Ӯ аст наҷотбахши миллат, ифтихори тоҷикистониён- судяи Суди иқтисодии вилояти Хатлон Н. Сафарзода

Сараввал мехоҳам аз таърих ёдовар шавам, зеро аз асарҳои то ба мо омада расида маълум аст, ки давлатдории тоҷикон ҳазорсолаҳо пеш арзи вуҷуд доштааст. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ, ҳудуди давлати Сомониён 2, 850, 000 километри мураббаъ буда, 10 000 000 аҳолӣ доштааст. Ҳудуди давлати Сомониён қисман давлатҳои Қазоқистон, Туркманистон, Қирғизистон, Эрон, Афғонистон, Ӯзбекистон ва Тоҷикистони кунуниро дар бар мегирифтааст. Имрӯз аз ин ҳудуди ниҳоят калон ба мо ҳамагӣ 143 000 километри мураббаъ ба мерос мондааст, ки инро ҳам дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ душманони миллати тоҷик мехостанд аз байн баранд. Шукр, дар ҳамон давраҳои ҳассоси вазнин Худованди бузург барои миллати мо шахсиятеро овард, ки ин давлати ҷавонро аз вартаи ҳалокату нестшавӣ наҷот дод. Ин шахсияти нотакрор Пешвои мо Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

Сифрҳои дар боло овардашударо бояд ҳар як фарзанди тоҷику тоҷикистонӣ донад ва қиёс кунад, ки аз давлати бузурги тоҷикон – Сомониён ба мо чӣ миқдор замин ва ҳудуд боқӣ мондааст.

Миллати мо шаш нафар фарзандони фарзонаи худро қаҳрамон эълон намуд, ки исмашон ба ҳама маълум аст ва корнамоиҳои онҳоро мо аз асарҳои таърихӣ медонем. Дар бораи ҳар яки онҳо нависандагону шоирон тариқи насру назм асарҳо эҷод кардаанд ва карда истодаанд. Ман ҳамчун як фарди тоҷик бо ифтихор гуфта метавонам, ки корнамоиҳо, қаҳрамонии фарзанди фарзонаи тоҷик Эмомалӣ Раҳмонро ба чашми худ дидаам ва дар он давра донишҷӯ будам.

Дар Тоҷикистони мо албатта, миллатҳои гуногун зиндагонӣ мекунанд ва дар замони ҷанги шаҳрвандӣ фазои Тоҷикистонро як ноумедие фаро гирифта буд, ки халқи он аз боқӣ мондани давлат ва пойдор шудани сулҳ дар мамлакат умед надоштанд. Баъди ба сари қудрат омадани Эмомалӣ Раҳмон ва ташкил намудани ҳукумати нав, даъват намудани тарафҳои даргир ба сулҳу салоҳ, ба ватан баргардонидани гурезаҳои иҷборӣ аз давлатҳои ҳамсоя,  дар симою рӯҳи миллати тоҷик як умеди нави зиндагӣ пайдо шуд. Сарвари давлати мо тавонистанд мардуми парешони тоҷикро ҷамъ оваранд, амнияти давлату миллатро таъмин намоянд. Имрӯз мо, халқи Тоҷикистон бояд такя ба ақлу хиради худоди худ намуда, зиракии сиёсиро аз даст надода, кӯшиш намоем, ки оромию суботи кишвари худро аз даст надиҳем.

Қаҳрамонии ин марди бузургро на танҳо сокинони Тоҷикистон баҳо додаанд, он аз тарафи аҳли башар, аз ҷумла, аз ҷониби собиқ Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид Кофе Анан, Дабири кулли Созмони Миллали Муттаҳид Гутериш, нависандаи қирғиз Чингиз Айтматов, нависандаи доғистонӣ Расул Ғамзатов, қаҳрамони Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд ва дигарон пазируфта, баҳои олӣ дода шуда, инчунин, аз ҷониби Созмони Миллали Муттаҳид ҳамчун таҷриба барои давлатҳои ҷангзада пешниҳод шудааст. Вобаста ба қаҳрамониҳои ин абармарди миллат филми мустанаде бо номи “Марди роҳ” офаридаанд, ки корнамоиҳои Қаҳрамони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба таври равшану возеҳ таҷассум менамояд ва бояд филми мазкур дар мактабҳои миёна, миёнаи махсус, донишкадаҳою донишгоҳҳо намоиш дода шавад, зеро агар шахс таърихи давлати миллату халқи худро надонад, ба қадри давлату миллат ва хоку сарзамини худ намерасад. Мардуми шарифи Тоҷикистон қаҳрамонии ин абармарди миллатро эътироф ва ҷонибдорӣ намуда, ӯро ҳамчун Пешвои миллати худ эълон доштанд, ки воқеан ҳам тасмими саривақтӣ ва арзанда аст.