Мурғи хушбахтӣ шавад ҳамболи мо-судяи Суди иқтисодии вилояти Хатлон Давлатзода Т.Ш.

Ҳафтаи оянда мардуми Тоҷикистон яке аз санаҳои таърихӣ – Иди Ваҳдати миллиро ҷашн мегирад. Ваҳдат ба тоҷикон оромию осоиштагӣ ва муҳимтар аз ҳама дар қалби онҳо умед ба ояндаи некро ба вуҷуд овард. Маҳз бо шарофати дастфишорӣ ва дасти ҳам гирифтани ҷонибҳои мухолиф имконият пайдо шуд, ки вазъи ҷомеа муътадил шавад. Ин ҳолат ба пешрафти тамоми бахшҳои хоҷагии халқи кишвар мусоидат намуда, боиси беҳбудии шароити зиндагии мардум гардид. Ваҳдату якдигарфаҳмии мардуми тоҷик, ҳамзамон боиси он шуд, ки шаъну эътибор ва мақому манзалати ҷумҳурии дар он давра тозаистиқлоли Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ боло равад. Маҳз ҳунари сулҳофарии миллати тоҷик то кунун мавриди омӯзиши ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор гирифтааст.

Мардуми Тоҷикистон аз соли 1997 инҷониб ҳамасола санаи фархундаву сарнавиштсози 27-уми июнро бо шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлатӣ, давлатдории миллӣ, сулҳу суботи пойдор ва дарки масъулияти баланд қайд мекунанд. Ин санаи таърихӣ дар баробари Истиқлолият нерӯи густаришдиҳандаи давлати соҳибистиқлол буда, омӯхтани сабақи сулҳсозӣ ва эътирофи фарҳанги сулҳофарии тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ифтихори миллати мост.

Мавриди зикр аст, ки имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллии Тоҷикистон, ки 27-уми июни соли 1997 дар шаҳри Маскав сурат гирифт, на танҳо ба кашмакашиҳои дохилӣ дар кишварамон хотима гузошт, балки он дар таъмини сулҳу субот, тақвияти Ваҳдати миллӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ташаккули арзишҳои миллӣ ва умумибашарӣ, раванди созандагию ободонӣ ва рушди устувори иқтисодиёти миллӣ заминаи боэътимод гузошт.

Тавре аз сарчашмаҳои тадқиқотии ҷанги шаҳрвандии солҳои навад дар Тоҷикистон бармеояд, фишорҳои дохиливу хориҷӣ ба раванди давлатдории навини тоҷикон таъсири манфӣ мерасонданд. Маҳз дар чунин шароити мухолифатҳои бошиддат асосҳои сохтори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфтанд. Давлати навтаъсис дар як замон вазифаҳои ташкили механизми сиёсӣ, ба вуҷуд овардани фазои ҳуқуқи идораи соҳаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, таъмини тартиботу бехатарии ҷамъиятӣ ва дар айни замон ҳимояи Истиқлолиятро ба уҳда дошт. Новобаста аз вазъияти баамаломада сиёсати дуруст ва фаъолияти бобарори роҳбарияти давлат дар муддати нисбатан кӯтоҳи таърихӣ оташи ҷанги дохилиро хомӯш карда, вазъи сиёсии мамлакат ба эътидол омад.

Бо вуҷуди ҳама мушкилоти он давра мо тавонистем пайванди ҷомеаи худро бо ҷаҳони мутамаддин, ки ҷавҳар ва асли онро низоми демократӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ташкил медиҳанд, таъмин намоем.

Таърих исбот намудааст, ки Истиқлолияти комил ва рушди ҳамаҷонибаи ҳар як давлат, пеш аз ҳама ба таъмини вазъи муътадили сиёсӣ ва амнияти иҷтимоии ҷомеа алоқаманд аст. Аз ин нуқтаи назар, соҳибдавлатӣ ва ягонагии он ҷомеа ҷовидон хоҳад буд, ки Ваҳдати миллӣ дар он торафт густариш ёфта, бо муттаҳидии ҷомеа ҳадафҳои созандаи давлативу миллӣ татбиқ мешаванд ва ин раванд ба рушду таҳкими тамоми соҳаҳо мусоидат мекунад. Чунонки гузашти солҳо нишон медиҳад, дар заминаи татбиқи босамари раванди сулҳ ва вусъати фазои боварӣ ба ҳамдигар Тоҷикистон дар чанд соли охир ба самти нави рушд қадам ниҳода, сол то сол дар тамоми соҳаҳо – сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ дастовардҳои арзишманд ба чашм мерасанд, ки албатта, ин раванд ба нуфузи байналмилалии Тоҷикистон низ таъсири мусбат расонид. Дар як давраи кӯтоҳ Тоҷикистон аз кишвари ҷангдида ба мамлакати сулҳофар табдил ёфта, бо кишварҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ робитаҳои дипломатию корӣ барқарор намуд, ки ба рушди соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла таъмини шароитҳои ҷалби сармоя, бунёди корхонаву коргоҳҳои нав ва ба ин васила таъмин намудани аҳолӣ бо ҷойи кор, бунёди роҳҳову нақбҳо ва баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва амсоли инҳо заминаҳои устувор гузошт.

Маврид ба зикр аст, ки сулҳи тоҷикон ба осонӣ ба даст наомадааст, зеро баъд аз 21 вохӯрию музокироти тарафҳои мухолиф, ки дар зарфи қариб чор сол дар шаҳрҳои Кобул, Бишкек, Алмаато, Ашқобод, Теҳрон ва Маскав баргузор гардиданд, санади тақдирсоз ба имзо расид, ки он аз хиради азалии тоҷикон дар шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад. Ваҳдати миллӣ, ки ҳузури мубораки он имрӯз дар саросари кишвари азизи мо ҳукмфармост, симои Сарвари давлатро ҳамчун меъмори сулҳу ваҳдат, бунёдгузори фарҳанги мусолиматомезӣ ва давлати навини тоҷикон дар асри нав нишон дода, бори дигар дар шакли комил ва мантиқан асоснок фалсафаи ҷовидонаи мардуми ориёнажод – рафтори нек, гуфтори нек ва кирдори некро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.

Дарвоқеъ, миллати тоҷик таҳаммулпазирӣ ва иттифоқ будани худро нишон дода тавонист. Тоҷикистон имрӯз низ бунёди ҷомеаи сулҳпарварро идома дода, таҷрибаву роҳҳои мусолиматомезро ба кишварҳои дигар тавсия медиҳад, ки саҳми назаррас ва арзандаи миллати тоҷик дар суботи ҷомеаи ҷаҳонист. Аз ин рӯ, тақвияти Ваҳдати миллӣ, истеҳкоми пояҳои давлатдорӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ дар шароити феълии раванди сиёсии ҷаҳон ва вазъи амнияти ҷаҳону минтақа бисёр муҳим аст. Албатта, дар баробари унсурҳои дигар таҷлили бошукӯҳи иди Ваҳдати миллӣ низ ба пойдории давлати соҳибистиқлол ва рушди бемайлони он пайванд аст.

Имрӯз мо бо итминони комил гуфта метавонем, ки миллати тоҷик садоқати Сарвари давлат ва густаришу равнақи бунёдкориву ободсозии кишварро ҳамаҷониба эҳсос намуда, ба ин ҳақиқат бовар дорад, ки Тоҷикистон рӯз то рӯз дар тамоми ҷодаҳо рушд карда, ободу зебо мегардад ва миллати тоҷик шоистаи зиндагии арзанда ва комёбиҳои нав мешавад.

Таманнои онро дорем, ки ҳар як соли сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ барои мардуми тоҷик соли пешрафт, дастовардҳои нави иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангиву сиёсӣ гардида, барои афзудани нуфузу эътибори кишвари азизамон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мусоидат намояд.