то синдроми шадиди роҳи нафас (SARS) ба вучуд оранд.

Барангезандаи беморӣ ҳангоми нафаскашӣ, гуфтугӯ, сулфа, атса задан, тавасути оби даҳон, луоби бинӣ, ҳавогӣ – қатрагӣ ва тамосӣ аз шахси сироятёфта ба шахси солим мегузарад. Роҳҳои воридшавии барангезандаи сироят – эпителияҳои қисмати болоии узвҳои роҳҳои нафас ва эпителиотситҳо меъда ва руда мебошанд. Марҳилаи аввалини сироятёбӣ ин воридшавии COVID – 19 ба ҳучайраҳои ҳадафӣ (клетки – мишени), ки ретсепторҳои ангиотензинмубадалшаванда доранд, ворид мешаванд. Ин ретсепторҳо бештар дар ҳуҷайраҳои роҳҳои нафас, гурдаҳо, сурхруда ва ғайраҳо мавҷуданд. Аммо аз ҳама ҳадафи пештар ҷойгиршуда ин ҳуҷайраҳои алвеолаҳои типи II -юм, ки дар шуш ҷойгиранд ва оянда ба илтиҳоби шушҳо оварда мерасонанд, таъсир мерасонанд.

Давраи ниҳоии бемории коронавирус аз 2 то 14 рӯз буда, ба ҳисоби миёна 5-7 шабонарӯзро ташкил медиҳад.

Барои сирояти коронавируси навъи нав COVID-19 сирояти шадиди вирусии роҳҳои нафас, аз қабили баландшавии ҳарорати бадан (зиёда аз 90%), сулфа (хушк ё бо миқдори ками балғам) дар 80% ҳолат, нафастангӣ (55%), миалгия ва бемадорй (мондашавӣ) (44%) ва ҳисси маҳкамшавии (тангшавии) қафаси сина (20%) хос аст.

Нафастангии вазнин дар 6-8 шабонарӯз аз вақти сироятёбӣ ба вуҷуд меояд. Инчунин, муайян карда шудааст, ки дар байни нишонаҳои сироятёбӣ аввалан дарди cap (8%), хунпартоӣ (5%), дарунравӣ (3%), дилбеҳузурӣ, қайкунӣ ва дилзанӣ пайдо мешаванд. Нишонаҳои мазкур дар аввали сироятёбӣ дида шуда, бе баландшавии ҳарорати бадан мегузаранд.

Бояд қайд кард, ки айни замон дар тамоми дунё маводҳои пешгирии махсуси сирояти коронавирус дар марҳилаи таҳия ва озмоиши қарор доранд.

Пешгирии ғайримахсуси сирояти коронавирус бошад, ин чорабиниҳое мебошанд, ки барои роҳ надодан ба паҳншавии сироят равона карда шуда, нисбат ба манбаи сироят (шахси бемор), механизми интиқоли ангезандаи сироят, инчунин, доираи шахсони осебпазир (ҳифзи шахсоне, ки дар тамос бо бемор буданд ва ё ҳастанд) гузаронида мешаванд.

Гарчанде дар ҷумҳурии мо аввалин гирифторони ин беморӣ рӯзи 30 апрели соли 2020 ба қайд гирифта шуда бошанд ҳам аз миёнаҳои моҳи март сар карда, дар ҷумҳурӣ баҳри пешгирии паҳншавии ин беморӣ корҳои зиёди таблиғотӣ ва безараргардонӣ бурда мешавад. Бо ин мақсад дар ҷумҳурӣ ситоди ҷумҳуриявӣ муқобилият ба бемории COVID – 19 таъсис дода шуд, ки тамоми тавсияҳо аз тарафи ин ситод ба мардуми ҷумҳурӣ расонида мешавад.

Айни замон бошад кормандони соҳаи тибб шабонарӯзӣ бо ин мақсад фаъолият доранд.

Бояд қайд кард, ки пешгирии ҳама гуна беморӣ аз табобати он осонтар аст ва табиби ҳар шахс худи ӯ мебошад. Ҳамарӯза ба воситаи шабакаҳои телевизион ва радио, рӯзномаю маҷалаҳо барномаҳои махсус ташкил ва мақолаҳо ба табъ мерасанд, ки онҳо бештар ба тарзи риояи гигиенаи шахсӣ, истифода аз маводҳои фардии худмуҳофизатӣ, пешгирии манбаҳои сироят ва интиқоли он бахшида мешавад.

Аз ин рӯ шаҳрвандон пеш аз ҳама бояд ба гигиенаи шахсӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода, дастонашонро бо собун ва маводҳои антисептикӣ тез-тез шӯянд. Ҳамчунин баъди адои ҳоҷат ва анҷоми корҳои хона ва наздик шудан бо ҳайвоноти хонагӣ дастони худро ҳатман бо собун шӯянд. Ҳавои хонаро тез-тез тоза гардонида, дар манзилҳои зисташон  ва ҷойҳои корашон чораҳои дизекфисионӣ гузаронанд, яъне хонаю ҷойи корашонро бо маводҳои химиявӣ безарар гардонанд, партобҳо бо усули “В” тоза карда шаванд.

Ҳангоми сулфа задан ҳатман даҳони худро бо дастон ва матоъ дошта, баъди ин дастони худро бо собун шустан лозим аст.

Шаҳрвандон бояд, ки бе зарурият аз хона набароянд ва ҳангоми аз хона баромадан бо худ маводҳои антисептикӣ ва ниқоби тиббӣ дошта бошанд. Дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва серодам (бозорҳо, мағозаҳо ва ғайраҳо) фосилаи муқараршудаи байни одамон (1,5-2 метр)-ро риоя намоянд.

Ин ҳама чораҳое мебошанд, ки интиқоли ангезандаи сироятро кам мекунад.

Шаҳрвандонро зарур аст, талабот оид ба тартиби истифодабарии ниқобро, ки бо фармоиши вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз санаи 15 июли соли 2020, №525 тасдиқ шудааст ба таври қатъи риоя намоянд.

Ҳамчунин бо мақсади аз манбаи сироят дур будан бояд шахсони гирифторони ин беморӣ  дар ҳуҷраҳои алоҳида ва беморхонаҳои сироятӣ ҷудо хобонида шаванд, ниқобҳои ин беморон ҳар ду соат бояд, ки иваз карда шавад, ин беморон ба беморхонаҳо ва дигар ҷойҳо бо нақлиёти махсус интиқол дода шаванд, ба ин беморон маводҳои сарфи яккаратаи тиббӣ истифода шаванд. Ҳачунин гигенаи сулфакунӣ риоя карда шавад. Зеро тавре дар боло қайд гардид яке аз роҳҳои паҳншавии ин беморӣ сулфа ва атса задан мебошад.

Сайру гашт дар ҳавои тоза, ба машқҳо ва меҳнати ҷисмонӣ машғул шудан, истеъмоли ғизоҳои серғизо ва меваю сабзавоти тару тоза низ ба пешгирии ин беморӣ мусоидат мекунад.

Як нуқтаро қайд кардан лозим аст, ки баъди каме муътадил гаштани ин беморӣ бархе аз шаҳрвандон фикр карданд, ки хавфи ин беморӣ аз байн рафтааст ва бепарвоӣ зоҳир намуда, дастурҳои додаи табибонро ба инобат нагирифтанд. Аз ҷумла дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бе ниқобҳои тиббӣ гаштугузор карда, аз маводҳои безараркунанда истифода набурданд.

Рӯзҳои охир дар дунё, ба хусус минтақаи Осиёи марказӣ авҷи дуюми ин беморӣ хуруҷ кардааст, ки ин ҳолат ҳар яки моро барои андешидани чораҳои иловагӣ водор месозад.

Аз ин рӯ то ба куллӣ ба эътидол омадани вазъи эпидемиологии бемории сироятии коронавирус COVID – 19 мо бояд чораҳои бехатариро риоя карда, ба тавсияи табибон гуш диҳем.

Фаъолияти Суди иқтисодии вилояти Хатлон дар нимсолаи аввали соли 2020 ба таври муқаррарӣ ба роҳ монда шуд. Дар як вақт ҳангоми қабули шаҳрвандон ва гузаронидани маҷлисҳои судӣ тамоми тадбирҳои беҳдоштӣ андешида шуда, аз кормандони суд ва иштирокчиёни мурофиаҳои судӣ истифодаи ҳатмии ниқобҳои тиббӣ ва риояи масофаи муқарраршуда талаб карда мешавад. Бинои суд ва утоқҳои корӣ ҳаммарӯза бо маводҳои химиявӣ дизинфексия карда мешавад.

Ҳангоми мурофиаҳои судӣ аз ҷумла мурофиаҳои сайёри судӣ бо аҳоли суҳбатҳои алоҳидаи маърифатӣ санитарӣ оиди роҳҳои пешгирии ин беморӣ гузаронида шуда, аз онҳо хоҳиш карда мешавад, ки ба ҳамма гуна овозаҳои бардуруғу беассос, ки хатари онҳо аз худи ин беморӣ дида бештар аст бовар накунанд, аз дили худ эҳсоси тарсу навмедиро дур сохта, танҳо дар асоси тавсияҳои табибон амал намоянд.

Иҷрои чунин амалҳо вазифаи ҷонии ҳар як фарди ватандусти ҷумҳурӣ мебошад.