Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва эҳёи миллат- cудяи Cуди иқтисодии вилояти Хатлон Одиназода Ҷ.Х.

Барои ҳар як миллат истиқлолият азизу неъмати бебаҳост. Дар ин маврид Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд мекунад, ки “Истиқлолият неъмати бисёр азиз ва ширину ба ҷон баробар аст. Ҳар миллату ҳар давлат барои он мубориза мебарад, зеро истиқлолият ифтихор, осоишу оромӣ, ормонҳои накукорию сари баландӣ ҳар як шаҳрванд мебошад”.

Барои мардуми тоҷик низ ин неъмати бебаҳои таърих шоҳроҳи эҳёву шукуфонро боз намуд. Тоҷики асри XX ва аввали асри XXI собит намуд, ки вориси арзандаи гузаштагони шарафманди худ аст, зеро мардуми мо аз азал таҳаммулпазир, сулҳхоҳ, ваҳдатофарин ва созанда мебошад. Сомониён, дар тули зиёда аз 100 сол тамаддуне офариданд, ки роҳи ҳазорсолаи халқҳои Осиёи Марказиро равшан кард.

Истиқлолияту пирӯзии тоҷикон низ оғози умедбахши ин парвози истеъдоду фитрати азалии халқ аст. Руҷуъи насли имрӯз ба таърихи давлати сомону дигар аҷдоди пуршараф беҳуда нест, зеро он замон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ падидаҳое ба зуҳур омаданд, ки ба пояи истиқлол ва давлатдорӣ истеҳком бахшиданд. Имрӯз низ ин падидаҳо бо мазмуну муҳтавои тозаи замонавӣ зуҳур меёбанд ва заминаи истиқлолу рушдро густариш мебахшанд.

Озодиву истиқлол барои ҳар миллат дастоварди муқаддас ба шумор мераванд. Миллати тоҷик дар тули садсолаҳо бо ормони давлати мустақили миллӣ зиндагӣ ба cap мебурд ва тули ин ҳама даврони тулонӣ ҷони садҳо фарзандони содиқу меҳанпарасташро аз даст додааст. Ҳазорон шукр, ки мо имрӯз давлати миллии худ худро дорем ва бо азму талоши мардуми ватандӯст онро аз сол ба сол бо меҳнати созанда ва талошҳои ҳастинопазир ба ояндаи босаодат раҳнамун месозем. Ҳақиқати таърихӣ ва сабақе, ки дар оғози истиқлолияти Ватанамон бардоштаем, нишон медиҳанд, ки ҳифзи дастоварди истиқлол мушкилтар аст. Чун истиқлоли давлатии Тоҷикистон як ҷузъи ҳақиқати зиндагии ҳамагонаи мост, мо на ҳамеша бар ин нуқта фикр мекунем, ки агар кор ба тарзи дигар сурат мегирифт, аҳволи мо чӣ мешуд?

Барои миллати тоҷик дар охирин асри бистум, ки он вақт Тоҷикистон қадамҳои нахустинашро дар ҷодаи соҳибистиқлолӣ мегузошт ва бо хатари нобудшавии давлат ва миллат рӯ ба рӯ омад, ниёз ба чунин шахсияти наҷотбахш ва товоно ба миён омад.

Хизмати бузурги Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди миллати шарифи Тоҷикистон ва таърихи миллат дар он аст, ки ин шахси сиёсатмадори дурандеш дар шароити печида ва мураккаби муноқишаҳои ҳамватанӣ ва бақои давлатро аз парешонӣ ва фано шудан ҳифз намуд.

Баъд аз нисбатан ором гаштани вазъи сиёсиву иҷтимоӣ дар кишвар аввалин марҳилаи ислоҳоти конститутсионӣ, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 20 июли соли 1994 ба он замина гузошт, оғоз гардид. Бо ташкили Комиссияи Конститутсионӣ ва роҳбари Комиссия интихоб гардидани Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи таърихии эҷоди Конститутсия ба души Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд ва у ин вазифаи муҳимро, чун ҳама кореро, ки дар он замон анҷом медод ва то имрӯз анҷом медиҳад, бо дарки масъулияти бузург дар пеши наслҳои имрӯз ва ояндаи Ватан ба иҷро расонид. Имрӯз бо итминон метавон гуфт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фарогирии арзишҳои демократӣ ва умумибашарӣ дар қатори беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон қарор дорад.

Тоҷикистон ба Конститутсияи давлатӣ бо сохти ҷумҳуриявие ниёзманд буд, ки тавонад посухгӯи марҳалаи таъмини сулҳу субот дар кишвар бошад ва Тоҷикистонро ба сафи мамлакатҳои тараққикарда бозгардонад. Дар ҷараёни эҷоди Конститутсия, Сарвари давлат, дар баробари омӯхтани таҷрибаи давлатҳои собиқадори дерини усули демократии идораи ҷомеа ва бо сармашқ намудани арзишҳои умумибашарии озодиву истиқлол, хусусиятҳои хоси миллати тоҷик ва миллатҳои муқими Тоҷикистонро дар мадди назар нигоҳ медошт. Дар моддаи 17 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Ҳама дар назди қонун ва суд баробаранд. Давлат ба ҳар кас, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсил ва молу мулк, ҳуқуқу озодиҳоро кафолат медиҳад”.

Маҳз бо пешниҳоди Президенти Кишвар дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати мо давлати иҷтимоӣ муайян шудааст ва ин чунин маъно дорад, ки фаъолияти давлат барои баровардани эҳтиёҷоти аслии шаҳрвандон ва ба таъмини зиндагии шоистаи мардуми кишвар нигаронида шудааст. Дар банди дуввуми моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ин таъиноти муҳим чунин дарҷ гаштааст: “Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар як инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад.

Баъд аз шаш моҳи кори пурзаҳмат пешнависи Конститутсия дар рӯзномаҳо чоп шуда, барои муҳокима ба мардум пешкаш гардид. Муҳокимаи умумихалқӣ, ки дар тули се моҳ апрел, май ва июни соли 1994 дар саросари кишвар ҷараён гирифт ва дар он одамони касбу кори гуногун ширкат варзиданд, собит намуд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ҷонибдори давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ ҳастанд. Ин маърака равшан сохт, ки халқи Тоҷикистон аз лиҳози маънавӣ, сатҳи маърифати ҳуқуқӣ ва бо дарки масъулият баҳри таҳкиму пойдор гардонидани давлати миллии хеш барои баргузоркунии ислоҳоти конститутсионӣ омодааст.

Президенти Кишвар бо истифода аз салоҳияти худ ва бо такя ба меъёрҳои Конститутсия дар роҳи танзими вазъи сиёсию иҷтимоӣ иқдомҳои густурда анҷом дод. У муваффақ шуд, ки дар баробари мустаҳкам кардани ғояҳои давлатдорӣ, ташкили мубориза бо ҷинояткорӣ, ислоҳоти сиёсӣ ва ҳуқуқиро идома дода, сулҳу ризоиятро дар ҷомеа пойдор намояд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари содиқ ба арзишҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон, шумораи зиёди паймонҳо ва конвенсияҳои байналмилалии марбут ба ҳуқуқи инсонро, ба монанди Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ, Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон, Конвенсия зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмонаи ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак ва дигар асноди муҳим имзо кардааст.

Дар мувофиқат бо раванди таҳкими демократия, дастгирии ҷараёни густариш ва назорати риояи ҳуқуқи инсон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони кафили ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон иқдом намуд, то Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия ва қабул гардад. Дар пайвастагӣ бо Қонуни мазкур, ки 4 апрели соли 2008 ба тасвиб расид, Президенти Кишвар бо фармони худ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсонро таъин намуд. Таъсиси чунин дастгоҳ баёнгари он аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи тавсеаи ҳуқуқи инсон қадамҳои устувор мегузорад ва таъмину ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро аз афзалиятҳои муқаддамтарини сиёсати давлатӣ ҳисоб мекунад.

Бо ҷамъбасти даврони гузашта бо итминон метавон гуфт, ки дар ин муддати кутоҳи таърихӣ дар роҳи таҳкими рукнҳои давлати воқеан соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоии Тоҷикистон иқдомҳои муассир ба вуқуъ пайвастаанд, самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии давлат бо ба инобат гирифтани манфиатҳои миллӣ, муайян шуданд. Дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, барномаҳои густурдаи рушду густариш амалӣ мегарданд. Дар баробари ин, вазъи бесуботи ҷаҳони муосир, буҳронҳои фарогири иқлимиву молиявӣ моро водор месозанд, ки ба хотири ободиву шукуфоии Ватан ва баҳри ба насли ҷавони имрӯз ва наслҳои оянда омода сохтани шароити зиндагии шоиста фаъолияти пурсамар намоем, то ин ки онҳо тавонанд анъанаҳои арзишманди миллии халқамонро идома диҳанд.

Имрӯзҳо мо дар арафаи ҷашн гирифтани 29 солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Аз файзу баракати истиқлолияту соҳибихтиёрӣ ва ваҳдати миллӣ мардуми мо дар шоҳроҳи рушди устувор бо эътимоди комил ба имрӯзу фардои Ватани азизамон қадам мезанад. Дар ин рӯзи фараҳбахш мардуми шарифи Кишварро муборакбод намуда, саломативу сарбаландӣ, саодати рӯзғор, зиндагии хушу хуррам ва дар Ватани азизамон Истиқлолияти ҷовидониро орзу менамоям.