ЧИЛУЧОРЧАШМА

Чилучорчашма яке аз мавзеъҳои маъруф ва сайёҳии Тоҷикистон ба шумор рафта, аз давраҳои қадим ба мардум маъруф мебошад.  Чашма дар қисми ҷанубии Тоҷикистон, дар ҳудуди маъмурии ноҳияи Носири Хусрави вилояти Хатлон ҷойгир мебошад. Аз маркази шаҳри Душанбе то Чилучорчашма 230 км, аз маркази вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар 120 км ва аз маркази ноҳияи Носири Хусрав 7 км роҳро ташкул медиҳад. Мавзеъи Чилучорчашма дашти ҳамвор ва васеъ буда, дар қисми шимолии он теппаи начандон калон ҷойгир мебошад. Табиати ин мавзеъ гарму хушк буда, дар тобистон ҳарораташ ба 40 дараҷа мерасад.  Ин минтақа дар ҳавзаи дарёи Кофарниҳон ҷойгир буда, бо номҳои «Чашма», «Чашмаҷон» ва «Чилучорчашма» дар байни мардум маълуму маъруф мебошад. Чашма дорои боигариҳои зиёди табиат буда, аз дарахту гиёҳҳои гуногун, моҳӣ, мору мурғобӣ ва дигар ҳайвоноти нодир, ки боигарии ҳақиқии ин мавзеъ ба ҳисоб мераванд, бой мебошад.

Таркиби оби Чилучорчашма аз минералҳои табии бой буда, 16 намуд минералҳоро доро мебошад. Он аз чилучор чашма иборат буда, ҳабдаҳтои он шифобахш аст. Ҳаркадоми онҳо дорои номи хоси худ буда, ба бемориҳои гуногун, аз ҷумла: Рехтани мӯйисар, Хуни бинӣ, Устухондард, Табларза, Фишори хун, Сардард, Бефарзандӣ, Гурда, Дил, Ҷигар, Чашм, Гуш ва ғайра даъво мебошад.