Соҳибкорон, зери таваҷҷуҳи Пешвои миллат-Корманди дастгоҳи Суди иқтисодии вилояти Хатлон Атоев Ё.Б.

Тавре ба ҳамагон маълум аст, санаи 26 декабри соли 2019 Паёми навбатии Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар ироа гардид. Дар Паёми мазкур натиҷаи фаъолияти 27 соли давлатдории мо ҳамчун давлати соҳибистиқлол мавриди таҳлилу таҳқиқ қарор дода шуда, нақшаю амалҳо барои солҳои оянда муқаррар карда шуд. Пешвои миллат дар Паёми худ зарурияти бартараф кардани камбудиҳо ва рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла соҳаи соҳибкориро қайд карда, инчунин вобаста ба ҳар як соҳа дастуру супоришҳои мушаххас низ пешниҳод намуданд.

Албата ҳар як нуқтаи паёми имсолаи  Пешвои миллат барои тамоми мардуми шарафманди Тоҷикистон муҳим буда, тамоми мардуми меҳнатқарини кишвар онро  бо эҳсоси баланди ватандӯстона, бо дарки масъулияти шаҳрвандӣ ва рисолати фарзандӣ пазируфта, барои амалишавии он саъю талош варзида, ҳамсафу ҳамқадами сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат мебошанд.

Мувофиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ, соҳибкорӣ, баробарҳуқуқӣ ва ҳифзи ҳуқуқии ҳамаи шаклҳои моликият, аз ҷумла моликияти хусусиро кафолат медиҳад.Ин меъёри Конститутсия давлатро вазифадор сохтааст, ки ҳуқуқи субъектҳои гуногуни моликиятро якхела ҳимоя намояд, барои инкишофи онҳо шароити якхела фароҳам орад ва фаъолияти онҳоро бо қоидаҳои рафтори ягона ба танзим дарорад, вале тавре Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии хеш қайд намуданд талаботи қонунгузории соҳа аз ҷониби баъзе мақомоти санҷиш на ҳама вақт риоя мегардад.

Нуқтае, ки барои ман ҳамчун мавзӯи муҳиму асосӣ дар Паёми навбатӣ арзёбӣ гардид, ин дастгирии соҳибкорон ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар кишвар мебошад, зеро бисёре аз соҳибкорони тоҷик аз тафтишу санҷишҳои пайвастаи мақомот, аз ҷумла идораи андозу сухторнишонӣ ва «Тоҷикстандарт» шикоят намуда, қайд намуда буданд, ки агар ба зудӣ муносибат ба бахши хусусӣ  ва соҳибкорӣ беҳтар нашавад, тиҷорат натанҳо аз рушд мемонад, балки сармояҳо аз кишвар ба берун хоҳанд рафт.

Бо ин мақсад баҳри бартараф намудани санҷишҳои беассосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ дар давоми ду сол мораторий эълон шуда буд, ки аз он қариб 2000 субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ бархурдор гардида буданд.

Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми навбатии худ қайд намуданд, ки  «Барои тақвият бахшидан ба ин раванд, зарур мешуморам, ки солҳои 2019-2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ манъ карда, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда шаванд».

Ҳамчунин, бо мақсади таъмин намудани риояи дақиқи муқаррароти қонунгузорӣ дар самти мораторӣй аз ҷониби Пешвои миллат ба Прокуратураи генералӣ супориш дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии сармоягӯзорӣ ва идораи амволи давлатӣ нисбат ба масъулони мақомоти давлатие, ки ба фаъолияти соҳибкорон беассос дахолат карда, садди роҳи рушди соҳибкорӣ мешаванд, чораҳои зарурӣ андешанд.

Роҳбари давлат инчунин қайд намуданд, ки «Бо мақсади баланд бардоштани савияи донишҳои ҳуқуқӣ, молиявӣ  ва иқтисодии соҳибкорон, расонидани кумак барои таҳияи лоиҳаҳои тиҷоратӣ ва дарёфти роҳҳои татбиқи онҳо, бахусус, ба субъектҳои соҳибкории навтаъсис ва ҷалби ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ташкил намудани марказҳои хизматрасонӣ, ки дар як вақт вазифаи маркази таълимии соҳибкоронро иҷро мекунанд, чораҳои зарурӣ андешанд».

Дар баробари ин барои бартараф кардани монеаҳои маъмурӣ, таъмин намудани самаранокии хизматрасониҳои давлатӣ ба соҳибкорон ва аҳолӣ ба Ҳукумати мамлакат супориш дода шуд, ки соли 2019 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ»-ро таҳия ва пешниҳод намояд.

Аз ҷониби Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирии минбаъдаи соҳибкорон дар кишварамон «300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ» эълон карда шуд.

  Мақсади асосӣ аз ин пешниҳод боз ҳам ободу зебо гардонидани кишвар,  хубтару беҳтарсозии сатҳу сифати зиндагии мардум, ҷалби соҳибкорони хориҷӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мебошад.

Бояд қайд кард, ки зарурияти бартараф кардани камбудиҳо ва рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, ки дар Паёми мазкур қайд гардиданд, тинҷию амонӣ, пойдории давлат, беҳтарсозии сатҳ ва сифати кору зиндагии халқи тоҷик, миллати тоҷик мебошад. Дар Паёми навбатии Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурияти иҷрои дастуру супоришҳое, ки ба шахсони мансабдор ва мақомотҳое, ки барои иҷрои онҳо вазифадор гардиданд, қайд карда шудаанд, инчунин ҳар як сокини Кишвар ва шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур аст, ки дар иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми мазкур бармеоянд, бетараф набошад ва фаъолона иштирок намояд. Яъне ҳар яки моро зарур аст, ки новобаста аз мавқеамон дар ҷомеа баҳри иҷрои дастуру супоришҳое, ки аз Паёми мазкур бармеоянд, каммари ҳиммат баста, вазифаҳо ва қарзи хизматию шаҳрванди худро софдилона ва бо як масъулияти баланд анҷом диҳем. Боқӣ таманнои онро дорам, ки соли 2019 барои халқи тоҷик соли бобарор бошад, зеро мо тавонем ҳамаи нияту нақшаҳои неки худро амалӣ намоем.