Нақши Истиқлолият дар пешрафти давлати тоҷикон – Муовини раиси Суди иқтисодии вилояти Хатлон Ҷалилзода Х.Р.

Бисту нуҳ сол муқаддам, яъне 9-уми сентябри соли 1991, руйдоди муҳими таърихии сарнавишти миллати тоҷик ба вуқуъ пайвайст ва Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Аз ҳамон вақт то имрӯз ин санаи муборак барои миллати тоҷик иди муқаддас ба шумор меравад. Бо эълон шудани истиқлолияти давлатӣ дар арсаи байналмиллалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр эътироф шуда, бо роҳи бунёди давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд пеш рафта истодааст.

Тули 29 соли Истиқололият бо ташаббус, роҳнамоӣ ва сиёсати хиратмандонаи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди ислоҳоти ҳуқуқӣ тамоми паҳлуҳои ҳаёти чомеаро фаро гирифта, дар ҳамаи соҳаҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардида, мунтазам фаъолияти мақомотҳои давлатӣ таҳкиму рушд меёбанд.

Дастоварди бузургтарини мо дар тули 29 соли истиқлолият ин барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ  дар миёни аҳолии Тоҷикистон мебошад.

Истиқлолият маънои мустақилиятро дорад. Асосан калимаи “Истиқлолият” ба мардум ё давлат мутаалиқ мебошад ва калимаи “Мустақилият” бошад ба ягон фард ва ё вазифаи ин ё он кас.

Истиқлолият доштан маънои онро дорад, ки давлат ё мардум (халқ) новобаста аз қарор ё фикри дигар давлату халқиятҳо хулосаву ҳаракатҳои худро мустақилона қабулу амалӣ месозад.

Истиқлолиятро асосан давлатҳо барои худ бо мақсади ҳифз ва тариқи додани боигарии милливу ҳудудиашон истифода мебаранд. Бояд дарк намуд, ки боигарии миллӣ ин забони миллӣ, шумораи аҳолӣ, иқтисодиёт ва пули миллӣ, фарҳанг, санъат ва ғайраҳо мебошад, ки Тоҷикистони азизи мо давоми 29 соли соҳибистиқлолии худ ба ҳамаи ин самтҳо ноил гардидааст. Ҳамчун тавассути Истиқлолият, Тоҷикистон тоҷикони ҷаҳонро ба ҳам овард ва дари худро ба ҳаммиллатони бурунмарзӣ боз намуд.

Дар ҳақиқат, имрӯз дар фазои Истиқлолият ва сулҳу субот кулли ҷомеа сарбаландона ҳаёт ба сар мебаранд. Аз оромию осудагӣ шоирон шеъри сулҳ мегуянду ҳунармандон суруди сулҳу ваҳдат месароянд. Пас ҳамин аст истиқлолият ва озодӣ.

Ҳар яки мо вазифадор ҳастем, ки ҳама гуна амалҳои ба зиндагии осоиштаи мардуми тоҷик таҳдидкунандаро маҳкум ва пешгирӣ намуда, ба талошҳои созанда, дастовардҳои фарҳангӣ ва оинҳои халқу миллати худ эҳтиром гузорем.

Бояд қайд намуд, ки  дар даврони Истиқлол инчунин мақомоти судии кишвар низ ба мазмуни воқеии шохаи мустақили ҳокимият ноил шуда истода, он тадриҷан зина ба зина бо такмилу таҳкими қонунгузории соҳа ва амали гардидани чорабиниҳои дар Барномаи ислоҳоти судӣ – ҳуқуқи пешбинигардида тақвият меёбад.

Дар ҳақиқат фазои озодиву сулҳу осоиштагӣ ва ваҳдату ягонагист, ки имрӯзҳо мо озодона дар тамоми ҷанбаҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа озодона  кору фаъолият менамоем.

Аз ин хотир ҳар яки мо уҳдадор мебошем, ки пайваста баҳри таҳкими ваҳдати миллӣ, пойдории сулҳу субот ва рушду нумуи давлати соҳибихтиёри худ саъю талош намоем.

Дар охир аз фурсати муносиб истифода бурда, мехоҳам тамоми халқи тоҷикро ба муносибати 29-солагии истиқлолияти давлати Тоҷикистон табрик намуда, ба онҳо тансихатӣ, сарбаландӣ ва тинҷию осудагии кишварамонро орзу намоям.

Истиқлолияти давлати тоҷикон то абад устувор бимонад.