Забони миллат-ҳастии миллат-Корманди дастгоҳи Суди иқтисодии вилояти Хатлон Атоев Ёқубҷон

Пешвои миллат  дар Паёми худ ба муносибати рӯзи забон, 4-октябри соли 2016, ёдовар шуда, гуфтанд:«Тавре таъкид карда будам, «Забон хишти аввалини кохи миллат аст. Таърих гувоҳ аст, ки агар забони миллӣ аз байн равад, миллат ҳам дер ё зуд тафаккури миллии худро аз даст дода, оқибат завол меёбад».

Дар ҳақиқат Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дуруст қайд намуданд, ки «Забон хишти аввалини кохи миллат буда, яке аз рукнҳои асосии давлати миллӣ ва нахуст унсури тафаккури миллӣ мебошад».

Дар ҳақиқат «Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад».

«Забони тоҷикӣ – ин ёдгории маънавии миллиамон, ҳамчун оинаи таърихии деринаи халқамон, инъикосгари урфу одат ва расму анъанаҳои милливу давлатдории мо мебошад.

Хушбахтона, дар асоси нашри 17-уми донишномаи «Мардумшиносӣ: Забонҳои ҷаҳон» («Ethnologue: LanguagesoftheWorld»), ки моҳи марти соли 2016, дар интернет ҷадвалаш нашр шуда буд, дар асоси омори ин ҷадвал маълум шуд, ки дар дунё бо 23 забон, беш аз 60 миллион нафар гап мезадаанд ва забони форсӣ яке аз онҳо будааст:

Агарчи дар замони муосир нисбат ба забони тоҷикӣ (форсии, дарӣ) се истилоҳ ба кор меравад, ин маънии онро надорад, ки онҳо се забонанд.

Тамоми форсизабони фарҳангпарвар, ки дар тамоми гӯшаву канори дунё зиндагонӣ мекунанд, ин се номро бояд азиз доранд ва онро аз якдигар ҷудо нашуморанд. Чунки имрӯз дар арсаи сиёсати дунё ин се вожае, ки як маънӣ дорад барои се кишвари мустақил ба кор меравад. Дар ин ҷо чун далели мантиқӣ метавон чанд сатре аз ҳамон шеъри машҳури шоири хушбаёну ширинкаломи тоҷик устод Муъмин Қаноат ёдовар шавем:

Қанд ҷӯи панд ҷӯи эй ҷаноб,

Ҳарчи меҷӯи биҷу.

Бекарон баҳрест гавҳар беҳисоб,

Ҳарчи меҷӯи биҷу.

Форсӣ гӯӣ, дарӣ гӯӣ варо,

Ҳар чӣ мегӯӣ, бигӯ.

Лафзи шеъру дилбарӣ гӯи варо,

Ҳар чӣ мегӯӣ, бигӯ.

Баҳри ман танҳо забони модарист,

Ҳамчу шири модар аст.

Баҳри ӯ ташбеҳи дигар нест, нест,

Чунки меҳри модар аст.

Дар ҳақиқат барои гузаштагони мо ифтихор аз Ватан ва забон ҳамеша ангезандаи эҳсоси олӣ буда, дар ҳама давру замон аз ҷумлаи мафҳумҳои муқаддастарин арзёбӣ  гардидааст.

Ба ин маънӣ, забони давлатӣ, бешубҳа, таҷассумгари таърихи халқи куҳанбунёди тоҷик мебошад. Зеро забони ҳар қавму миллати дунё ёдгории маънавиест, ки дар тӯли асрҳо ҳамроҳ бо наслҳои худ аз мушкилоту монеаҳои гуногун гузаштааст.»

Халқи тоҷик дар тӯли асрҳо ба ҳуҷумҳои пайдарпайи бодинишинон дучор гардида, сарзамини паҳновари худро, шаҳрҳои таърихиашро аз даст дод, вале бо неруву тавони маънавӣ забони модариашро нигоҳ дошт. Шоири тавоно Бозор Собир ин маъниро дар шеъри «Забони модарӣ» чунин баён карааст:

Ҳар чи ӯ аз моли дунё дошт, дод,

Хиттаи Балху Бухоро дошт, дод.

Суннати волою девон дошт, дод,

Тахти Сомон дошт, дод.

Душмани донишгадояш «Дониш»-и Сино гирифт,

Душмани бесуннаташ «Девон»-и Мавлоно гирифт.

Душмани санъатфурӯшаш санъати Беҳзод бурд,

Душмани бехонааш дар хонаи ӯ ҷо гирифт…

Лек лафзи модариаш ҳамчу номи  модараш

Дар забону дар даҳонаш монд, монд,

Ҳар сухан бо шири модар

Сахт шуд, дар устухонаш монд, монд…

Рӯзи ноободияш тоҷик забон обод кард,

Дар забонаш давлати бедавлатӣ бунёд кард…

Аз сари сад минбар афтоданд нозирҳои ӯ,

То наафтанд аз забони хештан.

Дар сари сад дор ҷон доданд шоирҳои ӯ,

То наафтад бар замин қадри сухан…

Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон

Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.

То забон дорад, ватандор аст ӯ,

То забондор аст, бисёр аст ӯ.

Дар ҳақиқат такрор низ шавад бори дигар қайд мекунам, ки забон яке аз нишонаҳои ҳастии миллат аст. Бинобар ин онро омӯхтан, аз сарватҳои луғавию калимасозӣ, аз имконоти услубии сарфию наҳвии он моҳирона истифода бурда тавонистан, онро аз таъсири забонҳои бегона, лаҳҷаю шеваҳо, алфози омиёна ва дурушт эмин доштан, ба ҳусни он ҳусн зам намудан барои ҳар як фарди ҷомеа, хусусан мо хизматчиёни давлати воҷиб аст.

Дар замони ҳозира, ки барои ҳамаи кишвар глобализатсия, тамаддуншавӣ таҳдид мекунад, забонҳои пурқудрат забонҳои миллатҳои хурдро танг карда, ба нестӣ мебаранд.

Дар дунё солҳои 90-ум, қариб 10 ҳазор забон вуҷуд дошт, ки имрӯз теъдоди онҳо ба 3 ё 3,5 ҳазор забон фаромадааст.

Хушбахтона, миллати мо ҳам тавонист, ки ин ёдгории бемисли худро дар радифи дигар ёдгориҳои маънавии ниёгони худ ҳифз намуда, онро то ба имрӯз обод оварда расонад.

Забони адабии мо, ки дар аҳди Сомониён дар мақоми забони давлатӣ ташаккул ёфтааст, имрӯз дар замони давлатдории навин низ ба ҳайси забони давлатӣ хизмат менамояд.

Вобаста ба ин ҳолат Ассосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомали Раҳмон дар китоби худ бо номи «Забони миллат – ҳастии миллат» дуруст қайд намудаанд, ки “Имрӯз забони тоҷикӣ ба ҳайси забони миллӣ ва давлатӣ дар мақоми забони сиёсат, илму фарҳанг, қонунгузорӣ, равобити дипломатӣ, тиҷорат ва дигар воситаҳои иртибот қарор дорад.

Шояд дар ҷаҳон миллату халқият ва ё қавмеро камтар метавон пайдо кард, ки забони имрӯзаи он бо забони беш аз ҳазору дусадсолааш чунин пайвастагии наздик дошта бошад. Мо забони Рӯдакӣ ва Фирдавсиро, ки аз он даврон то ба кунун дар ҷаҳон ҳамчун забони шеъру шоирӣ маъруф гардидааст, мисли забони имрӯзаи хеш мефаҳмем ва дарк мекунем.

Сад соли ҳукмронии сулолаи Сомониёнро замони ташаккули бунёди забони адабии муосири дарии тоҷикӣ шуморидан мумкин аст. Осори илмию адабии олимону шоирони ин давра Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино ва дигарон намунаи беҳтарини забони ноби бадеию илмии давраи нави забони тоҷикӣ ҳисоб меёбад. Дар ин давра осори бузурги илмиву адабӣ, ки имрӯз шӯҳрати ҷаҳонӣ доранд, офарида шудааст. Яке аз чунин шоҳкориҳои бузург ва намунаи беҳтарини забони ноби тоҷикӣ «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ маҳсуб меёбад. Ҷовидонии «Шоҳнома» пойдориву ҷовидонии забони мост.

Дар ҳақиқат ҳар нафаре, ки забони давлатии тоҷикиро эҳтиром намекунад, хусусан тоҷик бошад, ӯро инсон гуфтан нашояд.Шоири бузурги тоҷик Аскар Ҳаким мегӯяд, ки мо бояд ҳар як маънои калимаи тоҷикро омӯзем.

Лоиқ Шералӣ мегӯяд, ки:-

Бок не, гар доварӣ гум кардааст,

Ё  умеди сарварӣ гум кардааст.

Заҳр бодо шири модар бар касе,

К-ӯ забони модарӣ гум кардааст…

Яъне Лоиқ гуфтааст, ки касе забони модариашро  надонад, шири модар бар ӯ ҳаром аст. Устод Айнӣ мегуфтанд, ки ин забони ноб ва ҷонгудоз аст. Муъмин Қаноат мегӯяд, ки ин забон пур аз меҳру ҷавҳар аст. Фарзона забони модариро ба меҳан монанд мекунаду Гулрухсор ба ҳастии миллат шабоҳат медиҳад.

Имрӯз вақти он расидааст, ки баҳри поку беолоиш нигоҳ доштани забони бузурги тоҷикиямон талош биварзем, ҳамеша дар ёд дошта бошем, ки «забони мо-ҳастии мо»-ст:

Шоир барҳақ мефармояд, ки-

Аз миллату аз забони худ ёд кунед,

Арвоҳи гузаштагони худ шод кунед.

То ҳарф занад ба тоҷикӣ тифли шумо,

Дунёи варо тоҷикӣ бунёд кунед.

Дар охир боз як сухани хеле муҳимми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ёд меорам, ки  таъкид намудаанд: «Вазифаи ҳар як фарди бонангу номус ҳифзу эҳтиром ва гиромӣ доштани забони давлатӣ аст. Зеро бузургтарин вазифаи ҳар фарди худогоҳу ватандӯст, ки бо фарҳангу забони худ эҳтиром мегузорад, поку беолоиш нигоҳ доштани ин ганҷи бебаҳо ва ба наслҳои оянда бегазанд ба мерос гузоштани ин забони шевою шоирона мебошад».